Ҳабси абад барои зане, ки олати таносулии шавҳарашро бурид

  • 29 Июн, 2013
Кэтрин Кию
Image caption Вукалои хонуми Кию мегӯянд, ӯ аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебурд ва озурда аз хотироти озори ҷинсие буд, ки дар кудакӣ таҷруба кардааст.

Додгоҳе дар Колифорниёи Омрико зани 50-соларо ба ҷурми қатъи олати таносулии шавҳараш ба ҳабси абад маҳкум кард.

Кэтрин Кию дар июли соли 2011 пас аз буридани олати таносулии ҳамсараш онро дар дастгоҳи вижаи хурд кардани зубола андохта буд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки қарор буда завҷҳо аз ҳам ҷудо шаванд.

Додгоҳе дар иёлати Колифорниё рӯзи ҷумъа бо судури ҳукми ниҳоии худ хонуми Киюро ба таҳаммули ҳабси абад бо имкони фарҷомхоҳӣ маҳкум кард. Баробари ин ҳукм хонуми Кию баъд аз ҳафт соли таҳаммули зиндон метавонад, дархости афв кунад.

Бозпурсони ин парванда мегӯянд, хонуми Кию шабҳангом бо изофа кардани доруи хоб ба ғизои шавҳараш ӯро амалан беҳуш карда ва сипас бо корди ошпазхона олати таносулии шавҳарашро қатъ кардааст.

Ӯ дақоиқе баъд аз ин кор бо оташнишонӣ тамос гирифт. Маъмурон ба маҳалли ҳодиса расида ва ҳамсари ӯро, ки ба тахти хоб баста буд ва хунрезии шадид дошт, наҷот доданд. Хонуми Кию он ҳангом ба оташнишонҳо гуфта буд: “Ҳаққаш буд”.

Додгоҳ ин зани 50-соларо ба ҷурми хушунати беш аз ҳадд ва шиканҷаву озор гунаҳкор шинохт. Вукалои хонуми Кию мегӯянд, ӯ аз мушкилоти равонӣ ранҷ мебурда ва озурда аз хотироти озори ҷинсӣ буд, ки дар кудакӣ таҷруба кардааст.