Поёни умури сохтмонӣ дар нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"

Манобеъи ширкати "Фароб"-и Эрон иттилоъ доданд, ки чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди озмоиши ниҳоӣ қарор гирифтааст.
Сайид Асғарӣ, масъули умури сохтмонии "Сангтӯда-2", рӯзи чаҳоршанбеи 4 сентябр гуфт, ки дар поёни ҳафтаи гузашта умури сохтмонӣ ва насби чархаи дувуми ин нерӯгоҳ анҷом шуда ва ҳоло озмоиши ниҳоӣ идома дорад.
Оқои Асғарӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки интизор меравад то поёни ҳафтаи ҷорӣ ин озмоиш ҳам анҷом ёфта ва турбини дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Ин масъули сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" афзуд, ки дар тӯли як ҳафтаи ахир турбини дувум чанд маротиба ба шабакаҳои барқи Тоҷикистон пайваст карда шуда ва дар интиқоли нерӯи барқ мушкиле эҷод нашудааст.
Бо ин вуҷуд, оқои Асғарӣ мушаххасан нагуфт, ки оё расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дувуми "Сангтӯда-2" бо ширкати мақомоти баландпояи ду кишвар баргузор хоҳад шуд ё хайр.
Аз сӯйи дигар, ширкати энержии "Барқи тоҷик" тӯли ду соли ахир барои барқи тавлиди чархаи нахусти ин нерӯгоҳ камтар аз 30 милюн дулор бидеҳкор аст ва то ҳол ин мушкил рафъ нашудааст.
Сайид Асғарӣ аз ироаи омори дақиқ дар ин замина худдорӣ кард, вале гуфт, ки ин бидеҳиҳо "қобили мулоҳиза ва мушобеҳи бидеҳиҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аст".
Оқои Асғарӣ афзуд, ки алорағми дархостҳои мукаррари ширкати "Фароб" ва сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз ширкати "Барқи тоҷик", масъулони бахши энержии Тоҷикистон то ҳол барномаи мушаххасеро барои бозпас додани бидеҳиҳо ироа накардаанд.
Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи тоҷик", мегӯяд, ки чунин барномае таҳия шудааст ва ҳар моҳ ба ҷониби Эрон маблағи мушаххасе аз ин бидеҳиҳо бозпас гардонда мешавад.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бо сармояи 180-милюндулории давлати Эрон сохта мешавад ва дар тӯли 12,5 сол ин нерӯгоҳ моли давлати Эрон маҳсуб хоҳад шуд.
Дар ин муддат ҷониби Эрон бояд аз тариқи фурӯши нерӯи барқ махориҷи худро бозпас рӯёнад.Сипас, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон гузошта мешавад.
Иҷрои ин тарҳ пайваста бо бурузи мушкилоте рӯбарӯ будааст, ки умдатарини онҳо тавқифи вогунҳои ҳомили колоҳо барои сохтмони ин нерӯгоҳ дар қаламрави Узбакистон буд.
Ин мушкил то ба ҳадде расида буд, ки ҷониби Эрон водор шуд бархе аз таҷҳизоти ин нерӯгоҳро бо ҳавопаймоҳои борбар вориди Тоҷикистон кунад.
Масъулони ширкати "Фароб" мегӯянд, ки агар ин амр иттиофй науфтода буд, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" соли 2012 ба сурати комил фаъъол мешуд. Ва ҳазинаи ин тарҳ низ наметавонист афзоиш ёбад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ҳазинаи ин тарҳ то ба 70 милюн дуллор афзоиш ёфта ва ҷониби Эрон ба дунболи ёфтани роҳҳои бозпас гирифтани харҷи изофӣ аст.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз ду чарха иборат аст, ки ҳар як зарфияти тавлиди 110 меговот барқро дорад. Дар маҷмуъ, ин нерӯгоҳ ба сурати шабонарӯзӣ метавонад 90 меговот/соъат нерӯи барқ тавлид кунад.
Гуфта мешавад, ки обанбори "Сангтӯда-2" чандон бузург нест ва ба ин далел миқдори тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ ба мизони оби рӯдхонаи Вахш бастагӣ дорад.
Агар аз обанбори нерӯгоҳи Норак оби бештаре ҷорӣ шавад, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" низ барқи бештаре тавлид хоҳад кард.
