Вазири иршод хостори назорати амниятии 'ҷиддитар' бар вуруди гузоришгарони хориҷии интихобот шуд
Вазири иршоди Эрон хостори назорати амниятии бештар бар пӯшиши ахбори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Муҳаммад Ҳусейнӣ, вазири иршод ва фарҳанги исломӣ, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфтааст, ки теъдоди зиёде аз хабаргузориҳо, шабакаҳои хабарӣ ва нашрияҳои ҷаҳон хостаанд, ки гузоришгаронеро барои пӯшиши ахбори интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ба Эрон эъзом кунанд.
Оқои Ҳусейнӣ афзудааст, ки дар ҷараёни интихоботи давраи қаблии раёсати ҷумҳурӣ, як хабарнигори исроилӣ зоҳиран бидуни огоҳии дастгоҳҳои амниятӣ ва иттилоъотии Ҷумҳурии Исломӣ тавонист барои гузориши ахбори интихобот ба Эрон ворид шавад.
Вазири иршод гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии давраи қаблӣ ҳам мавриде доштем, ки як хабарнигори саҳюнистӣ дар пӯшиши як кишвари урупоӣ вориди кишвар шуда буд, дастгоҳҳои амниятӣ ва назоратӣ диққат кунанд ва ба мо эълом кунанд ва мо ҳам ба онҳо муҷаввизи вуруд ба Эрон ва фаъъолияти хабарӣ медиҳем."
Оқои Ҳусейнӣ дар мавриди наҳваи хабаррасонии ин хабарнигори исроилӣ изҳори назаре накард.
Хабарнигорони хориҷӣ барои вуруд ва фаъъолияти расонаӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ ниёзманди дарёфти муҷаввизи вазорати иршод ҳастанд ва визои вуруд ба онон бар асоси ин муҷаввиз содир мешавад.
