Ҳасани Рӯҳонӣ пештози интихоботи Эрон аст

  • 15 Июн, 2013

Шумориши орои интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон идома дорад ва вазорати кишвари Эрон муҷрии расмии баргузории ин интихобот эълом карда, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, номзаде, ки бахши бузурге аз ислоҳталабон ва миёнаравҳои Эрон рӯйи ӯ иҷмоъ кардаанд, пештоз аст.

Натоиҷи ба даст расида аз вазорати кишвари Эрон, ки муҷрии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст, ба шарҳи зер аст: (соъати 11:31 GMT, 16:31 ба вақти Душанбеб 15 июн барӯз шудааст)

Маҷмуъи орои ахзшуда: 23 милюну 14 ҳазору 873 раъй

Омори саҳеҳ: 22 милюну 224 ҳазору 364

Ҳасани Рӯҳонӣ: 11 милюну 754 ҳазору 13

Муҳаммадбоқири Қолибоф: 3 милюну 494 ҳазору 938

Муҳсин Ризоӣ: 2 милюну 723 ҳазору 202

Саъид Ҷалилӣ: 2 милюну 593 ҳазору 169

Алиакбар Вилоятӣ: 1 милюну 405 ҳазору 543

Муҳаммад Ғаризӣ: 276 ҳазору 499

Наздик ба 50 милюн эронӣ воҷиди шароити раъй буданд, ки ҷонишини Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эронро таъйин кунанд.

То ҳоло беш аз ҳашт милюн оро ҳисоб шуда ва тибқи натоиҷи аввалияи интихобот, ки аз сӯйи вазорати кишвар эълом шуд, Ҳасани Рӯҳонии 64-сола, ки дар сатҳи маҳаллӣ либероли мутавассит маҳсуб мешавад 51.2 дарсади ороро касб кардааст. Муҳаммад Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон дувум ва Саъид Ҷалилӣ севум аст.

Аммо дар интихоботи гузаштаи Эрон дар соли 2009 низ натоиҷи аввалия аз пешсафии ислоҳталаб Мирҳусейн Мусавӣ гузориш медод, аммо дар поёни шумориши оро аз пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод эълом шуд. Мухолифон ин амрро тақаллубкорӣ хонданд, зеро мегуфтанд, ки натоиҷи аввалия орои бузургтарин шаҳрҳои Эронро нишон медод.

Дар ҳоли ҳозир Эрон мунтазири эъломи натоиҷи шумориши орои интихоботи даври ёздаҳуми раёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастнад. Рӯзи ҷумъа интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бо ин ки замонаш чаҳор бор тамдид шуд, соъати 23:00 ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.

Ҳамаи шаш номзади интихоботи мазкур муҳофизакор маҳсуб мешаванд. Аммо яке аз онҳо Ҳасани Рӯҳонӣ дар рӯзҳои ахир талош кард, интихобкунандагонеро, ки тарафдори ислоҳот ҳастанд, ба сӯйи худ ҷалб кунад.

Маҳмуд Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури феълии Эрон ҳаққи гузоштани номзадии худро дар ин интихобот надошт, чун то ҳол пуштисариҳам ду давраи чаҳорсолаи раёсати ҷумҳурии ин кишварро бар ӯҳда дошт.

Дар ин ҳашт соли ахир мушкилоти иқтисодии Эрон бештар шуда ва асари таҳримҳои ғарб алайҳи ин кишвар, ки дар муқобала бо барномаи ҳастаии Эрон вазъ шуда, шадидтар эҳсос шудааст.

Раъйдиҳандаи зиёд

Дар Эрон ҳудуди 50 милбн нафар воҷиди шароити раъй ҳастанд. Аммо ҳавзаҳои интихоботӣ барои фароҳам кардани ин шароит ба интихобкунандагон маҷбур шуданд, чаҳор бор замони интихоботро тамдид кунанд.

Ҳавзаҳои интихоботӣ соъати 23:00 ба вақти маҳалллӣ баста шуданд.

Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо раъйи 50.1 дарсади интихобкунандагонро нагирад, пас аз як ҳафта давраи дувуми интихобот баргузор хоҳад шуд.

Мустафо Муҳаммади Наҷҷор, вазири кишвари Эрон дар мусоҳибае бо телевизиюни давлатӣ гуфтааст, ки номзадҳое ки аз шумориши оро норозӣ ҳастанд, то се рӯз имкони ирсоли шикояти худ ба Шӯрои нигаҳбон хоҳанд дошт.

Ислоҳталаби ногаҳонӣ

Ҳамон тавр, ки Ричорд Голпин, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, токтики Ҳасани Рӯҳонӣ боис шуд, то дар фазои интихоботии Эрон аносире аз рақобат эҳсос шавад.

Оқои Рӯҳонӣ дар миёни умум дар бораи зарурати азсаргирии диолуг бо Ғарб суханрониҳое дошт ва ваъда дод, зиндониёни сиёсиро озод ва фазои иттилоъотиро ислоҳ кунад.

Дар натиҷа, касоне, ки мехостанд раъйи худро ба Муҳаммад Ризо Ориф, танҳо номзад аз гурӯҳи ислоҳталабон бидиҳанд, аз оқои Рӯҳонӣ пуштибонӣ карданд.

Оқои Ориф рӯзи сешанбе эълом кард, ки аз ин рақобатҳо ба машварати Муҳаммад Хотамӣ канорагирӣ кардааст.

Ба ин тартиб оқои Рӯҳонӣ баякбор аз тарафдории ду раиси ҷумҳурии қаблӣ - Муҳаммад Хотамӣ ва Ҳошими Рафсанҷонӣ, ки мехост номзадиашро дар интихобот гузорад, вале радди салоҳият шуд, бархурдор шуд.

Машруъияти интихобот

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке аз нахустин касоне буд, ки субҳи ҷумъа раъйи худро ба сандуқи раъй андохт. Ӯ дар вокуниш ба гузоришҳои марбут ба нашинохтани ин интихобот аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида гуфт, “миллат ҳамеша худаш ташхис дода, ки ба чӣ чизе ниёз дорад ва маслиҳати кишвар чист ва бар ҳамон асос низ интихоб кардааст.”

Дар ёздаҳумин давраи аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳеҷ нозири интихоботии байналмилалӣ ҳузур надоранд ва гузориш шудааст, ки пушиши ҷараёни таблиғоти қаблазинтихоботӣ тавассути расонаҳо мунсифона набудааст.

Рӯзи панҷшанбе Би-би-сӣ Теҳронро дар эъмоли даври тозае аз фишорҳои бар коркунони ин созмон муттаҳам кард.

Дар баёнияи Би-си-сӣ омада, ки нерӯҳои амниятӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон бастагони умдае аз коркунонро эҳзор кардаанд ва бо таҳдиди онҳо сайъ мекунанд, ки хабаррасонии озоди ин шабакаро мухтал кунанд.

Мақомоти Эрон ҳануз ба ин баёния посух надодааст.

Зимнан, бисёреҳо дар Эрон натоиҷи интихоботи соли 2009-ро муҳандисишуда донистанд. Аммо вазъи ҳаракате, ки дар пайи эътирозҳо ба натоиҷи ин интихобот таъсис шуда буд, ҳоло бӯҳронӣ буда ва пас аз радди салоҳият шудани Ҳошими Рафсанҷонӣ афроди норозӣ аз низом дар фикри таҳрими интихоботи кунунӣ шуда буданд.

Матолиби муртабит