Ҳасани Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон шуд

Вазири кишвари Эрон эълом кард, ки Ҳасани Рӯҳонӣ бо касби аксарияти мутлақи орои ёздаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон пирӯз шудааст.
Мустафо Муҳаммад Наҷҷор имрӯз (15 июн) дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, ки Ҳасани Рӯҳонӣ тавонистааст бо касби 18 милюну 613 ҳазору 329 раъй аз маҷмӯъи 36 милюну 704 ҳазору 156 раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ба пирӯзӣ бирасад.
Оқои Рӯҳонӣ номзади мавриди ҳимояти гурӯҳҳои ислоҳталаб ва миёнарав дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон буд.
Натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон бояд ба таъйиди расмии Шӯрои нигаҳбон бирасад. Маросими тафйизи раиси ҷумҳур пас аз таъйиди Шӯрои нигаҳбон тавассути раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ анҷом мешавад.
Тибқи эъломи вазири кишвари Эрон дар ин интихобот 73.7 дарсади воҷидини шароит дар интихобот ширкат кардаанд.
Ӯ теъдоди воҷидони шароити раъй доданро беш аз 50 милюн нафар эълом кард.
Оқои Наҷҷор гуфт, ки баъд аз оқои Рӯҳонӣ, Муҳаммад Боқир Қолибоф бо касби 6 милюну 77 ҳазору 293 раъй нафари дувум ва Саъид Ҷалилӣ бо касби 4 милюну 168 ҳазору 936 раъй нафари севум шудааст.
Дар ин интихобот Муҳсини Ризоӣ 3 милюну 884 ҳазору 413 раъй, Алиакбар Вилоятӣ 2 милюну 267 ҳазору 753 раъй ва Муҳаммад Ғаразӣ 446 ҳазору 15 раъй касб карданд.
