'Таҳрим бар риёл ба тиҷорати миёни Тоҷикистону Эрон асар надорад'

  • 6 Июн, 2013
Колоҳои Эрон
Image caption Бахши аслии намоишгоҳи "Интерлегпром-2013"-ро колоҳои эронӣ ташкил додаанд

Тоҷирони эронӣ дар намоишгоҳи санъатии “Интерлегпром - 2013” дар Душанбе гуфтанд, ки таҳримҳои ахири Омрико бар риёл, пули миллии Эрон, бахши воридоти ин кишварро осебпазир карда, аммо ба доду гирифти миёни Тоҷикистону Эрон, ки бо дулор сурат мегирад таъсири манфӣ нахоҳад расонад.

Соҳибкорони эронӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 6-уми июн, дар маросими гушоиши намоишгоҳи “Интерлегпром - 2013” дар шаҳри Душанбе бо Би-би-сӣ сӯҳбат мекарданд, гуфтанд, таъсири таҳримҳои Омрико ва Урупо, ба вижа асари коҳиши арзиши риёл ба ҷомеъаи Эрон дарднок будааст.

Ҳамиди Саломат, масъули ширкати тавлидкунандаи маводди сохтмонӣ гуфт: “Таҳрим бар риёл барои тоҷироне, ки масалан ҷинс содир мекунанд, асаре надорад. Зеро дар сурати содир кардани колоҳо ба хориҷ, аз ҷумла ба Тоҷикистон муъомилот бо дулор сурат мегирад. Арзиши риёл поён биёд содирот беҳтар мешавад.”

Оқои Саломат афзуд, ки таҳрим бар риёл ба арзиши колоҳои воридотӣ таъсири манфӣ ва дар маҷмӯъ ба тиҷорату тавлидот дар дохили Эрон асари номатлуб хоҳад дошт.

Як мақоми эронӣ, ки тоҷирони ин кишварро ба намоишгоҳи “Интерлегпром-2013” ҳамроҳӣ мекунад ва аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд: “Дар пайи уфти арзиши риёл мардуме, ки дар ҳавзаи тавлидот кор мекарданд, маҷбур ҳастанд арзи босубот, мисли дулор, юру ё тило харидорӣ кунанд, то дар пайи уфти риёл хисороти ҷиддӣ набинанд. Ба ин тартиб, ҳаҷми зиёди пул аз ҳавзаи тавлид хориҷ шуда ва тавлидот осеб хоҳад дид.”

Image caption Оқои Умронӣ мегӯяд: "Ҳар қадар сахтиҳо бештар шавад, ҳамон қадар бештар рушд мекунем."

Аммо Муҳаммад Умронӣ, мудири омили ширкати намоишгоҳии “Роҳи рушди Осиёӣ” гуфт, таҳримҳои ҷадиди Омрико барои кишвари бузурге чун Эрон бо манобеъи фаровон асари ҷиддӣ нахоҳад дошт. Ӯ гуфт: “Ҳар қадар сахтиҳо бештар шавад, ҳамон қадар бештар рушд мекунем.”

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Кохи Сафед таҳримҳои ҷадиде бар риёл ва санъаи худравсозии Эрон вазъ кард.

Дар баёнияи Кохи сафед омадааст: "Дар пайи таҳримҳои ҷомеъи мо риёли Эрон аз оғози соли 2012 ниме аз арзиши худро аз даст додааст, аммо ин нахустин бор аст, ки истифода аз пули Эрон барои тиҷорат ба сурати мустақим мавриди таҳрим қарор мегирад."

Намоишгоҳи “Интерлегпром - 2013” дар шаҳри Душанбе ба далели таъхир дар расидани комюнҳои колоҳои Эрон ба Тоҷикистон бо як рӯз таъхир гушоиш ёфт.

Ин амр ба далели мушкилоти убури ин комюнҳо аз қаламрави Узбакистон сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, дар роҳи оҳани Ӯзбакистон колоҳои се ширкати “Сервигоз”, нассоҷии “Фирдавс” ва тавлиди филиз боздошт шуда, копсулҳои гоз, либосҳои зери мардона ва фаршҳои ҷойнамоз мусодира шудааст.

Тоҷирони эронӣ ин амали давлати Ӯзбакистонро “роҳзанӣ” хонда ва онро ба қавонини байналмилалии тиҷорат ва тронзит муғойир арзёбӣ карданд.

Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ки ин иттифоқот навъе эҳтиром нагузоштан ба қавонину муқаррароти байналмилалӣ буда ва ин мавзӯъ аз роҳҳои диплумотик пайгирӣ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит