Аъзои чанд иттиҳодия дар Туркия ду рӯз эътисоб хоҳанд кард

  • 4 Июн, 2013

Конфедеросиюни Иттиҳодияҳои Кормандони бахши умумии Туркия эълом крадааст, ки аъзояш ба нишони ҳамроҳӣ бо муътаризон, рӯзи сешанбе ва ҷаҳоршанбе эътисоб хоҳанд кард.

Конфедеросиюни чапгарои Кеск, ки намояндагии 240 ҳазор кормандро бар ӯҳда дорад, давлати Туркияро ба "террурисм алайҳи мурдуми худ" муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, ки эътисоби дурӯзаи аъзои иттиҳодияҳо бар ирояи хадамот дар мадорис, донишгоҳҳо ва дафотири давлатӣ таъсир бигзорад.

Дар баёнияе, Конфедеросиюни Кеск эълом кард: "Рафтори хушунатомези давлат алайҳи эътирозҳои комилан сулҳомез ба гунае идома дорад, ки зиндагӣ ва амнияти мардуми одиро ба мухотара меандозад".

Ин конфедеросиюн ки намояндагии 11 иттиҳодияро бар ӯҳда дорад, давлатро ба таҳдиди демукросӣ дар кишвар муттаҳам кардааст.

Марги дувумин муътариз

Ҳамзамон эътирозҳо ва даргирӣ бо пулис ҳамчунон дар Туркия идома дорад.

Дафтари фармондори Антокия марги дуюмин тазоҳуркунандаро таъйид кардааст.

Ба гуфтаи ин дафтар Абдуллоҳ Ҷумерти 22-сола ки узви шохаи ҷавонони ҳизби ҷумҳурихоҳи халқ буда, дар тазоҳурот захмӣ шуда ва муддате кутоҳ баъд аз он даргузаштааст.