Омрико 'эҳтимол медиҳад' Сурия силоҳи шимиёӣ ба кор бурдааст

  • 26 Апрел, 2013
Image caption Сурия ҳам мухолифонро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ муттаҳам кардааст

Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ки созмонҳои иттилоъотии ин кишвар бар ин боваранд, ки артиши Сурия ба эҳтимоли зиёд дар абъоди кучак аз силоҳҳои шимиёӣ истифода кардааст.

Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико ҳам аз ду ҳамлаи шимиёӣ тавассути Сурия хабар додааст.

Ҳамсадо бо омрикоиҳо, вазорати хориҷаи Бритониё ҳам гуфта, ки иттилоъоти "маҳдуд аммо маҳкамӣ" дорад, мабнӣ бар ин ки дар Сурия силоҳҳои шимиёӣ, аз ҷумла "сорин" истифода шудааст.

Оқои Ҳейгл, ки аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидан мекунад, гуфт, ки ин гумон вуҷуд дорад, ки аз гози сорин аалайҳи мухолифон истифода шуда бошад.

Силоҳҳои шимиёии Сурия

Ҷамъбандии Созмони иттилоъоти марказии Омрико, СИО, ин аст, ки Сурия барои солҳо барномаи силоҳҳои шимиёӣ доштааст. Ба гузориши онҳо, "давлати Сурия зарродхонаи шимиёӣ дорад, ки метавонад онҳоро бо мушак ё бо ҷангандаҳояш ё ҳатто хумпора шиллик кунад."

Бино ба гузориши СИО, артиши Сурия гози хардал ва сорин дорад. Сорин як таркиби шимиёии саммӣ аст, ки рӯйи системи аъсоб асар мегузорад, Ироқ дар ҷараёни ҷанг алайҳи Эрон аз он истифода карда буд.

Дар ин гузориш омада, ки Сурия қасд дошта, то гозҳои саммии бештареро тавлид кунад. Аз ҷумла гози аъсоби дигаре ба номи "Ви икс".

Ин гузориш, ки бо ҳамкории созмонҳои иттиилоъотии Туркия, арабҳо ва кишварҳои ғарбӣ таҳия шуда, ҳокӣ аз ин аст, ки зарродхонаи шимиёии Сурия болиғ бар ҳазор тун аст ва дар 50 шаҳри ин кишвар анбор шудааст.

Сурия узви кунвонсиюни силоҳҳои шимиёӣ ва кунвонсиюни силоҳҳои саммӣ ва биқулужикӣ нест.

Ба гуфтаи оқои Ҳейгл аз ин таслиҳот ба таври маҳдуде истифода шудааст.

Ӯ ба макон ва замони корбурди ин таслиҳот ишора накард. Бо ин ҳол оқои Ҳейгл гуфт: "Ин иқдом нақзи тамоми кунвонсиюнҳои ҷангӣ аст."

Мақомҳои давлати Омрико борҳо ба ҳукумати Башор Асад дар бораи табаъоти корбурди силоҳҳои шимиёӣ ҳушдор додаанд.

"Хатти қирмиз"

Борок Убомо шаш моҳ пеш гуфта буд, ки истифода аз силоҳи шимиёӣ метавонад вокуниши низомии Омрикоро дар пай дошта бошад.

Бино ба номае, ки Кохи Сафед ба сенотурҳои саршинос фиристода, илова бар матолиби унвоншуда, омада, ки наметавон ба итолоъоти ҷамъоваришуда "иттако кард" ва хоҳони баррасиҳои бештар аз сӯйи Созмони Милали Муттаҳид шудааст.

Дар ин нома омада, ки иттилоъоти бадастомада барои "тасмимгириҳо" кофӣ нестанд ва онҳо ба иттилоъоти дақиқтаре ниёз доранд.

Ҷон Макккейн, сенотури ҷумҳурихоҳ, ки яке аз гирандагони ин нома аст, гуфт, ки ин нишондиҳандаи убури Сурия аз хатти қирмизҳои Омрикост.

Ӯ хоҳони барқарории минтақаи мамнӯъаи парвозе бар фарози ин кишвар шуд.

Оқои Маккейн ҳамчунин хоҳони кумакҳои низомӣ ба мухолифони давлати Сурия шуд. Коре, ки давлати Борок Убомо то ба ҳол розӣ ба анҷоми он нашудааст.

Ӯ гуфт бояд мутмаин шуд, ки силоҳҳои шимиёии Сурия ба дасти гурӯҳҳои хатарнок наафтад.

Оқои Маккейн таъкид кард, ки суҳбатҳояш ба маънии "фиристодани нерӯ" ба Сурия нест.

Доён Фойнстойн, сенотури демукрот, ки раёсати кумитаи иттилоъотии Омрикоро ба уҳда дорад, дар баёнияе дар ин хусус ба убури Башор Асад аз "хатти қирмиз" таъкид кардааст.

Хонуми Фойнстойн гуфт, ки барои "ҷилавгирӣ аз истифодаи густардатар аз силоҳҳои шимиёӣ" дар Сурия бояд "иқдомҳое сурат бигирад."

Ӯ дар баёнияи худ ҳукумати Сурияро "қодир ба куштани даҳҳо ҳазор нафар" тавсиф кардааст ва аз Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва бахусус Русия хоста, то "иқдоми маънодоре барои поён додан ба буҳрони Сурия" анҷом диҳанд.

Сешанбеи ин ҳафта як фармондеҳи аршади иттилоъоти низомии Исроил аз корбурди силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия хабар дода буд.

Бритониё ва Фаронса ҳам бакоргирии ин таслиҳотро дар Сурия таъйид кардаанд.

.

Матолиби муртабит