Оромиши нисбӣ дар Туркия пас аз ду рӯзи эътирози густарда

Муъаммар Гулар, вазири кишвари Туркия гуфтааст 53 шаҳрванди муътариз ва 26 нафар аз маъмурони пулис дар даргириҳои ду рӯзи гузашта маҷруҳ шудаанд.
Аммо пас аз ду рӯзи даргирии байни пулис ва мӯътаризон тозатарин гузоришҳо аз оромтар шудани авзоъ ҳикоят дорад.
Дар ҷараёни ин эътирозот, ки аз он ба унвони бузургтарин эътирозоти зиддидавлатӣ дар чандин соли гузашта ёд шуда, беш аз 900 нафар дастгир шудаанд.
Оқои Гулар гуфта теъдоде аз боздоштиён озод шудаанд ва теъдоде дигар муҳокима хоҳанд шуд.
Бано бар гузоришҳои дарёфтӣ дар ҳоли ҳозир чанд сад нафар ҳамчунон дар майдони Тақсим, майдони марказии шаҳри Истонбул ҳузур доранд.
Майдони Тақсим маркази таҷаммуъи муътаризон дар тайи чанд рӯзи гузашта будааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Истонбул бо ишора ба ду рӯзи гузашта аз эҳтимоли баргузории таҷаммуъоти эътирозӣ тайи соъоти оянда дар шаҳри Истонбул хабар додааст.
Даргириҳо дар Туркия аз чанд рӯз пеш ва дар эътироз ба сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар порки Гезӣ, дар Истонбул оғоз шуд, аммо сипас ин эътирозот ҷанбаи сиёсӣ ба худ гирифт.
Муътаризон, ки умдатан ҷавон ҳастанд, давлати Туркияро ба истибдод ва талош барои исломӣ кардани кишвар муттаҳам мекунанд.
Ин даргириҳо дар ибтидо дар Истонбул оғоз шуд, аммои батадриҷ ба шаҳрҳои Измир, Онкоро, Онтолиё ва Қуния ҳам кашида шуд.
Пулис дар бархурд бо мӯътаризон ба гози ашковар ва мошинҳоии обпош мутавассил шудааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия зимни дархости поён додан ба эътирозот гуфт пулис дар тавассул ба зӯр нисбат ба мӯътаризон дучори иштибоҳ шудааст.
Оқои Эрдуғон пешниҳоди музокира бо муътаризонро додааст, аммо хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки раҳбарии ин эътирозот мушаххас нест.
