Ҳомид Карзай баргузории интихоботи Эронро табрик гуфт

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро муваффақиятомез хонда ва онро ба раҳбари давлат ва мардуми Эрон табрик гуфт.
Дар хабарномаи имрӯзи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон омада, ки оқои Карзай баргузории интихоботи Эрон дар фазои сулҳу оромиш ва мушорикати густардаи мардуми ин кишвар ибрози хурсандӣ карда ва онро гоме дар ҷиҳати тақвияти бештари мардумсолорӣ дар ин кишвар донист.
Оқои Карзай умедворӣ карда, ки бо оғози кори давлати ҷадид, равобити миёни Афғонистон ва Эрон ба унвони ду кишвари “бародар ва ҳамсоя” бештар аз гузашта густариш ёбад.
Мутобиқи натоиҷе, ки то кунун эълом шуда, Ҳасани Рӯҳонӣ, кондидои мавриди ҳимяти ислоҳталабон, пештози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст.
Тибқи қонуни интихобот, вай бояд беш аз ниме аз кулли орои ахзшударо ба даст биёрад.
Дар вазъияти феълӣ мизони каме тағйир дар орои Ҳасани Рӯҳонӣ мумкин аст боис шавад, ки натиҷаи интихобот дар марҳилаи аввал мушаххас шавад ё сарнавишти он ба марҳилаи дувуми интихобот кашида шавад.
