Гузоришҳо дар бораи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба аҳдофе дар Сурия

  • 4 Май, 2013
ҳавопаймоҳои Исроил
Image caption Гузориш шудааст, ки ин ҳамалот дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа анҷом гирифтаанд

Расонаҳои Омрико аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба аҳдофе дар Сурия хабар медиҳанд. Ин расонаҳо ба нақл аз ду мақоми омрикоӣ, ки номи онҳо фош нашудааст, навиштаанд, ки ин ҳамалот дар рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа анҷом гирифтаанд.

Ба гуфтаи ин мақомҳо ҳавопаймоҳои Исроил вориди фазои ҳавоии Сурия нашудаанд, балки ин ҳамалот аз хоки Лубнон сурат гирифтааст.

Гузориш шудааст, ки ҳадаф, як корхонаи тавлиди аслиҳа ва ё як корвони ҳамли аслиҳа ба сӯйи нерӯҳои Ҳизбуллоҳ дар Лубнон будааст.

Парвози теъдоди зиёде аз ҳавопаймоҳои исроилӣ бар фарози Лубнон рӯзи ҷумъа гузориш шудааст.

Ҳеҷ як аз гузоришҳо аз сӯйи мақомҳои расмии Исроил, Омрико ва Сурия таъйид нашудаанд.

Дар моҳи январ Исроил як маркази таҳқиқотии низомӣ дар шимолу ғарбии Димишқро мавриди ҳадаф қарор дод.

Артиши Сурия эълом кард, дар ин ҳамла ду нафар кушташ ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфта шуда буд, ки Исроил ин ҳамларо барои ҷилавгирӣ аз афтодани мушак ва силоҳҳои шимиёӣ ба дасти нерӯҳои Ҳизбуллоҳ анҷом додааст.

Ахиран Омрико низ эълом кардааст, ки дар шавоҳиде таъйиднашуда даст дорад, ки нишон медиҳад, дар Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ истифода шудааст.

Матолиби муртабит