Шавоҳиди "ҳамлаи шимиёии" артиши Сурия дар ихтиёри Би-би-сӣ қарор гирифт

  • 16 Май, 2013
Image caption Тасвири марде аз аҳолии Сароқиб ва писараш "пас аз ҳамлаи шимиёӣ"

Шавоҳиде, ки дар ихтиёри Би-би-сӣ қарор гирифта, ин эҳтимолро тақвият мекунад, ки артиши Сурия моҳи гузашта дар шаҳри Сароқиб даст ба ҳамлаи шимиёӣ задааст.

Ин видию изҳороти шоҳидони айниро таъйид мекунад, аммо барои манобеъи мустақил таъйиди асолати видию то кунун мумкин набудааст. Давлати Сурия ин мавзӯъро такзиб кардааст.

Шоҳидони айнӣ дар шаҳри Сароқиб дар шимоли ғарбии Сурия ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфтаанд моҳи гузашта ҳаликуптерҳои артиш ҳаддиақал ду махзан ба рӯйи шаҳр андохтаанд, ки ҳовии гози саммӣ будааст.

Давлати Сурия ин иддаъоро ба шиддат такзиб мекунад.

Омрико эълом карда иқдом ба ҳамлаи шимиёӣ дар Сурия "хатти қирмизе" аст, ки агар аз он убур шавад боъиси мудохилаи ин кишвар дар Сурия хоҳад шуд, аммо ба гуфтаи Борок Убомо , раиси ҷумҳурии Омрико иттилоъоти феълӣ ҳануз ба қадри кофӣ мувассақ нест.

Моҳи пеш видиюе бар сафҳаи Фейсбуки дуктур Ниёзӣ Ҳабаш, пизишке ки дар Инглистон таҳсил карда, мунташир шуд, ки нишон медод теъдоде аз шаҳрвандони Ҳалаб алоиме шабеҳ ба масмумият бо гози шимиёӣ аз худ нишон медиҳанд.

Бӯйи хафагиовар

Дар моҳи апрел шаҳри Сароқиб дар ҷануби ғарбии Ҳалаби зери оташборӣ ва бумборони нерӯҳои давлатӣ қарор гирифт.

Пизишкони бемористони шаҳр ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки ҳашт бемори мубтало ба мушкилоти танаффусиро баъд аз ин ҳамла дар бемористон бистарӣ карданд.

Баъзе аз ин беморон монанди афроде, ки дучори масмумияти шадид ҳастанд, истифроғ мекарданд ва мардумҳои чашмашон бисёр танг шуда буд ва яке аз онон, ки зане ба номи Марям Хатиб буд, дар бемористон даргузашт.

Писари ин зан ки Муҳаммад ном дорад низ осеб дидааст. Ӯ барои кӯмак ба модари худ ба маҳалли ҳодиса рафта буд.

Муҳаммад ба Би-би-сӣ гуфт: "Бӯйи хафакунандаи ваҳшатноке буд. Аслан намешуд нафас кашид. Эҳсоси марг мекардем. Ҳатто намешуд чизе дид. Ман то се чаҳор рӯз чизе наметавонистам бубинам."

Силоҳи шимиёии Сурия

Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО) муътақид аст Сурия солҳо аст барномаи тавлид ва захираи маводи шимиёӣ дорад ва метавонад ин маводро бо тӯпхона, ҳавопаймо ва мушакҳои болистик шиллик кунад.

Гуфта мешавад Сурия гози сорин ва хардал дар ихтиёр дорад.

СИО муътақид аст Сурия дар садади тавлиди гозҳои аъсоби пойдортар ва саммитар мисли гози Виикс будааст.

Манобеъи иттилоъотӣ мизони гози шимиёиро ҳазор тун тахмин мезананд, ки дар панҷоҳ шаҳр анбор шудааст.

Ургонуфусфурҳо самҳое ҳастанд, ки дар офаткушҳои гиёҳӣ ва ҳашароткушҳо истифода мешаванд ва ба системаи асабӣ осеб мерасонанд.

Пизишке, ки Муҳаммадро дармон карда мегӯяд алоими мавриди ишораи ӯ ҳокӣ аз масмумият бо ургонуфусфур буда ва намунаҳо ҳам барои озмоиш ба озмоишгоҳ фиристода шудааст.

Омрико ва Бритониё мегӯянд шавоҳиди рӯзафзуне аз ҳамлаи шимиёии артиши Сурия вуҷуд дорад. Шӯришиён ҳам муттаҳам ба истифода аз гози шимиёӣ шудаанд, аммо онҳо ҳам ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ду моҳ пеш ҳам давлати Сурия ва ҳам шӯришиён хостори таҳқиқи байналмилалӣ дар мавриди ҳамлаи шимиёӣ дар шаҳри Хонуласал дар шимоли ин кишвар шуданд.

Дар ин ҳамла 27 нафар кушта шуданд ва ҳар ду тараф якдигарро муттаҳам кард, ки бо истифода аз аслиҳаи шимиёӣ даст ба ин куштор задааст.

Созмони Милал як гурӯҳи понздаҳнафариро барои таҳқиқ дар бораи ҳамлаи шимиёӣ ба раёсати Ука Селструм, коршиноси суэдӣ барои ин манзур ташкил дода, аммои давлати Сурия монеъ аз вуруди ин ҳайат ба он кишвар шудааст.

Сурия мехоҳад ин гурӯҳ танҳо ба моҷарои минтақаи Хонуласал расидагӣ кунад, аммо ин тим хостори дастрасии беқайдушарт ба тамоми манотиқе шудааст, ки "гузориши қобили эътино" дар бораи ҳамалоти шимиёӣ дар онҳо дарёфт кардааст.

Созмони Милал мегӯяд дар ҳудуди ду солу ниме, ки аз буҳрону Сурия мегузарад, 80 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит