Исроил Сурияро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ муттаҳам кард

Як мақоми баландпояи артиши Исроил гуфтааст, ки нерӯҳои Сурия дар амалиёт алайҳи шӯришиён чандин бор аз силоҳи шимиёӣ истифода кардаанд.
Сартип Итой Борун, фармондеҳи Маркази таҳқиқот дар идораи зиддииттилоъоти артиши Исроил гуфтааст, ки бар ин бовар аст, ки дар “мавориде” нерӯҳои давлати Сурия аз гози аъсоб аз навъи Сорин алайҳи мухолифон истифода кардаанд.
Давлати Сурия ва шӯришиён якдигарро ба истифода аз силоҳҳои шимиёӣ муттаҳам кардаанд. Як гурӯҳи таҳқиқи Созмони Милал дар талош барои сафар ба Сурия барои таҳқиқ дар ин маврид аст.
Давлати Омрико борҳо гуфтааст, ки истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар Сурияро таҳаммул нахоҳад кард.
Сартип Борун дар нишасти хабарӣ дар Байтулмуқаддас гуфт: "Ҳукумати Сурия дар гузашта дар мавориде аз силоҳҳои шимиёӣ алайҳи шӯришиён истифода кардааст."
Ӯ гуфт тасовири қурбониён бо даҳони кафкарда ва инқибози мардумаки чашм ва сойири аворизи масмумият нишон медиҳад, ки аз силоҳҳои маргбори шимиёӣ истифода шудааст.
Сартип Борун афзуд ба назар мерасад аз гози Сорин истифода шудааст. Ҳукумати Сурия ҳамчунин аз силоҳҳое истифода мекунад, ки маргбор нестанд, аммо монеъ аз фаъолияти тарафи муқобил мешавад.
Ҳанӯз истифода аз силоҳҳои шимиёӣ дар буҳрони дусолаи Сурия таъйид нашудааст.
Моҳи пеш давлати Сурия шӯришиёнро муттаҳам кард, ки дар минтақаи Хонасал дар Ҳалаб аз силоҳи шимиёӣ истифода кардаанд.
Гурӯҳи таҳқиқи Созмони Милал дар интизори касби муҷаввиз барои вуруд ба Сурия барои таҳқиқ дар ин маврид аст.
Гуфта шуда, ки Сурия дорои зарродхонаи бузурги таслиҳоти шимиёӣ аст, ки ин боъиси бурӯзи нигарониҳо барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди амнияти онҳо шудааст.
Давлати Сурияи борҳо хотирнишон карда, ки аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардуми худ истифода нахоҳад кард .
