Дастикам 62 муҳоҷир дар асари ғарқ шудани киштӣ дар ҷануби Итолиё кушта шуданд

  • 3 Октябр, 2013

Бино ба гузоришҳо, ҳадди ақал 62 нафар дар ҳодисаи ғарқ шудани як киштӣ дар наздикии савоҳили ҷанубии Итолиё кушта шудаанд.

Ин киштӣ ҳомили паноҳҷӯёне буд, ки саъй доштанд худро ба Урупо бирасонанд.

Амалиёти наҷот дар ҷараён аст, аммо мақомоти расмии итолиёӣ гуфтаанд, ки мумкин аст теъдоди кушташудагон афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи ин мақомот, теъдоде аз паноҳҷӯён ҳанӯз дар дарё гирифтор ҳастанд.

Гузориш шудааст, ки киштӣ пеш аз ғарқ шудан оташ гирифта буд ва паноҳҷӯён худро ба дарё андохтанд.

Расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал як зани бордор ва як кӯдак дар миёни кушташудагон ҳастанд.

Бар асоси гузоришҳои расида, киштии ғарқшуда 500 паноҳҷӯро ҳамл мекарда ва то кунун беш аз 140 нафар аз онҳо наҷот ёфтаанд.

Чанд рӯз пеш низ 13 паноҳҷӯ ҳангоми талош барои расидан ба савоҳили ҷазираи Сисил (ҷануби Итолиё) ҷони худро аз даст доданд.

Киштиҳое, ки ҳомили паноҳҷӯёни умдатан офриқоӣ ва гоҳе ҳам аз Ховари Миёна ба савоҳили ҷанубии Итолиё ҳастанд, дар бисёре аз маврид беш аз зарфияти худ мусофир ҳамл мекунанд ва дар шароити новбарии муносибе қарор надоранд.

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки дар соли 2012 наздик ба 500 нафар дар талош барои гузар аз дарёи Медитарона барои расидан ба Урупо ҷони худро аз даст доданд.

Матолиби муртабит