"Исобати рокетҳои исроилӣ" ба ҳумаи Димишқ

Вуқуъи инфиҷори шадид минтақаи ҷабали Қосиюн дар Димишқ , пойтахти Сурияро ба ларза даровардааст.
Телевизиюни давлатии Сурия бо пахши гузорише эълом кард, ки иллати инфиҷор исобати рокетҳои исроилӣ ба маркази таҳқиқоти низомии Ҷамроё дар соъатҳои аввалияи бомдоди якшанбе будааст.
Ба гузориши телевизиюни Сурия ҳадаф аз ин ҳамла тақвияти рӯҳияи мухолифони ҳукумати Башор Асад аст.
Ҳанӯз гузорише аз талафоти эҳтимолии ин ҳамла ва мизони харобӣ мунташир нашудааст.
Тасовири мунташиршуда дар интернет нишондиҳандаи оташсӯзии шадид дар яке аз ҳумаҳои Димишқ аст.
Ҷабали Қосиюн маҳали истиқрори воҳиди низомӣ аст, ки манотиқи таҳти кунтрули мухолифони Башор Асадро гулӯлаборон мекунанд.
Исроил нисбат ба ин ҳодиса вокунише нишон надодааст.
Як сухангӯи низомии Исроил ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки ин кишвар ба чунин гузоришҳое вокуниш нишон намедиҳад.
Шабакаи хабарии Эн-би-сӣ дар Омрико ба нақл аз як мақоми ин кишвар, ки аз ӯ ном набурда, ҳамлаи ҷангандаҳои исроилӣ ба таъсисоти низомӣ дар ҳумаи Димишқро таъйид кардааст.
Бо ин ҳол давлати Омрико ҳануз нисбат ба ин ҳамла вокунише нишон надодааст.
Пештар Борок Убомо, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар мусоҳиба бо шабакаи телевизиюнии испонизабони Телемунду гуфта буд, Исроил ҳақ дорад аз худ дар баробари интиқоли таслиҳоти пешрафта дифоъ кунад.
Оқои Убомо, ки дар вокуниш ба гузоришҳое дар бораи ҳамлаи рӯзи ҷумъаи нерӯҳои ҳавоии Исроил ба хоки Сурия суҳбат мекард, гуфт таъйид ё радди ин хабарро бар уҳдаи мақомҳои исроилӣ мегузорад.
Исроил дар моҳи январ низ маркази таҳқиқоти низомии Ҷамроё, мустақар дар ҷабали Қосиюнро ҳадаф қарор дода буд.
Муше Яълун, вазири дифоъи Исроил авоили ин ҳафта ҳамлаи моҳи январ дар дохили хоки Сурияро таъйид кард.
Ба гуфтаи ӯ Исроил интиқоли таслиҳоти пешрафта ба гурӯҳҳои тундрав монанди Ҳизбуллоҳро хати қирмизи худ медонад ва нисбат ба он вокуниш нишон додааст.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи ҷумъа низ аҳдоферо дар дохили хоки Сурия ҳадаф гирифт.
Бар асоси баъзе аз гузоришҳо ҳадафи ҳамалоти рӯзи ҷумъа маҳмулае аз мушакҳои низомӣ буда, ки дар ҳоли ирсол барои ҷунбиши Ҳизбуллоҳ дар Лубнон будааст.
Давлати Исроил нисбат ба ин хабар низ вокуниш нишон надода, вале расонаҳо ба нақл аз як мақоми исроилии мустақар дар Омрико онро таъйид кардаанд.
