Яке аз муътаризони майдони Тақсим даргузашт

  • 3 Июн, 2013
Image caption Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бори дигар хостори барқарории оромиш дар кишвар шудааст

Яке аз муътаризони чапгарое, ки дар рӯзҳои ахир ба майдони Тақсими Истонбул омадаанд, даргузашт.

Маҳмат Вой муътаризе буд, ки дирӯз дар тасодуф бо мошине, ки ба миёни муътаризон рафта буд, захмӣ шуд ва имрӯз даргузашт. Мушаххас нест, ки ин мошин мутааллиқ ба чӣ касе будааст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия бори дигар хостори барқарории оромиш дар кишвар шудааст.

Ӯ, ки дар кунфаронсе хабарӣ дар фурудгоҳи Истонбулва қабл аз тарки кишвар барои дидоре расмӣ аз Марокаш суҳбат мекард, аз мардум хост то таҳти таъсири эътирозоте, ки ба гуфтаи ӯ тавассути "аносури тундрав" созмондиҳӣ шуда, қарор нагиранд.

Нахуствазири Туркия афзуд, ки ин иқдомот чеҳраи Туркияро дар ҷаҳон махдуш хоҳад кард.

Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳури Туркия ҳам аз муътаризон хоста, то ба эътирозоти худ поён диҳанд. Хабаргузории Анатолия ба нақл аз оқои Гул навиштааст: "демукросӣ танҳо ба маънои баргузории интихобот нест."

Жиёр Гул, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Истонбул мегӯяд: "Лаҳни оқои Эрдуғон барои мо, ки таҳаввулоти баҳори арабиро пӯшиш додаем бисёр ошност, аммо фарқи оқои Эрдуғон бо раҳбарони кишварҳои арабӣ ин аст ки ӯ ба сурати демукротик ва бо раъйи мардум интихоб шуда, вале мунтақидон мегӯянд нахуствазири коризмотики Туркия дар чанд соли гузашта нуфузи Туркияро дар кишварҳои минтақа афзоиш дода, аммо рафтори ғайридемукротик доштааст."

Эътирозоти густарда дар Истонбул ва чандин шаҳри Туркия аз ҷумъаи (31 май) ва дар эътироз ба тарҳи давлат мабнӣ бар сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар маҳалли порки Гезӣ дар Истонбул оғоз шуд.

Аммо ин эътирозот басуръат ҷанбаи сиёсӣ ба худ гирифт ва ба шаҳрҳои дигар аз ҷумла Онкоро ва Измир кашида шуд.

Гузоришҳо аз идомаи даргирии байни пулис ва муътаризони зиддидавлатӣ тайи шаби гузашта дар шаҳрҳои мухталиф ҳикоят дорад.

Гуфта шуда, ки пулис бо тавассул ба гози ашковар дар садади мутаваққиф кардани муътаризоне баромад, ки субҳи имрӯз ба самти дафтари нахуствазир дар Истонбул дар ҳаракат буданд.

Давлати Туркия пештар эълом кард, ки дасти кам 1700 муътаризро боздошт кардааст.

Муътаризон, ки умдатан ҷавон ҳастанд, давлати Туркияро ба истибдод ва талош барои исломӣ кардани кишвар муттаҳам мекунанд.

Ин яке аз бузургтарин эътирозҳо алайҳи давлати Туркия дар солҳои ахир аст.

Вокуниш ба эътирозот

Олмон хостори барқарории оромиш дар Туркия шудааст. Дар ҳамин робита Истефон Шиберт, сухангӯи давлати Олмон дар кунфаронси хабарие гуфт: "Бисёр муҳим аст ки дар шароити феълӣ тамомии гурӯҳҳо аз худ оромиш нишон диҳанд."

Сухангӯи давлати Олмон ҳамчунин таъкид кард кард, ки ин кишвар "бо нигаронӣ" ҳаводиси Туркияро дунбол мекунад.

Оқои Шибер афзуд озодии баён ва ақида аз "ҳуқуқи ибтидоӣ" дар як ҷомеъаи демукротик аст ва мақомоти амниятӣ бояд амалкарде "муносиб" дошта бошанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ин хушунатҳо "таъсири мустақиме" бар талошҳои Туркия дар мавриди пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо надорад.

Туркия аз соли 2005 расман талошҳояшро барои пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо оғоз карда, аммо дар солҳои ахир ба далели авомили мухталиф аз ҷумла вазъияти ҳуқуқи башар натавониста ба ин иттиҳодия бипайвандад.

Дар ҳудуди се миллиюн турк дар Олмон зиндагӣ мекунанд, ки намояндаи бузургтарин ақаллияти нажодӣ дар он кишвар ҳастанд.

Пештар Омрико аз наҳваи бархурди мақомҳои Туркия бо тазоҳуроти Истонбул ва захмӣ шудани муътаризон изҳори нигаронӣ карда буд.

Афви байналмиллал ҳам аз он чӣ ки ‌"истифодаи беш аз ҳад аз зӯр тавассути пулис" номида, интиқод кард.

Матолиби муртабит