Сафари диплумотҳои Тоҷикистон ба Теҳрон

Як ҳайъати диплумотики Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир машғули дидору гуфтугӯ бо ҳамтоёни эронии худ дар Теҳрон буданд.
Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов, муъовини ин вазоратхона дар раъси як ҳайъати диплумотики ин кишвар бо мақомоти вазорати хориҷаи Эрон мулоқотҳо анҷом дода ва дар бораи тавсеъаи ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугӯ кардааст.
Ин ҳайъат ба манзури баргузории мулоқотҳо бо диплумотҳои эронӣ рӯзи якшанбеи 5-уми май вориди Теҳрон шуд. Дар мулоқоти ҳайъати тоҷикистонӣ бо Алиакбар Солеҳӣ, вазири хориҷаи Эрон таъкид шудааст, ки барои ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бояд такони тоза бахшида шавад.
Эрон яке аз бузургтарин сармоягузорон дар иқтисоди Тоҷикистон аст. Қаблан вазорати иқтисоди Тоҷикистон аз таъсири эҳтимолии таҳримҳо алайҳи Эрон ба ҳамкориҳои иқтисодии миёни ин кишвар ва Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Ахиран ширкати "Ҳолдинг Кантгруп Тоҷикистон" низ аз эъломи таҳрими вазорати дороии Омрико алайҳи бонки "Kont Investment", ки Бобак Занҷонӣ, милиёрдери эронӣ муассиси он буд, ибрози нигаронӣ кард.
Сухангӯи ин ширкат таъкид кард, ки фаъъолияти бонки сармоягузории “Kont Investment” дар чаҳорчӯби қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ амалӣ мешавад ва дар тавсеъаи иқтисоди Тоҷикистон саҳми муҳимм доштааст.
