'Садҳо урупоӣ ба шӯришиёни мухолифи башор Асад пайвастаанд'

Ҳил Ду Кахкув, ҳамоҳангкунандаи зиддитерурисми Иттиҳодияи Урупо, мегӯяд садҳо урупоӣ ба шӯришиёне пайвастаанд, ки дар Сурия дар ҳоли ҷанг бо нерӯҳои Асад ҳастанд.
Масъули зиддитерурисми Иттиҳодияи Урупо ба Би-би-сӣ гуфт бархе аз ин афрод дар ин муддат мумкин аст ифротӣ шуда ва дар бозгашт таҳдиде ҳисоб биёбанд.
Оқои Ду Кахкув афзуд, ки наздик ба 500 нафар, ки бештарашон аз Бритониё, Ирланд ва Фаронса ҳастанд, ба Сурия рафтаанд.
Созмонҳои иттилоъотӣ нигарони ин ҳастанд, ки бархе аз ин афрод ба Алқоъида пайвастаанд ва пас аз бозгашт ба Урупо даст ба ҳамалоте бизананд.
Ҳамоҳангкунандаи зиддитерурисми Иттиҳодияи Урупо гуфтааст ҳамаи урупоиҳое, ки ба Сурия мераванд, дар ибтидо родикол ва ифротӣ нестанд, аммо ба эҳтимоли қавӣ бисёре аз ин афрод дар Сурия ифротӣ хоҳанд шуд ва омӯзиш хоҳанд дид.
Ӯ афзудааст, ки ин амр мумкин аст дар ҳангоми бозгашти онҳо ба таҳдиде ҷиддӣ табдил шавад.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд созмонҳои иттилоъотӣ дар Урупо ба таҳқиқоти худ дар ин бора шиддат бахшидаанд.
Дар Бритониё ва Белжик созмонҳои иттилоъотӣ ба талошҳояшон барои ёфтани роҳҳои ҷазби афроде, ки аз Сурия бозмегарданд, афзудаанд.
Ба далели шиддат ёфтани ҳассосиятҳо дар бораи хатари афзоиши таҳдид аз сӯи ин афрод, Ҳуланд дараҷаи хатари таҳдидҳои теруристиро ба "қобили таваҷҷуҳ" афзоиш додааст.
