Кумитаи зан аз афзоиши ҷароим ва танфурӯшӣ миёни занон хабар дод

Масъулони Кумитаи зан ва хонаводаи Тоҷикистон мегӯянд, ки гузоришҳо ҳокӣ аз афзоиши шумори занон ва духтарони танфурӯш дар ин кишвар аст.
Раиси ин ниҳод бо такя бар омори расмӣ дар ин бора гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумори занони танфурӯш дар Тоҷикистон 1597 нафарро ташкил додааст.
Сумангул Тағоева рӯзи ҷумъаи 26 июл дар нишасти матбӯъотии ин кумита бо изҳори нигаронӣ гуфт, ки дар муқоиса бо соли гузашта шумори занони танфурӯш 247 нафар афзоиш ёфтааст.
Хонуми Тағоева гуфт: "Мутаассифона, дар миёни ин занон 47 нафарро духтарони ноболиғи зери 18-сола ташкил медиҳанд. Мо барои бозгардондани онҳо ба зиндагии маъмулӣ барномаҳоеро рӯйи даст гирифтаем. Бо бисёре аз онҳо суҳбатҳое анҷом дода ва барои бархеҳо таҳсил ва омӯзиши машоғилеро пешниҳод кардем."
Аммо вай мегӯяд, ки иддае аз ин занон, ки ба дарёфти пул аз ин тариқ одат кардаанд, пешниҳоди онҳоро дар мавриди омӯхтани машоғил ва ё таҳсил дар донишгоҳҳо напазируфтаанд.
Тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ, шумори қобили мулоҳизае аз занон ва духтарони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия ва бархе аз кишварҳои арабӣ, низ машғули танфурӯшӣ будаанд. Аммо дар Тоҷикистон омори дақиқе дар бораи чунин занон ва духтарон дар даст нест.
Аз сӯйи дигар, тибқи омори Кумитаи зан ва хонаводаи Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли 2013 ҳамчунин мизони иртикоби ҷароим дар миёни занон афзоиш ёфтааст.
Сумангул Тағоева дар истинод ба омори расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ занону духтарон 690 ҷурмро муртакиб шудаанд. Вай афзуд, ки ин омор дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2012 беш аз 240 маврид зиёд будааст.
Ӯ афзуд: "Бештар занҳо ва духтарон ба ҷиноёти иқтисодӣ, аз ҷумла сирқат ва тақаллуб, даст мезананд."
Хонуми Тағоева гуфт, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 нафар аз духтарони ноболиғ низ муртакиби ҷиноёти мухталифе шудаанд.
Масъулони ин кумита мегӯянд, ки афзоиши мавориди иртикоби ҷароим аз сӯйи занон ва ҷалби онҳо ба фаҳшо аз сатҳи пасти дониши ҳуқуқии бисёре аз онҳо маншаъ мегирад.
Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки фақру камбизоъатӣ, бекорӣ, канор мондани духтарон аз таҳсилоти олӣ ва ширкати андаки занон дар зиндагии иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар мунҷар ба даст задани иддае аз онҳо ба фаъъолияҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла сирқат ва танфурӯшӣ, шудааст.
Гуфта мешавад, ин авомил ҳамчунин иддае аз занону духтаронро водор ба худкушӣ мекунад. Аммо масъулони Кумитаи зан ва хонавода мегӯянд, ки мавориди худкушӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо даврони мушобеҳи соли гузашта коҳиш ёфтааст.
Тибқи иттилоъи онҳо, дар соли ҷорӣ 164 тан аз ҷумлаи 311 нафарро, ки даст ба худкушӣ задаанд, занон ва духтарон ташкил додаанд, ки нисбат ба ин давраи порсол чаҳор нафар камтар аст.
Дар ин миён, алайҳи ду зан, аз ҷумлаи хушдоманҳо ё модарони шавҳарон, ки арӯсони худро ба худкушӣ водор кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
