Хатлон: Занони ноновар ба мардон ниёз надоранд

  • 15 Октябр, 2013
Меҳринисо
Image caption Ҳангоме ки ба манзили Меҳринисо барои мусоҳиба рафтам, ӯ машғули пухтани нон буд

Меҳринисо Эшматова, модари чаҳор фарзанд аз ноҳияи Шарҳритус, дар ҷануби Тоҷикистон, чандин сол боз батанҳоӣ рӯзгори хонаводаашро таъмин мекунад.

Камбуди машоғили доимӣ барои мардон дар ноҳияи Шаҳритус шавҳари Меҳринисоро водор карда, ки ҳамсар ва фарзандонашро танҳо гузорад ва барои дарёфти кор ба Русия муҳоҷират кунад.

Мушкилоти иқтисодӣ тайи ду даҳаи ахир садҳо нафар аз мардонро дар вилояти Хатлон водор сохта, ки барои ҷустуҷӯйи кор ба хориҷ аз Тоҷикистон раванд. Иддае низ дар ин солҳо аз хонаводаҳои худ дур шуда ва ҳатто комилан зан ва фарзандони худро ба буттаи фаромӯшӣ супурдаанд.

Бо хонуми Эшматова дар яке аз ҳамоишҳои созмони ғайридавлатии "Чашма" дар ноҳияи Шаҳритус шинос шудам. Ҳангоме, ки барои мусоҳиба ба манзилаш рафтам, ӯ машғули пухтани нон буд.

"Аз интизорӣ хаста шудем"

Меҳринисо мегӯяд, ки пеш бурдани зиндагии хонавода барои зане, ки таҳсил накарда, мушкил будааст. Ӯ афзуд, ки дар беш аз шаш соли муҳоҷират, шавҳараш ба ӯ пул нафиристода ва танҳо чанде қабл онҳо аз ӯ маблағеро дарёфт кардаанд.

Вай гуфт: "Ман мушкилоти зиёдеро паси сар кардам. Пул набуд, фарзандонам аз гуруснагӣ шикоят мекарданд, ғамгин мешудам ва намедонистам аз куҷо барояшон хӯрок пайдо кунам. Қарз гирифта, орд мехаридаму нон мепухтам ва нонҳоро ба бозор мебурдаму зиндагиямро пеш мебурдам. Ҳоло зиндагиям бад нест. Дигар муҳтоҷи пули шавҳарам нестам."

Мисли Меҳринисо ҳазорҳо зан дар вилояти Хатлон шавҳарони нононвари худро ба муҳоҷират фиристодаанд. Аммо ӯ мунтазири пули шавҳар нашуда ва ба тиҷорат оғоз кардааст.

Вале Гулхумор, зане 30-сола аз ноҳияи Бохтар, бо се фарзандаш дар интизори пули шавҳараш аст. Як сол боз ҳамсараш бо ӯ дар тамос нест ва барои таъмини рӯзгори хонаводааш пул намефиристад.

Гулхумор мегӯяд: "Шавҳарам ваъда дод, ки ба муҳоҷират рафта, бароямон пул мефиристад, вале аз ӯ хабаре нест. Ба ман ҳамсояҳо, падар ва бародаронам кумак мекунанд. Аммо ман худам наметавонам кор кунам, чун мактаб нахондаам ва дониш надорам."

Гулхумор аз интизорӣ ва нодорӣ хаста шудааст. Вай орзу дорад, ки худ ноновари хона шавад, ҳарчанд барои расидан ба ин орзу сармояе дар даст надорад. Ӯ аз гирифтани вом аз бонк низ бим дорад.

"Дигар ба мардон ниёз нест"

Коршиносон мегӯянд, ки дар ҷомеъаи мардсолор ва суннатии Тоҷикистон бисёре аз духтарон аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳо иҷборан дар канор мемонанд ва дар ниҳоят хонашин мешаванд.

Image caption Аксари занон ва духтарон дар вилояти Хатлон мехоҳанд машоғиле пайдо кунанд

Чунин занон ва духтарон маъмулан дастнигари шавҳарон ва ё бародарону падарони худ шуда ва дар сурати танҳо монданашон наметавонанд батанҳоӣ рӯзгори хешро бичархонанд.

Ин ва чанде дигар аз мушкилоти иҷтимоъии занон ва духтарон ахиран дар як мизи гирд дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон баррасӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш беш аз 70 зан гирдиҳам омада ва мавзӯъи бекории занони хонашин ва имкони пайдо кардани машоғил барои онҳоро матраҳ карданд.

Санавбар Имомназарова, масъули созмони ғайридавлатии "Чашма" дар ноҳияи Шаҳритус, яке аз мубтакирони ин мизи гирд буд. Вай мегӯяд, ки дар вилоят шумори заёде аз занону духтарони бекор сабт шудааст.

Хонум Эмомназарова мегӯяд: "Ин мушкил дар ноҳияи Шаҳритус низ дида мешавад. Мо занҳои бекорро ба мулоқотҳои худ ҷалб карда ва ба онҳо қарзҳои бебаҳра медиҳем ва онҳо тиҷорат мекунанд."

"Маслан занони қолибоф ришта харида, қолибофӣ мекунанд ва дар бозор маҳсулоти худро мефурӯшанд. Ба занҳое, ки ҷойи кор надоранд, хайётӣ (дӯзандагӣ) ва ошпазиро меомӯзонем ва ба онҳо пул медиҳему онҳоро ба тиҷрорати хурд ҷалб мекунем."

Хонуми Имомназарова афзуд, бисёре аз занҳое, ки созмони "Чашма" ба онҳо кумак карда, дар фаъъолиятҳои тиҷории худ муваффақ шуда ва шуғли хешро ба духтарони ҷавон ҳам меомӯзонанд.

Махфират Саидраҳмонова, як сокини дигари ноҳияи Шаҳритус, раҳбари як гурӯҳ аз занони кишоварз аст. Вай мегӯяд, ки шаш зани дигарро ҳам ба шуғли кишоварзӣ ҷалб кардааст.

Хонуми Саидраҳмонова мегӯяд: "Занони гурӯҳи мо бештар заноне ҳастанд, ки аз шавҳарони худ ҷудо зиндагӣ мекунанд ва ба пул ниёз доранд. Ҳама якҷоя ба фурӯши меваю сабзиҷот машғул ҳастем ва зиндагиямонро пеш мебарем. Ин занҳо дигар набудани мардҳоро дар хонаводаашон эҳсос намекунанд ва худашон пул меёбанд."

"Даромад хушунатро кам мекунад"

Масъулони созмони "Чашма" мегӯянд, ки барои ҳудуди 130 нафар аз занон баъд аз давраҳои омӯзишӣ машоғили мухталиферо таъмин кардаанд. Ва ин занҳо тавонистаанд шеваи зиндагии худро иваз кунанду вазъи молии хонаводаҳояшонро беҳбуд бахшанд.

Image caption "Коре кунем, ки шумори бештари занону духтарон таъмини рӯзгорашонро худашон ба уҳда бигиранд”

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тайи чанд соли ахир мавориди даст задани занон ва духтарон ба худкушӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин, тавре ки масъулони созмони "Чашма" мегӯянд, аксари заноне, ки аз фаъъолияташон даромаде ба даст меоранд, бо мушкили хушунат дар хонаводаҳо низ рӯбарӯ намешаванд.

Ин созмон, ки кумак ба занону духтарони бекор дар ин вилоятро рисолати худ медонад, аз сӯйи як маркази имдодрасонии лаҳистонӣ таъмини молӣ мешавад.

Мангалена Кувалчик, намояндаи ин марказ гуфт: "Набуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, куҳнаву фарсуда будани бунгоҳҳои тиббӣ дар бисёре аз рустоҳо нигаронкунанда аст. Бекориву фақр дар миёни занон бештар ба назар мерасад."

"Дар ноҳияи Шаҳритус мо барои омӯзиши тиҷорат ба занони бекор кумак мекардем ва умедворем, ки дар оянда низ ҳамкорӣ кунем ва сатҳи бекории занонро коҳиш диҳем. Коре кунем, ки шумори бештари занону духтарон таъмини рӯзгорашонро худашон ба уҳда бигиранд."

Гузоришҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҷануби Тоҷикистон ҳокист, ки шумори зиёде аз занони бекор аз фақр ва хушунат дар хона шикоят мекунанд. Аммо аъзои хонаводаҳои онҳо намегузоранд, ки занон машоғилеро биёмӯзанд ва фаъъолият кунанд.

Аз ин рӯ, бисёре аз хонаводаҳо дар вилояти Хатлон то ҳол дар фақру нодорӣ ба сар мебаранд ва бештари онҳо дар интизори пуле ҳастанд, ки шавҳарону пайвандони муҳоҷирашон мефиристанд.

Аммо масъулони кумитаи кор бо занони ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, ки мавориди хушунат дар хонаводаҳои ин вилоят камтар дида намешавад. Онҳо аз ироаи омори дақиқе дар бораи занон ва духтарони бекор дар ин вилоят низ худдорӣ мекунанд.

Матолиби муртабит