Эрон дахолат дар нооромии сиёсии Туркияро такзиб кард

Давлати Эрон дахолат дар нооромиҳои Туркияро такзиб кард.
Аббоси Ироқчӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар нишасти хабарӣ дар рӯзи чаҳоршанбе, 15 хурдод (5 июн) дар вокуниш ба хабари боздошти як табаъаи Эрон дар Туркия ҳар гуна дахолати Ҷумҳурии Исломӣ дар нооромиҳои ахири он кишварро такзиб кард.
Оқои Ироқчӣ афзудааст, ки вазорати хориҷа аз тариқи расонаҳои хабарӣ аз боздошти шаҳрванди эронӣ дар Туркия огоҳ шуда ва аз давлати Туркия хостааст дар мавриди сиҳҳат ва суқми ин гузориш тавзеҳ диҳад.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки агар эронӣ будани фарди боздоштӣ муҳраз шавад, сафорати Эрон хостори дастрасии кунсулӣ ба ӯ хоҳад шуд.
Рӯзи гузашта вебсойти телевизиюни давлатии Туркия гузориш кард, ки як шаҳрванди эронӣ ба номи Шоён Шомлу ба иттиҳоми таҳрики тазоҳуроткунандагон дар майдони Қизилойи шаҳри Онкоро, пойтахти Туркия дастгир шудааст.
Бар асоси ин гузориш нерӯҳои амниятии Туркия итилоъ ёфтаанд, ки афроде аз бархе кишварҳо ба манзури таҳрики тазоҳуркунандагони зиддидавлатӣ вориди Туркия шудаанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки эътирозоти Туркия як мавзуъи дохилии он кишвар аст ва Ҷумҳурии Исломӣ умедвор аст ин нооромиҳо ба сурати мусолиматомез ҳаллу фасл шавад.
Тазоҳуроти эътирозии Туркия шаш рӯз пеш дар мухолифат бо як тарҳи эҷоди як муҷтамаъи тиҷорӣ дар маҳалли як порк дар Истонбул оғоз шуд, аммо даргирии нерӯҳои пулис ва тазоҳуркунандагонро дар пай овард.
Дар идомаи ин тазоҳурот шаҳрҳои мухталифи Туркия дар рӯзҳои ахир маҳалли баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ алайҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазир буда, ки давлати исломгарои ӯро ба худраъйӣ ва талош барои тазъифи демукросӣ ва таҳмили завобити исломӣ бар он кишвар муттаҳам кардаанд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раҳбари ҳизби исломгарои Адолат ва тавсеъа аз соли 2003 то кунун симати нахуствазириро дар ихтиёр дошта ва дастоварди қобили таваҷҷуҳе дар ҳали мушкилоти иқтисодии Туркия ва тақвияти нақши байналмилалӣ ва минтақаии ин кишвар доштааст.
Оқои Эрдуғон ва ҳизби Адолат ва тавсеъа таъкид доштаанд, ки ба демукросӣ ва низоми сиёсии Туркия вафодор ҳастанд, аммо ба гуфтаи мунтақидон давлат дар садади таҳмили як режими динӣ бар мардуми Туркия будааст.
Дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзҳои ахир садҳо тан аз муътаризон ба иттиҳоми иғтишошот ва таҳрики тазоҳуркунандагон ба иқдомоти хушунатомез боздошт шудаанд.
Мухолифони давлати Туркия ин иттиҳомро рад карда ва телевизиюнии давлатии ин кишварро муттаҳам кардаанд, ки дар гузориши ахбори тазоҳурот бетарафиро риоят намекунад ва ба хусус аз гузориши дақиқи иқдомоти хушунатомези нерӯҳои амниятӣ худдорӣ кардааст.
То чанд соли ахир давлатҳои Эрон ва Туркия равобити дӯстонае доштанд, аммо мавзеъгириҳои мутазоди ду тараф дар қиболи буҳрони сиёсии Сурия боъиси тирагии равобити дуҷониба шудааст.
Давлати исломгарои Туркия аз мухолифони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия ҳимоят мекунад, аммо Ҷумҳурии Исломӣ тарафдори оқои Асад аст .
