Маҷмаъи Умумии Созмони Милал хостори "гузори сиёсӣ" дар Сурия шуд

  • 16 Май, 2013

Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае алайҳи ҳукумати Башор Асад, хоҳони "гузори сиёсӣ" дар Димишқ шудааст.

Ин қатънома, ки илзомовар нест, ба осонӣ ба таъйиди аъзо расид, агарчи қатъномае мушобеҳи соли гузашта аз ҳимояти бештаре бархӯрдор шуд.

Русия, яке аз мухолифони сарсахти ин қатънома, гуфта муҳтавои он ҷонибдорона аст ва "ба ҷинояте, ки шӯришиёни сурӣ муртакиб шудаанд" ба андозаи кофӣ напардохтааст.

Пешнависи қатънома тавассути кишварҳои араб ироа шуда ва Омрико низ аз ҳомиёни аслӣ будааст.

Сурия мегӯяд ин қатънома дар тақобул бо талошҳои диплумотики Омрико ва Русия барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсии поёни буҳрон дар ин кишвар аст.

Эрон низ бо ин қатънома мухолифат кардааст.

Муҳаммад Хазоӣ, намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, аз ишора накардани ин қатънома ба ҳамлаи ахири Исроил ба маркази низомие дар ҳумаи Димишқ интиқод кардааст.

Таслиҳоти сангин

Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид "гузори сиёсиро" беҳтарин роҳи ҳалли сулҳомез барои хотимаи буҳрон донистааст.

Ин қатънома дар айни ҳол ҳукумати Сурияро ба далели истифода аз таслиҳоти сангин алайҳи ғайринизомиён ва он чи "нақзи созмонёфтаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдин" хонда, башиддат маҳкум карда ва аз афзоиши сареъи теъдоди талафот" ибрози инзиҷор кардааст.

Ин санад ҳамчунин аз тавассули эҳтимолӣ ба силоҳҳои шимиёӣ дар Сурия ибрози нигаронӣ карда ва хоҳони вуруди бозрасони байналмилалӣ ба Сурия ва таҳқиқоти ҷомеъ дар ин замина шудааст.

Қатъномаи Маҷмаъи Умумӣ хостори ҳимояти иқтисодии фаврӣ аз кишварҳои ҳамсояи Сурия шуда, ки 1.5 милюн нафар овораро дар худ ҷой додаанд ва ҳушдор додаанд, ки беш аз 4 милюн нафар дохили Сурия беҷо шудаанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Созмони Милал мегӯяд 107 кишвар аз ин қатънома ҳимоят кардаанд, дар ҳоле ки қатъномае мушобеҳи соли гузашта дар Созмони Милали Муттаҳид бо ҳимояти 133 нафар тасвиб шуд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ пешниҳоддиҳандагони ин тарҳ дар пешнависҳои аввалия ошкоро аз шӯришиёни Сурия ҳимоят крда буданд, аммо пас аз интиқодҳо онро камрангтар карданд ва ба эътилофи мухолифони Башор Асад ба унвони "намояндаи муассири мухолифон" барои гузори сиёсӣ ишора карданд.

Image caption Як шӯришии Сурия дар Ҳалаб

Созмони Милал мегӯяд талафоти ҷанги дохилии Сурия ба 80 ҳазор нафар расидааст.

Новӣ Пилой, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст фақат дар соли мелодии ҷорӣ, яъне дар чаҳор моҳу ними гузашта 30 ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.

Башор Ҷаъфарӣ, намояндаи Сурия дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид, гуфтааст ин қатънома "буҳронро ташдид мекунад, хушунатҳоро дар Сурия афзоиш медиҳад ва равияи байналмилалии хатарноке бар ҷой хоҳад гузошт."

Ба гуфтаи ин намоянда ҳукумати Сурия, "ин санад ба мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои теруристӣ дар Сурия машрӯъият мебахшад ва як ҷиноҳи мухолифи хориҷиро ғайриқонунӣ намояндаи барҳаққи мардуми Сурия мехонад ва ба расмият мешиносад."

Омрико ва Русия тавофуқ кардаанд, ки барои расидан ба роҳи ҳалле барои буҳрони Сурия кунфронсе баргузор шавад, ки макону замони он ҳанӯз эълом нашудааст.

Александр Панкин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал, ҳам ин қатъномаро "яктарафа" хонда ва гуфтааст, ки пешниҳоди сулҳи ахирро хунсо мекунад.

Ба гуфтаи ӯ ин қатънома ҳамаи масъулияти он чиро, ки дар Сурия рух медиҳад, ба уҳдаи ҳукумати Сурия меандозад ва ин хилофи воқеъиятҳои возеҳ аст.

Бо ин ҳол Рузморӣ Дикорлӣ, намояндаи доимии Омрико дар Созмони Милал, гуфтааст, ки ин қатънома бо пешниҳоди Омрико ва Русия барои Сурия "ҳамхонӣ дорад".

.

Матолиби муртабит