Раҳбари "Ҷабҳаи нусрат" бо Алқоъида эъломи байъат кард

Раҳбари "Ҷабҳаи нусрат" дар Сурия гурӯҳе муташаккил аз мухолифони мусаллаҳи исломгаро бо Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари Алқоъида эъломи байъат кардааст.
Баёнияи Абумуҳаммад Ҷавлонӣ як рӯз пас аз он содир шуд, ки Алқоъидаи Ироқ эълом кард, ки бо "Ҷабҳаи нусрат" идғом шудааст.
Раҳбари "Ҷабҳаи нусрат" гуфтааст, ки бо ӯ дар бораи ин идғом машварат нашудааст.
Абумуҳаммад Ҷавлонӣ таъкид кард, ки "Ҷабҳаи нусрат" сиёсатҳояш дар мавриди Сурияро тағйир нахоҳад дод
Аз "Ҷабҳаи нусрат" ба унвони "созмонёфтатарин, таҳоҷумитарин" нерӯи мухолифон алайҳи Башор Асад ёд мешавад.
Иёлоти Муттаҳида "Ҷабҳаи нусрат"-ро дар феҳристи созмонҳои теруристӣ қарор дод ва гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Фаронса низ қасди чунин кореро дорад.
"Ҷабҳаи нусрат" муттаҳам шуда, ки чандин бор даст ба бумбгузориҳои интиҳорӣ дар Сурия задааст.
Рӯзи гузашта Абубакр Бағдодӣ, раҳбари "Амороти исломии Ироқ", ки шохаи Алқоъида дар Ироқ ба шумор меравад, гуфт, ки гурӯҳаш ба "Ҷабҳаи нусрат" мепайвандад. Ба гуфтаи ӯ номи ҷадиди гурӯҳ "Аморати исломӣ дар Ироқ ва Шом" хоҳад буд.
Раҳбари "Ҷабҳаи нусрат" гуфт, ки хабари ин идғомро танҳо аз тариқи расонаҳо шунидааст.
