Инфиҷор дар маркази Димишқ кушта ва захмӣ барҷой гузошт

Расонаҳои давлатии Сурия аз вуқӯъи як инфиҷори бузург дар Димишқ, пойтахти ин кишвар, хабар додаанд.
Маркази ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Ландан мустақар аст, ҳам эълом кард, ки ҳадди ақал сенздаҳ нафар дар ин инфиҷор дар маҳаллаи Марҷа, дар Димишқ кушта ва чандин нафари дигар ҳам захмӣ шудаанд.
Нахуствазири Сурия рӯзи гузашта аз як инфиҷор дар пойтахт ҷони солим ба дар бурд.
Ҳанӯз далели инфиҷори имрӯз эълом нашудааст. Шоҳидон гуфтаанд, ки пас аз инфиҷор садои тирандозиҳое шунида шудааст.
Телевизиюни давлатии Сурия тасовире аз хисороти ин инфиҷор, аз ҷумла худравҳои муталошишуда ва сохтмонҳое бо шишаҳои фурӯрехтаро нишон додааст.
Маркази ҳуқуқи башари Сурия, мустақар дар Ландан, гуфтааст, ки худраве бумбгузоришуда дар наздикии сохтмони қадимии вазорати кившар дар маҳаллаи Марҷа мунфаҷир шуд ва ҳадди ақал 13 кушта барҷой гузошта ва интизор меравад омори талафот афзоиш ёбад. Ин марказ гуфта ҳоли бархе аз маҷрӯҳон вахим аст.
Ин гурӯҳи ҳуқуқибашарӣ нақзи ҳуқуқи инсонӣ тавассути тарафҳои даргир дар буҳрони Сурияро расад мекунад.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки моҳи март хунинтарин моҳ аз замони оғози даргириҳо дар Сурия буда ва беш аз 6 ҳазор нафар, ки як севуми онҳоро ғайринизомиён ташкил медоданд, дар ин моҳ кушта шудаанд.
То кунун беш аз 70 ҳазор нафар дар даргириҳои Сурия, ки аз моҳи марти 2011 оғоз шуд, кушта шудаанд.
