Боздошти як табаъаи тоҷик ба занни таҷовуз дар Русия
Идораи бозҷӯии Русия аз боздошти як табаъаи Тоҷикистон ба занни таҷовуз ба номус дар он кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии ин ниҳод, ин сокини 23-солаи Тоҷикистон дар вилояти Свердловски Русия ба даст доштан дар ду мавриди таҷовуз ба номус муттаҳам шудааст.
Дар ин хабар, ки рӯзи сешанбеи 15 октябр пахш шуд, ҳамчунин омадааст, ки ин шаҳранди Тоҷикистон дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Екатеринбург фаъъолият мекардааст.
Кормандони ниҳодҳои интизомии Русия мегӯянд, ки дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва мавориди даст доштани ин муҳоҷири тоҷик дар ҷурмҳои дигарро низ таҳқиқ мекунанд.
Аммо таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳокист, ки ин муҳоҷири тоҷик дар ноҳияи Ордҷоникидзеи шаҳри Екатеринбург дар торикии шаб ба дунболи занони танҳо дар хиёбон шуда ва ба онҳо таҷовуз мекардааст.
Бори нахуст нест, ки кормандони интизомии Русия аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ба занни даст доштан дар таҷовуз ба номус хабар медиҳанд.
Аз сӯйи дигар, бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар зиндонҳои Русия ҳоло беш аз панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон, ки бештари онҳо ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд, ба сар мебаранд.
