Хушунат алайҳи занон дар ҷаҳон 'фарогир' аст

Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд, беш аз як сеюм аз занон дар саросари ҷаҳон хушунати ҷинсӣ ё физикиро таҷриба кардаанд.
Ин гузориш, ки бо мушорикати ду ниҳоди умдаи дигар таҳия шуда, ҳамчунин мегӯяд, 38 дарсад аз заноне, ки ба қатл расидаанд, ба дасти шарики зиндагии худ кушта шудаанд.
Хушунати ҷинсӣ ва физикӣ омили умдаи афсурдгӣ ва дигар мушкилоти саломатии занон аст.
Гузориши 'Хушунати шарики зиндагӣ ва афроди дигар алайҳи занон'-ро Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, Мадрасаи беҳдошт ва дармонии қораӣ дар Ландан ва Шӯроӣ таҳқиқоти пизишкии Африқои Ҷанубӣ таҳия кардаанд.
Моргорет Чен, раиси Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ мегӯяд, хушунат алайҳи занон “Як мушкили ҷаҳонӣ дар ҳавзаи саломат аст, ки абъоди ҳамагир дорад.”
Ин гузориш мегӯяд, бояд дастурамалҳои ҷадиде тавассути мақомоти ҳавзаи саломат дар сартосари ҷаҳон дар пеш гирифта шавад, то ҷилави бадрафториро бигирад ва ҳимояти бештаре ба қурбониён ироъа кунад.
Тарс аз нанг
Нависандагони ин гузориш мегӯянд ин нахустин таҳқиқоти низомёфта мабнӣ бар иттилоъоти ҷаҳонӣ аст, ки ба таври ҷузъӣ ба осори бадрафторӣ бар занон ва духтарон, ҳам аз назари саломати бадан ва ҳам саломати равон пардохтааст.
Шорлут Вотс, аз нависандагони ин гузориш мегӯяд: “Ин додаҳои ҷадид нишон медиҳанд, ки хушунат алайҳи занон ба шиддат ҳамагир аст. ”
Ин мутахасиси мадрасаи беҳдошт ва дармони қораӣ дар Ландан мегӯяд” “Лозим аст фавран рӯи пешгирӣ аз ин мушкили ҷаҳонии саломати занон сармоягузорӣ кунем ва ба иллали решаи он бипардозем.”
Ин гузориш изофа мекунад, ки хеле аз занон “аз бими нанг” аз хушунати ҷинсӣ алайҳи худ ҳарф намезананд.
Гузориши муштараки Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ва гурӯҳҳои дигар таъкид кардааст, ки мақомоти ҳавзаи саломат дар сартосари ҷаҳон бояд ин мавзӯъро “ҷиддитар” бигиранд ва омӯзиши бештаре ба коркунони ҳавзаи беҳдошт бидиҳанд, то ташхис диҳанд чи замоне мумкин аст, занон дар хатари хушунат бошанд ва вокуниши муносиб нишон диҳад.
Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ҳамчунин мегӯяд, аз поёни моҳи июн ҳамроҳ бо созмонҳои муртабити дигар дастурамалҳои ҷадиде дар ин бора вузӯъ мекунад.
