Замони раъйгирӣ дар интихоботи Эрон се бор тамдид шуд

  • 14 Июн, 2013
Интихобот
Image caption Замони раъйгирӣ дар интихоботи Эрон ду бор тамдид шуд

Ситоди интихоботи вазорати кишвари Эрон бо дархости ҳавзаҳои интихобӣ ва мувофиқати вазири кишвар замони ахзи раъй дар ҳар ду интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои шаҳру рустоҳо барои як соъати дигар тамдид кард.

Қаблан, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои шаҳру рустоҳо ду соъат тамдид шуда ва то соъати 9-и шаб идома ёфт.

Муҳаммад Наҷҷор, вазири кишвар ба расонаҳо гуфтааст, ки дар ин давра аз интихобот эъломи натоиҷ бодиққат ва шаффофияти бештаре нисбат ба давраҳои гузашта ва ҳамчунон босуръати бештаре анҷом мешавад.

Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, аз ҷумлаи ҳудуди 50 милюн эронӣ воҷиди шароити раъйдиҳӣ ҳудуди 80 дарсад дар раъйгирӣ ширкат кардаанд.

Сарнавишти кишвар ва саъодати мардум

Оятулло Хоманаӣ ҳангоми раъй додан дар маҳалли сандуқи сайёри шумораи 110 дар Ҳасанияи Имом Хумайнӣ, маҳалли дидорҳои умумии худ, хостори ҳузури густардаи мардум дар интихобот шуд ва гуфт, мардум бояд донанд, ки сарнавишти кишвар ва саъодати миллат бастагӣ ба ин дорад, ки дар марокизи ахзи раъй ҳузур ёбанд.

Вай афзуд, ки далели “таблиғоти манфӣ ва мутарокуми душманону мухолифон” дар мавриди интихобот дар Ҷумҳурии Исломӣ ин аст, ки ҳузури мардум дар пойи сандуқҳои раъй таъсири асосӣ дорад ва иниқодотеро, ки аз наҳваи гузиниши номзадҳои интихоботӣ ва баргузории интихобот дар Эрон мешавад, рад кард.

Бархе ниҳодҳои байналмилалӣ ва мақомоти хориҷӣ интиқод карда буданд, ки раъйдиҳандагони эронӣ танҳо иҷоза доранд ба касоне раъй диҳанд, ки Шӯрои нигаҳбон интихоб карда ва ин равишро ғайридемукротик дониста буданд. Ин ниҳодҳо ҷилавгирӣ нозирони байналмилалии интихобот, маҳдудияти хабаррасонии расонаҳои дохилию хориҷӣ ва фишор бар мунтақидону мухолифонро низ мавриди интиқод қарор дода буданд.

Оятулло Хоманаӣ бо радди ин интиқодот гуфт: “Душманон” талоши зиёде карданд мардум пойи сандуқҳои раъй наёянд ва поро аз аз коршиканиҳои расонаӣ низ фаротар ниҳоданд ва бо ишора ба изҳороти як мақоми омрикоӣ, ки интихоботи Эронро бо меъёрҳои демукротик мунтабиқ надониста буд, гуфт: “Назари душманон ҳеч гоҳ аҳамияте барои мардуми Эрон надошта ва миллат ҳамеша худаш ташхис дода, ки ба чизе ниёз дорад ва маслиҳати кишвар чист ва бар ҳамон асос низ интихоб кардааст.”

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз раъйдиҳандагон хост, то зуд дар марокизи ахзи раъй ҳозир шаванд, аммо далели тавсияи худро зикр накард.

Бар асоси гузоришҳо теъдоди 60 ҳазор шӯъба ва 130 ҳазор сандуқи раъй дар саросари Эрон барои раъйгирӣ фароҳам шуда ва 290 шӯъбаи раъйгирӣ низ дар хориҷ аз кишвар таъйин шуда буд.

Матолиби муртабит