Сурия: Ҳамалоти ҳавоии Исроил нишондиҳандаи ҳамкории байни терруристҳо аст

Вазорати умури хориҷаи Сурия дар вокуниш ба ҳамалоти Исроил ба аҳдофе дар ин кишвар гуфтааст, ки ин ҳамалот ҳокӣ аз ҳамкории "терруристҳо" аз ҷумла пайкорҷӯёни муртабит бо Алқоъида аст.
Умар Заъбӣ, вазири итилоърасонии Сурия ҳам гуфтааст, ки ҳамалоти ҳавоии Исроил алайҳи се ҳадаф дар ҳумаи шаҳри Димишқ "имкони вуқуъи ҳар гуна эҳтимоле"-ро фароҳам мекунад.
Оқои Заъбӣ ин изҳоротро дар ҷараёни кунфаронсе хабарӣ ва пас аз нишасти изтирории давлат баён кард.
Ин нишаст бо ҳадафи посухгуӣ ба ҳамалоти ҳавоии Исроил баргузор шуд.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамла алайҳи маҳмулаи "мушакҳои эронӣ", ки қарор буд ба Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳвил дода шавад, анҷом шудааст.
Вазири итилоърасонии Сурия ишорае ба маҳалли дақиқи ин ҳамла накард, аммо таъкид кард ки ин вазифаи давлат аст, то кишварро ба ҳар василае аз "ҳамалоти дохилӣ ва хориҷӣ" ҳифз кунад.
Иттиҳодияи Араб ҳамалоти Исроилро ба хоки Сурия маҳкум кардааст.
Телевизиюни давлатии Сурия аз исобати рокетҳои исроилӣ ба маркази таҳқиқоти низомии Ҷамроё дар соъоти аввалия имрӯз (якшанбеи 5 май) хабар дод.
Ҳанӯз гузорише аз мизони талафоти эҳтимолии ин ҳамла ва харобиҳо мунташир нашудааст.
Яке аз мақомҳои наздик ба Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки Исроил ҳануз ҳамлаи имрӯзро таъйид накардааст, ба ин далел ки намехоҳад Башор Асадро водор ба анҷоми иқдоме талофиҷӯёна кунад.
Ин сеюмин ҳамлаи ҳавоии Исроил ба аҳдофе дар хоки Сурия тайи чанд рӯзи гузашта аст.
Исроил дар январи гузашта ҳам як маркази таҳқиқоти низомӣ дар шимоли ғарбии Димишқро ҳадаф қарор дод, ки дар он замон артиши Сурия эълом кард, ки дар ин ҳамла ду нафар кушта ва 5 нафари дигар захмӣ шуданд.
