Раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон идома дорад

  • 14 Июн, 2013
интихоботи Эрон
Image caption Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, ҳангоми додани раъй, интиқод аз ғайридемукротик будани ин интихоботро маҳкум кард.

Раъйгирӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллии Эрон оғоз шуда ва расонаҳои дохилӣ ҳузури мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ дар марокизи ахзи раъйро гузориш кардаанд.

Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ҳангоми додани раъй, интиқод аз ғайридемукротик будани ин интихоботро маҳкум кард.

Раъйгирӣ дар интихоботи ёздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои шаҳру рустоҳо дар Эрон дар соъоти аввалияи рӯзи ҷумъа расман оғоз шудааст.

Марокизи раъйгирӣ дар Эрон кори худро аз соъати ҳашти субҳ ба вақти Теҳрон оғоз карда ва ба муддати 10 соъат мардум метавонанд орои худро ба сандуқ биандозанд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷумлаи касоне буд, ки дар лаҳазоти аввали оғози раъйгирӣ, раъйи худро ба сандуқ андохт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳангоми раъй додан дар маҳалли сандуқи саёри шумораи 110 дар Ҳусайнияи Ҷаморон маҳалли дидорҳои умумии худ, хостори ҳузури густардаи мардум дар интихобот шуд ва гуфт мардум бояд бидонанд, ки сарнавишти кишвар ва саъодати миллат бастагӣ ба ин дорад, ки дар марокизи ахзи раъй ҳузур ёбанд.

Бархе ниҳодҳои байналмилалӣ ва мақомоти хориҷӣ интиқод карда буданд, ки раъйдиҳандагони эронӣ танҳо иҷоза доранд ба касоне раъй бидиҳанд, ки шӯрои нигаҳбон интихоб карда ва ин равишро ғайридемукротик дониста буданд.

Ин ниҳодҳо ҷилавгирӣ аз ҳузури нозирони байналмилалии интихобот, маҳдудияти хабаррасониҳои дохилӣ ва хориҷӣ ва фишор бар мунтақидони ва мухолифонро низ мавриди интиқод қарор дода буданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо радди ин интиқодот гуфт. “душманон” талоши зиёде карданд, мардум пойи сандуқҳои раъй наёянд ва поро аз коршиканиҳои расонаӣ низ фаротар ниҳоданд ва бо ишора ба изҳороти як мақоми омрикоӣ, ки интихоботи Эронро бо меъёрҳои демукротик мутобиқ надониста буд, гуфт: “назари душманон ҳеҷ гоҳ аҳамияте барои мардуми Эрон надошта ва миллат ҳамеша худаш ташхис дода, ки ба чизе ниёз дорад ва маслиҳати кишвар чист ва бар ҳамон асос низ интихоб кардааст.”

Раҳбари ҷумҳурии исломӣ аз раъйдиҳандагон хост, то зуд дар марокизи ахзи раъй ҳозир шаванд, аммо далели тавсияи худро зикр накард.

Рӯзи ҷумъу интихоботи намояндагони шӯроҳои шаҳру русто низ баргузор мешавад ва Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт, ки дар интихоботи шаҳр ва русто “ба 31 нафар раъй додам, ки бархе аз онҳоро аз наздик мешинохтам ва бархе афроди дигарро бар асоси эътимод ба яке аз феҳристҳо интихоб кардам.

Ишораи ӯ ба феҳристи номзадҳои мавриди назар ташкилҳо ва ҷиноҳҳои мухталиф аст, ки мунташир ва ба раъйдиҳандагон тавсия мекунанд.

Раҳбари ҷумҳурии исломӣ дар мавриди интихоби раиси ҷумҳурӣ ҳам гуфт: “Барои раёсати ҷумҳурӣ ҳам як нафар аз ҳазаротро, ки ба зеҳнам расид, интихоб кардам, ба касе ҳам нагуфтам, ҳатто касони наздик ва хонаводаи ман ҳам муталеъ нестанд, ба чӣ касе раъй додаам.”

Тибқи қонуни интихоботи Эрон дар сурати лузум, муддати раъйгирӣ метавонад тамдид шавад.

Бар асоси гузоришҳо теъдоди 60 ҳазор шӯъба ва 130 ҳазор сандуқи раъй дар саросари Эрон барои раъйгирӣ фароҳам шудааст.

290 шӯъбаи раъйгирӣ низ дар хориҷ аз кишвар таъйин шудааст.

Дар ин интихобот ҳудуди 50 милюн эронӣ воҷиди шароити раъйдиҳӣ ҳастанд.

Матолиби муртабит