Имдодрасонони Созмони Милал хостори иқдоми фаврӣ дар мавриди Сурия шуданд

  • 16 Апрел, 2013
Image caption Раисони ниҳодҳои имдодрасонии Созмони Милал хостори иқдоми фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди Сурия шудаанд

Раисони ниҳодҳои имдодрасонии Созмони Милал хостори иқдоми фаврии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди Сурия шудаанд.

Рӯзи сешанбеи 16 апрел матни баёнияи муштараки раисони панҷ ниҳоди масъули иқдомоти башардӯстона ва имдодрасонии вобаста ба Созмони Милал интишор ёфт, ки дар он аз ҷомеъаи байналмилалӣ хостаанд, то "барои мутаваққиф кардани зулму куштор дар Сурия" даст ба иқдом бизананд ва ҳушдор доданд, ки дар шароити кунунӣ эҳтимол дорад идомаи кумакрасонӣ ба мардуми Сурия базудӣ номумкин шавад.

Ин баёнияро Волерӣ Имус, дастёри дабири кулли ҳамоҳангкунандаи имдодрасонии изтирорӣ, Арторин Козин, мудири иҷроии Барномаи Ғизои Созмони Милал, Онтунию Готрис, кумиссари олии оворагони Созмони Милал, Онтунӣ Лик, мудири иҷроии Сандуқи Кӯдакони Созмони Милал, ЮНИСЕФ, ва Моргорет Чон, мудри кулли Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ имзо кардаанд.

Дар ин баёния омадааст, ки "ниёзҳои мардуми Сурия рӯ ба афзоиш аст дар ҳоле ки имконоти мо ба далели шароити амниятӣ ва маҳдудиятҳои дигар дар Сурия ва ҳамчунин камбуди манобеъи молӣ рӯ ба коҳиш аст ва ба ин тартиб замони таълиқи ироаи хадамоти башардӯстона мумкин аст бисёр наздик бошад ва шояд зарфи чанд ҳафта фаро бирасад."

Имзокунандагони ин баёния бо ишора ба ин ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ононро "масъули бар дӯш кашидани ҳазинаи инсонии ин фоҷиъа " кардааст, навиштаанд: "Мо ҳам аз раҳбарони сиёсии ҷаҳон мехоҳем то онон низ ба масъулияти худ дар баробари мардуми Сурия ва ояндаи минтақа амал кунанд."

Image caption Буҳрони Сурия даҳҳо ҳазор танро кушта ва ҳазорон хонаро вайрона кардааст

Дар ин баёния аз "раҳбарони зирабти" ҷаҳон хоста шудааст, то "пеш аз он ки дар минтақае, ки ба марҳилаи буҳрон расида, садҳо ҳазор нафари дигар хонаҳо, зиндагӣ ва ояндаи худро аз даст бидиҳанд, нуфузи ҷамъии худро ба кор гиранд ва бар ёфтани роҳи ҳалле сиёсӣ барои ин буҳрони ҳавлнок исрор варзанд."

Иқдоми муштараки раисони панҷ ниҳоди имдодрасонии Созмони Милал зоҳиран талоше барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба буҳроне аст, ки ба гуфтаи манобеъи Созмони Милал то кунун ҳафтод ҳазор кушта барҷой ниҳода ва ҳудуди панҷ милюн нафар аз мардуми Сурияро аз хонаҳояшон овора кардааст ва садҳо ҳазор нафарро водор сохта дар кишварҳои ҳамҷавор паноҳ гиранд.

Дархост барои "таваққуфи зулму куштор"

Дар ин баёния омадааст, ки "пас аз ин ҳама мусибат ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни давлатҳо ва тарафҳо зирабт эҳсоси фаврияти лозим вуҷуд надорад, то битавон зулму куштор дар Сурияро мутаваққиф кард."

Image caption Чанд ҳазор тан аз мардуми Сурия дар дохилу хориҷ аз он кишвар овора шудаанд

Буҳрони сиёсии Сурия беш аз ду сол пеш ва ба унвони бахше аз ҳаракати эътирозии минтақаи Ховари Миёна ва Шимоли Офриқо мавсум ба "баҳори арабӣ" ва бо баргузории тазоҳуроте барои дархости ислоҳоти сиёсӣ ва мубориза бо фасод дар ташкилоти ҳукуматии он кишвар оғоз шуд.

Дар оғози ҳаракати эътирозӣ бисёре аз мухолифони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурӣ ва ҳатто теъдоде аз давлатҳои ғарбӣ интизор доштанд, ки вай ба ваъдаҳои қаблии худ барои анҷоми ислоҳот амал кунад, аммо давлати Сурия бо эъзоми воҳидҳои низомӣ дар садади ҷилавгирӣ аз идомаи тазоҳурот баромад.

Дар пайи ин иқдом гурӯҳе аз низомиён бо фирор аз хидмат нерӯе мавсум ба "Артиши озоди Сурия"-ро ташкил дода ва эълом карданд, ки ҳадафи онон ҳимоят аз тазоҳуроти ғайринизомиён дар баробари ҳамалоти нерӯҳои артишӣ аст.

Дар моҳҳои баъд даргирии байн нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони мусаллаҳ шароити ҷанги дохилиро дар Сурия эҷод кард, дар ҳоле ки гузоришҳое аз ҳузури гурӯҳҳои исломгарои ифротӣ дар саҳнаи амалиёт низ интишор ёфтааст.

Дар ҳамон ҳол, ихтилофи назар байни қудратҳои ҷаҳонӣ дар ҳимоят аз ҳукумат ва мухолифони ҳукумати Башор Асад монеъ аз иқдоми қотеъи байналмилалӣ барои поён додан ба ин буҳрон шудааст, дар ҳоле ки ҳукумати Сурия бар идомаи зимомдории оқои Асад таъкид дорад ва мухолифон бо эъломи ин ки ба ваъдаҳои ӯ эътимоде надоранд, танҳо роҳи ҳалҳоеро қобили қабул донистаанд, ки шомили канорагирии Башор Асаад бошад.

Матолиби муртабит