Кашфи ҷасади муҳоҷири узбак дар Берюлев
Дар ноҳияи Берюлев, ҳаволии пойтахти Русия, ки тайи рӯзҳои ахир маҳалли даргирии эътирозгарони миллатгаро бо пулис буд, ҷасади як шаҳрванди Ӯзбакистон ёфт шудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар додааст. Дар хабари ин вазорат мехонем, ки дар бадани ин муҳоҷири корӣ захмҳои зиёде тавассути корд дида мешавад.
Бино ба иттилоъи РИА Новости, ожонси иттилоъотии Русия ҷасади ин муҳоҷир дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани Курский пайдо шуда ва ба пулис гузориш шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзе қабл пулиси Маскав аз боздошти дастикам 1200 нафар дар пойтахти Русия хабар додааст. Ин иқдом як рӯз пас аз бурузи даргириҳое дар ҷануби Маскав сурат гирифтааст.
Эътирозоти рӯзи гузашта дар пайи марги як ҷавони рус буруз кард. Пулис зуҳри рӯзи сешанбе Орхан Зейналов, шаҳрванди Озарбойҷонро, ки дар ин қатл муттаҳам шудаастро боздошт кард.
Егор Шербаков, рӯзи панҷшанбеи гузашта ба зарбати чоқу кушта шуд. Пас аз ин ҳодиса муътаризони ба гуфтаи пулис “миллатгарои ифротӣ” бо ҳамла ба як маркази харид шишаи панҷараҳоро шикаста ва даст ба тахриб заданд.
Пулис дар вокуниш дар ҷустуҷӯйи коргарони муҳоҷир ба як бозори умдафурӯшии сабзиҷот ҳамла карда ва шумореро дастгир мекунад.
Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтаанд, ки сарнавишти муҳоҷирони тоҷик дар ноҳияи Бирюлев, ҳаволии Маскав ва рӯйдодҳои ахир дар он маконро таҳти назорат қарор додаанд.
Масъалаи муҳоҷират яке аз муҳимтарин масоил дар ҷараёни интихоботи ахир барои баргузидани шаҳрдори Маскав буд.
