Борок Убомо: Корбурди таслиҳоти шимиёӣ дар Сурия бозиро иваз мекунад

  • 27 Апрел, 2013
Борок Убомо
Image caption Борок Убомо ин суханонро дар ҷараёни дидор бо Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун дар Кохи Сафед гуфт

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ҳушдор дод, ки агар истифодаи Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ собит шавад сиёсати Омрико дар қиболи Димишқ тағйир хоҳад кард.

Бритониё ва Омрико ҳарду ба шавоҳиде аз корбурди таслиҳоти шимиёӣ монанди гози аъсоби “сорин” дар Сурия ишора кардаанд.

Пештар Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ба Би-би-сӣ гуфта буд, ба назар мерасад Сурия саҳнаи иртикоби ҷароими ҷангӣ аст.

Нахуствазир дар мусоҳибае бо Би-би-сӣ дар рӯзи26-уми апрел гуфт, шавоҳиде “маъдуд, аммо рӯ ба афзоиш” вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад нерӯҳои давлатии Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ истифода кардаанд.

Девид Комерун афзуд, истифода аз чунин таслиҳоте хатти қирмизӣ барои ҷомеъаи байналмилалӣ аст, то иқдомоти бештаре дар қиболи Сурия анҷом диҳад.

Оқои Комерун дар айни ҳол гуфт, ки Бритониё қасди пиёда кардани нерӯ дар Сурияро надорад.

Аммо рӯзи гузашта Кохи Сафед эълом кард, ки созмонҳои иттилоъотии Омрико муътақиданд артиши Сурия ба эҳтимоли зиёд аз силоҳҳои шимиёӣ, аз ҷумла “сорин” истифода кардааст.

Оқои Комерун дар бахши дигаре аз гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт, ки ӯ бо ҳушдорҳои Кохи Сафед дар ин маврид, ки корбурди таслиҳоти шимиёӣ “хатти қирмизӣ” барои мудохилаи эҳтимолӣ хоҳад буд, мувофиқ аст.

Мақомоти Сурия ин иттиҳомотро “дурӯғ” хондаанд.

Бар асоси тахминҳои Созмони Милали Муттаҳид дасти кам 70 ҳазор нафар аз оғози эътирозот алайҳи Башор Асад дар Сурия то кунун кушта шудаанд.

Борок Убомо, ки дар ҷараёни дидор бо Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун дар Кохи Сафед сӯҳбат мекард гуфт: “Баррасиҳои аввалия аз шавоҳиде ҳикоят доранд, ки алайҳи мардуми Сурия таслиҳоти шимиёӣ ба кор рафтааст. Ин арзёбии муқаддамотӣ бар асоси гирдоварии иттилоъоти мост.”

Раиси ҷумҳурии Омрико гуфт саволҳои зиёде дар бораи чигунагии замон ва макони истифода аз ин таслиҳот вуҷуд дорад ва таҳқиқоти ҷиддӣ ва мушикофонае дар бораи ин мавзӯъ сурат хоҳад гирифт, чун барои исботи корбурди таслиҳоти шимиёӣ “шавоҳиди бештаре” лозим аст.

Бо ин ҳама оқои Убомо таъкид кардааст, ки исботи ин мавзӯъ “бозиро аваз хоҳад кард.”

Борок Убомо қаблан гуфта буд, ки “хатти қирмизи” Омрико истифодаи Сурия аз таслиҳоти шимиёӣ аст.

Иқдомоти ҷиддитар алайҳи Сурия метавонад эъломи минтақаи парвози мамнуъ ва мусаллаҳ кардани шуришиёнро дар бар мегирад.

Бо ин ҳама давлатҳои ғарбӣ нигаронанд, ки таслиҳот ба дасти тундравҳо биафтад. Аз сӯйи дигар эъломи минтақаи парвози мамнуъ низ мусталзум аз кор андохтани дифоъи ҳавоии Сурия аст, ки амалиёти низомии бузургеро металабад.

Аммо Сурия иттиҳоми истифода аз таслиҳоти шимиёиро рад кардааст.

Матолиби муртабит