Нахустин ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза пас аз панҷ моҳ

  • 3 Апрел, 2013

Артиши Исроил барои нахустин бор аз замони оташбас миёни ин кишвар ва Ҳамос дар моҳи ноябр ба Навори Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ кард.

Гурӯҳи фаластинии Ҳамос, ки кунтрули Навори Ғаззаро дар ихтиёр дорад, мегӯяд, ки ҳавопаймои исроилӣ заминҳои наздик ба марз бо Исроилро бумборон карданд, аммо ба касе осебе нарасидааст.

Ин ҳамла дар пайи ҳамлаи мушакии рӯзи гузаштаи фаластиниҳо ба сӯйи Исроил сурат мегирад, ки дар он рухдод низ ба касе осебе нарасидааст.

Дар пайи ҳашт рӯзи ҷанги хунин миёни Исроил ва Ҳамос дар моҳи ноябр ду тараф бо миёнҷигарии Миср бар сари барқарории оташбас тавофуқ карданд.

Артиши Исроил зимни таъйиди ин ҳамалот гуфтааст, ки ҳамалоти ҳавоӣ дар посух ба ҳамлаи мушакӣ ба Исроил ва ҳадафи он "маҳалли истиқрори теруристҳо" будааст.

Рӯзномаи исроилии "Ҳоортас" мегӯяд, ки ҳавопаймои исроилӣ ба шаҳри Байт Лоҳиё дар шимоли Навори Ғазза ҳамла кардааст. Ба гуфтаи ин рӯзнома рӯзи сешанбе ду мушак аз сӯйи пайкорҷӯёни фаластинӣ ба сӯйи ғарби саҳрои Нагаб партоб шудааст.

Аз замони рӯйи кор омадани Ҳамос дар Навори Ғазза борҳо миёни Исроил ва Ҳамос даргириҳои хунин рух дода

Аз замони барқарории оташбас Исроил аз маҳдудиятҳо барои вуруди масолеҳи сохтмонӣ ба Навори Ғазза, ки аз замони рӯйи кор омадани Ҳамос дар соли 2007 эъмол мешуд, костааст.

Рӯзи гузашта низ Холид Машъал барои чаҳор соли дигар ба раҳбарии Ҳамос баргузида шуд.

Ӯ дар миёни нерӯҳои тундрави фаластинӣ мунтақидоне дорад, ки ахиран ӯро муттаҳам ба "мусолиҳа" бо раҳбарони гурӯҳи рақиби Фатҳ ва ҳатто Исроил мекунанд.

Ӯ дар моҳи ноябр бар сари оташбас миёни Ҳамос ва Исроил тавофуқ кард ва ҳамчунин дар моҳҳои ахир талошҳои зиёде барои беҳбуди равобити миёни Ҳамос ва Фатҳ кардааст.

Матолиби муртабит