Хабарнигори родию телевизиюни Эрон дар Сурия захмӣ шуд

  • 12 Апрел, 2013

Ба гузориши воҳиди марказии хабар, зуҳри рӯзи панҷшанбе (11 апрел) Муҳсини Хазоӣ, хабарнигори шабакаи Хабари Созмони садо ва симо, ҳангоми убур аз ҷодаи фурудгоҳи Димишқ ҳадафи тирандозии афроди мусаллаҳ қарор гирифт ва захмӣ шуд.

Дар ин гузориш омадааст, ки "теруристҳо бо камин дар ҷодаи фурудгоҳи байналмилалии Димишқ ва шиллик ба худрави шабакаи Хабар дар Сурия, ӯро аз ноҳияи шикам захмӣ карданд."

Мақомот ва расонаҳои давлатии Эрон ба табаъият аз мақомот ва расонаҳои давлатии Сурия мухолифони ҳукумати он кишварро "терурист" меноманд.

Ба гузориши Воҳиди Марказии Хабар, оқои Хазоӣ пас аз интиқол ба як маркази дармонӣ ва мудовои захми сатҳӣ мураххас шуд ва ҳоли умумии ӯ "хуб ва ризоятбахш" тавсиф шудааст.