Ду усқуф дар Сурия рабуда шуд

  • 23 Апрел, 2013
Image caption Рӯшан нест, ки чи гурӯҳ ё ашхосе ин ду усқуфро рабудаанд

Гузоришҳо ҳокист, ки ду усқуф дар шимоли Сурия дар манотиқи таҳти кунтрули мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Башор Асад рабуда шудаанд.

Усқуф Булус Ёзиҷӣ ва усқуф Юҳано Иброҳим аз навоҳии марзии Туркия озими шаҳри Ҳалаб буданд, ки тавассути афроди ношинос гаравгон гирифта шуданд.

Расонаҳои давлтии Сурия ин хабарро мунташир кардаанд ва як мақоми мухолифи ҳукумат низ ин мавзӯъро таъйид кардааст.

Юҳано Иброҳим, раҳбари калисои уртудукси сурёнии Ҳалаб ва Булус Ёзиҷӣ, раҳбари калисои уртудукси юнонӣ дар Ҳалаб аст.

Гуфта мешавад, ки ин ду нафар баандпоятарин мақомҳои масеҳӣ ҳастанд, ки дар ҷанги дохилии Сурия ба асорат гирифта мешаванд.

Рӯшан нест, ки чи гурӯҳ ё ашхосе ду усқуфро рабудааст.

Масеҳиён ҳудуди 10 дарсади ҷамъияти Сурияро ташкил медиҳанд.

Ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз 70 ҳазор кушта барҷой гузоштааст.

Ҳамчунин беш аз як милюн шаҳрванди Сурия ба хотири даргириҳои ду соли гузашта аз хонаҳои худ фирор карда ва ба кишварҳои ҳамсоя паноҳ бурдаанд.

Телевизиюни давлатии Сурия як "гурӯҳи теруристии мусаллаҳ"-ро омили гаравгонгирӣ эълом кардааст. Бино бар ин гузориш, ду усқуф дар ҳумаи Ҳалаб машғули фаъъолиятҳои башардӯстона буданд.

Сокинони масеҳии Ҳалаб, ки хостанд номашон фош нашавад, ба хабаргузории Фаронса гуфтаанд, ки ронандаи худрави усқуфҳо ба дасти мардони мусаллаҳ кушта шудааст.

Дар моҳи сентябри гузашта усқуф Иброҳим ба хабаргузории "Руйтерз" гуфта буд, ки садҳо хонаводаи масеҳии сокини Ҳалаб ба далели даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифони мусаллаҳ аз шаҳр фирор кардаанд.

Ӯ гуфта буд: "Дар таърихи муъосир Ҳалаб чунин даврони ҳассос ва дарднокеро ба худ надидааст."

Усқоф Иброҳим афзуда буд: "Ба масеҳиён ба таври дадманишона ҳамла мешавад ва онҳоро гаравгон мегиранд. Бастагонашон барои озодии онҳо боҷҳои сангине пардохтаанд."

Матолиби муртабит