Инзиҷори густарда аз видиюи хӯрдани қалби як сарбози сурӣ

  • 14 Май, 2013
Image caption Абусаққар дар ин видию таҳдид мекунад, ки қалби алавиҳои Cурияро ҳам хоҳад хӯрд

Интишори видиюе, ки дар он як шӯришии шинохташуда ҷасади як сарбози суриро мешикофад ва тиккае аз қалби ӯро мехӯрад, инзиҷори васеъе барангехтааст.

Дидабони ҳуқуқи башар ин амалро ҷинояти ҷангӣ дониста ва касоне, ки чунин аъмолеро анҷом медиҳанд, ҳушдор додааст, ки рӯзе ба дасти адолат супурда хоҳанд шуд.

Дидабони ҳуқуқи башар фардеро, ки дар видию дида мешавад, шиносоӣ кардааст. Ба гуфтаи ин созмон ӯ яке аз шӯришиёни шинохташудаи шаҳри Ҳумс ба номи Абусаққар аст, ки раҳбарии гурӯҳе ба номи бригоди мустақили Умар Алфоруқро бар уҳда дорад.

Дар ин видию, ки асолати онро манобеъи мустақил таъйид накардаанд, Абусаққар дар канори ҷасади як сарбози сурӣ истода ва мегӯяд: "Ба худо қасам, ки дилу ҷигари шумо сагҳои Башор Асадро хоҳем хӯрд."

Ҳамчунин ба назар мерасад, ки ӯ тикае аз қалби ҷасадро дароварда мехӯрад.

Эътилофи мухолифони ҳукумат дар Сурия эълом карда, ки Абусаққарро муҳокима хоҳад кард.

Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд: "Масла кардани ҷасади афроди душман ҷинояти ҷангӣ аст. Аммо нигаронкунандатар аз ҳама суқути сареъ ба вартаи шиъорҳо ва хушунатҳот фирқаӣ аст."

Ин созмон ҳушдор дода, ки дар ҳар ду тарафи даргирӣ муртакиби ҷинояти ҷангӣ мешаванд, бояд бидонанд, ки ҳиҷ иғмозе дар ҳаққи онҳо раво нахоҳад шуд ва рӯзе бояд посухгӯи ин аъмол бошанд.

Дидабони ҳуқуқи башар мегӯяд қаблан видиюҳои дигаре аз Абусаққар мунташир шуда буд, ки дар онҳо ӯ ба манотиқи шиъанишини Лубнон мушак шиллик мекунад ва дар канори ҷасади нерӯҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки дар канори сарбозони давлатии Сурия меҷангидаанд, акс мегирад.

Ҷим Мюр, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут мегӯяд ин видию, ки рӯзи якшанбеи 22 урдубиҳишт (12 май) мунташир шуда, ҳавлноктарин видиюе аст, ки дар ин ду сол аз ҷанги дохилии Сурия мунташир шудааст.

Созмони Милал шумори кушташудагони ҷанги дохилии Сурияро, ки аз моҳи марти 2011 оғоз шуда 70 ҳазор нафар тахмин зада, аммо нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ниҳоди мустақиле, ки мақари он дар Бритониё аст, теъдоди кушташудагонро беш аз 80 ҳазор нафар медонад.

Матолиби муртабит