Омрико дар мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурия таҷдиди назар мекунад

  • 3 Май, 2013
Image caption Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико

Омрико дар мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурия таҷдиди назар мекунад.

Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, гуфтааст, ки давлаташ дигар бо мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурия мухолифате надорад.

Ин аввалин бор аст, ки як мақоми олирутбаи омрикоӣ аланан мегӯяд давлат дар ҳоли таҷдиди назар дар мавзеъи қаблиаш дар қиболи кумак ба шӯришиёни Сурия аст.

Соли гузашта Борок Убомо бо ин кор мухолифат карда буд.

Дар ҳамин ҳол гузоришҳое ҳокӣ аз эъдомҳои саҳроӣ ба дасти нерӯҳои давлати Сурия дар Бонёс мунташир шудаанд.

Гурӯҳи нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақар аст, гуфта талош мекунад, сиҳҳату дурустии гузоришҳоеро таъйин кунад, ки аз кушта шудани дастикам 50 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон дар рустои Албайзо ҳикоят мекунанд.

Ин гурӯҳ мавориди нақзи ҳуқуқибашар ба дасти ду тарафи даргир дар Сурияро баррасӣ мекунад.

Панҷшанбесубҳ ба вақти маҳаллӣ даргириҳои шадиде байни нерӯҳои давлатии Сурия ва шӯришиён дар наздикии рустои Албайзо рӯй дод.

Як гузина

Дар ҳоле ки даргириҳо дар Сурия идома дорад, баҳс дар бораи наҳваи вокуниши Омрико ба таҳаввулоти Омрико шиддат гирифтааст.

Оқои Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, дар Вошингтун изъон кард давлаташ дар ҳоли таҷдиди назар дар мухолифат бо мусаллаҳ кардани шӯришиёни Сурия аст, бо ин ҳама таъкид кард ҳанӯз ҳеч тасмиме гирифта нашудааст.

Вазири дифоъи Омрико гуфт: "Мусаллаҳ кардани шӯришиён ҳам як гузина аст".

Оқои Ҳейгел гуфт: "Ҳама гузинаҳо пеши рӯяшон таваҷҷуҳ мекунанд ва дар бораи онҳо фикр мекунанд. Ин лузуман ба маънии таъйиди қатъии корбурди ин гузинаҳо нест. Ин гузинаҳоро бояд дар канори ҷомеъаи байналмилалӣ ниҳоӣ кард: Ин ки чи коре мумкин аст ва чи коре моро дар расидан ба ҳадафамон кумак мекунад."

Изҳороти вазири дифоъи Омрико дар кунфронси хабарии муштараке бо Филип Ҳамунд, ҳамтои бритониёии ӯ эълом шуд.

Филип Ҳамунд, вазири дифоъи Бритониё, гуфт ба далели мамнӯъияти мусаллаҳ кардани шӯришиён дар Иттиҳодияи Урупо, кишвараш то кунун қодир ба мусаллаҳ карндани мухолифони Башор Асад набудааст.

Оқои Ҳамунд афзуд чанд ҳафтаи дигар, ки ин мамнӯъият муҳлаташ поён ёбад, муҷаддадан ин мавзеъро баррасӣ хоҳанд кард.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошингтун мегӯяд бисёре аз мақомоти давлати Омрико, ки алоқае ба мудохилаи мустақими низомӣ надоранд, рӯз ба рӯз бештар ба ин натиҷа мерасанд, ки мусаллаҳ кардани шӯришиён дар миёни гузинаҳои бад беҳтарин аст.

Муттаҳидони Омрико чун Қатар ва Арабистони Саъудӣ ҳамин ҳоло ҳам гурӯҳҳои мухталиферо, ки алайҳи Башор Асад, раҳбари Сурия меҷанганд, мусаллаҳ кардаанд.

Бар асоси тахмини Созмони Милали Муттаҳид беш аз 70 ҳазор нафар аз оғози даргириҳо дар Сурия кушта шудаанд.

Матолиби муртабит