Ҳузури Гарӣ Каспаров дар шатранҷи интихоботи Эрон

  • 12 Июн, 2013
Гарӣ Каспаров
Image caption Гарӣ Каспаров дар рӯзҳои гузашта ба далели "фуқдони амнияти сиёсӣ" Русияро тарк кардааст.

Гарӣ Каспаров, қаҳрамони собиқи шатранҷи дунё вебсойтеро роҳандозӣ карда барои инки мардуми Эрон битавонанд, басурати интернетӣ дар интихоботе ба гуфтаи ӯ “амн, одилона ва озод” ширкат кунанд ва ба яке аз бист номзаде, ки дар ин вебсойт муаррифӣ шудаанд, раъй бидиҳанд.

Дар миёни ин номзадҳо илова бар ҳашт номзаде, ки таъйиди салоҳият шудаанд, афроде мисли Муҳаммад Хотамӣ, Мирҳусайни Мусавӣ, Меҳдӣ Каррубӣ, Ҳошими Рафсанҷонӣ, Мустафо Тоҷзода, Ҷаъфар Паноҳӣ, Ризо Раҳлавӣ ва марям Руҷуӣ дида мешаванд.

Дар миёни фаъъолон ҳуқуқи башар номи Насрин Сутуда ва Наргис Муҳаммадӣ эълом шудааст. Исфандиёр Раҳим Машоъӣ ҳам дар миёни бист номзад аст.

Вебсойти “Мо интихоб мекунем” мегӯяд, бар асоси таъаҳҳуди ҷумҳурии исломӣ ба эъломияи ҳуқуқи башар роҳандозӣ шуда, ки бар асоси он “иродаи мардум бояд мабнои иқтидори ҳукумат бошад ва дар интихоботи воқеъӣ ва давраӣ намуд пайдо кунад.”

Гарӣ Каспаров устоди бузург ва қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон дар соли 2005 барои инки тамоми вақт ба фаъъолияти сиёсӣ ва навиштан бипардозад аз шатранҷи ҳирфаӣ канорагирӣ ва ҷабҳаи иттиҳоди маданиро роҳандозӣ кард.

Ӯ дар соли 2007 қасд дошт, барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия номзад шавад, аммо аз ширкат дар интихобот канорагирӣ кард.

Гарӣ Каспаров, ки яке аз мухолифони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аст, соли гузашта вебсойти “мо интихоб мекунем”-ро барои инки тамоми шаҳрвандони дунё имкони раъй додани озод ва одилона дошта бошанд роҳандозӣ кардааст.

Гарӣ Каспаров дар рӯзҳои гузашта ба далели "фуқдони амнияти сиёсӣ" Русияро тарк кардааст.

Ӯ дар мавриди вебсойти "Мо интихоб мекунем" гуфтааст, “Барои риъояти инсоф ва бетарафӣ, ин пойгоҳ фақат бо будҷеи хусусӣ ва бидуни будҷеи давлатӣ роҳандозӣ шуда ва мудирияти онро кумитаи ҷаҳонии “Мо интихоб мекунем” бар ӯҳда дорад.”

Барои интихоботи Эрон дувоздаҳ нафар аъзои кумитаи “Мо интихоб мекунем” ҳастанд, ки дар миёни онҳо худи оқои Каспаров, Фронсис Фукуёмо, мутафаккири улуми сиёсӣ, Фируз Нодирӣ, донишманди аршади Носо, Нозӣ Ифтихорӣ, муассиси Бунёди кудакони Эрон ва чанд чеҳраи байналмилалии дигар дида мешаванд.

Ин вебсойт иддаъо мекунад, ки барои раъй додани эрониёни дохили кишвар яке аз беҳтарин ва амнтарин системҳои амнияти интернетиро бакор гирифта ва раъйдиҳандагон метавонанд бо амнияти комил раъй бидиҳанд.

Райъдиҳандагон барои раъй додан бояд дар вебсойти раъйи мо шумораи телефуни худро ворид кунанд ва баъд бо куде, ки аз тариқи телефун ё паёмак (SMS) дарёфт мекунанд, метавонанд дар вебсойти “Мо интихоб мекунем” ба номзади худ раъй диҳанд.

Ин вебсойт эълом кардааст, ки ҳозир аст ба эрониёни хориҷ аз кишвар барои роҳандозии ҳавзаҳои раъйгирӣ кумак кунад.

Матолиби муртабит