ҲЛДР хостори таълиқ дар интиқоли пули муҳоҷирон шуд

  • 16 Октябр, 2013
Муҳоҷирон
Image caption Дар Русия садҳо ҳазор тан аз муҳоҷирони тоҷик кор ва зиндагӣ мекунанд

Масъулони Ҳизби либерол-демукроти Русия (ҲЛДР) аз Дмитрий Медведев, нахуствазири ин кишвар хостаанд, ки интиқоли маболиғи муҳоҷирони корӣ ба кишварҳояшонро ба таълиқ дароварад.

Бино ба гузориши хабаргузории "РИА Новости"-и Русия, Игор Лебедев, муъовини раиси Думои давлатӣ ё порлумон ва як тан аз масъулони ҲЛДР гуфтааст, ки ин тадбир муҳоҷирони кориро водор хоҳад кард, ки аз Русия хориҷ шаванд.

Оқои Лебедев ин тадбирро муваққатӣ ва иҷборӣ хонда ва гуфтааст, ки имкон дорад аз ин тариқ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва ҷамоҳири дигари шӯравии пешин ба Русия ҷилавгирӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, Роман Гринченко, коршиноси мустақил, чунин тадбиреро барои муқобала бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ғайримуассир хондааст.

Ба гуфтаи оқои Гринченко, мумкин аст муҳоҷирон тавассути кишварҳои сеюм ба кишвари худ маболиғашонро интиқол диҳанд ва ин амр ба коҳиши ҷиддии пардохти молиёт ба будҷеи Русия мунҷар хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2012 аз ин кишвар ба ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ба маблағи 17, 8 милёрд дулор пул интиқол дода шудааст, ки бахши аслии ин маболиғ ба Укройн, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Узбакистон ирсол шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Алексей Навалний, як тан аз мухолифони давлати Русия, корзори ҷамъоварии имзо барои ҷорӣ кардани муқаррароти визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро оғоз кардааст.

Қаблан, бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва Думои давлатии Русия ба манзури ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ хостори ҷорӣ кардани визо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуда буданд.

Аммо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ҳафтаи гузашта низоми визо бо кишварҳои Осиёи Марказиро онеъи ҳамгироии ҷамоҳири шӯравии собиқ хонда ва иброз дошт, ки ин амр метавонад кишварҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсудро аз Русия дур кунад.

Дар пайи кушта шудани Егор Шербаков, як табаъаи 25-солаи Русия дар ноҳияи Бирюлеви Маскав дар авохири ҳафтаи гузашта, ки мунҷар ба беназмии густарда дар минтақа шуд ва чанд тан аз афроди пулис захмӣ шуданд, мавзӯъи роҳандозии тадобири сахтгирона алайҳи муҳоҷирон матраҳ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони Афви Байналмилал зимни як баёния ҳодисаи боздошти 1,2 ҳазор муҳоҷири корӣ дар ноҳияи Бирюлеви Маскавро "сиёсати табъизомези давлати Русия" хондааст.

Ба дунболи кушта шудани Егор Шербаков пулис садҳо тан аз муҳоҷиронро дар маҳалли корашон боздошт кардааст. Як табаъаи Озарбойҷон ба занни иртикоби ин ҷурм боздошт шудааст.

Матолиби муртабит