Даргириҳои хушунатомез миёни пулис ва муътаризон дар Туркия

  • 1 Июн, 2013
Туркия

Даргириҳои хушунатомез миёни пулис ва тазоҳуркунандагони мухолифи давлат дар шаҳрҳои мухталифи Туркия дар тули шаби гузашта ва имрӯз шанбеи 1-уми июн ҳамчунон идома доштааст.

Конуни нооромиҳо шаҳри Истонбул аст, ки аз 24 соъат қабл то кунун саҳнаи рӯёрӯиҳои хашмгин будааст. Нерӯҳои пулис дар маркази Истонбул, шаҳри аслии Туркяи бо ҳазорон тазоҳуркунанда даргир шуданд.

Пулис дар Истонбул барои мутафарриқ кардани муътаризон бо истифодаи аз ҳеликуптер ва гози ашковар мутавасил шуда, аммо теъдоди бештаре аз муътаризон дар ҳоли ҷамъ шудан дар майдонҳои аслии шаҳр ҳастанд.

Дар Онкоро низ ҳангоме, ки муътаризон ба сӯйи сохтмони порлумон дар ҳаракат буданд, даргирриҳое рух дод.

Дар шаҳрҳои Қуния ва Измир низ тазоҳуроти эътирозӣ барпо шудааст.

Эътироз дар Истонбул лар ҳоли афзоиш аст ва ҳазорон нафар ҳамчунон дар ҳоли убур аз пули Бусфур, ки бахши осиёии Истонбудро бо бахши урупоии он васл мекунад, ҳастанд. Онҳо мехоҳанд ба ҷамъияте мулҳақ шаванд, ки ба тарҳи табдили Порки “Қазӣ”-и майдони Тақсим ба маркази харид эътироз доранд.

Муътаризон аз чаҳор рӯз қабл дар ин порк гирди ҳам омадаанд.

Пулис бо истифода аз гози ашковар ва гулулаи обпош саъй дошта муътаризонро мутафарриқ кунад ва беш аз сад нафар захмӣ гузориш шудааст.

Тасовири телевизиюнии рӯзи шанбе низ нишон медиҳад, ки барои мутафарриқ шудани муътаризон муҷаддадан аз гози ашковар истифода шудааст.

Пулҳои шаҳр ба рӯи рафту омади худравҳо баста шуда ва васоили нақлиёти умумӣ кор намекунад.

Дар пайи бурузи ин эътирозҳо як додгоҳ дар Истонбул ҳукм дода, ки тарҳи қатъи дарахтони порк феълан мутаваққиф шавад.

Давлат ва нерӯи амниятии Туркия муттаҳам шудаанд, ки дар мувоҷеҳа бо эътирозот ба хушунат мутавасил шудаанд.

Омрико аз наҳваи бархурди мақомҳои Туркия бо тазоҳуроти Истонбул ва захмӣ шудани муътаризон изҳори нигаронӣ кардааст.

Созмони Афви Байналмилал ҳам аз ончи ки “истифодаи беш аз ҳадд аз зӯр тавассути пулис” номида, интиқод кардааст.

Муъаммар Гулер, вазири кишвари Туркия қавл дода, ки ба иттиҳомоте, ки алайҳи нерӯи пулис матраҳ шуда расидагӣ кунад.

Матолиби муртабит