Зойиров муҳоҷиронро ба таҳрими интихобот фаро хонд

  • 1 Ноябр, 2013
Зойиров
Image caption Оқои Зойиров дар баёнияи худ раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ба "зери по гузоштани ҳуқуқи муҳоҷирон" муттаҳам кардааст

Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, бо интишори баёнияе аз муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз ин кишвар хостааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябрро таҳрим кунанд.

Дар ин баёния, ки шоми рӯзи ҷумъаи аввали ноябр мунташир шуд, бо ишора ба мусаввабаи Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот, ки рӯзи гузашта тасвиб шуд, интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон "ғайриқонунӣ ва тақаллубӣ" хонда шудааст.

Оқои Зойиров ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ва яке аз шаш номзад барои курсии раёсати ҷумҳурии ояндаро, ба зери по гузоштани ҳуқуқи бундодии (конститутсионии) муҳоҷирон муттаҳам кардааст.

Вай дар шарҳи мусаввабаи Шӯрои сиёсии ҳизбаш дар бораи "ғайриқонунӣ" будани интихобот мегӯяд, ин интихобот барои он ғайриқонунист, ки а) қонуни интихобот ботил ва мунофии Қонуни асосӣ аст, б) пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ғайриқонунист, в) имзоҳои ҷамъоваришуда аз сӯйи номзадҳо тақаллубист, г) беш аз яку ним милюн муҳоҷир аз ҳаққи ҷамъоварии имзо маҳрум шудаанд...

Дар мавриди "тақаллубӣ" будани интихобот оқои Зойиров истидлол мекунад, ки а) тамомии кумисиюнҳои интихоботӣ таҳти назари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, аст, б) аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои онҳо аз шароит ва имконоти баробар бархурдор нестанд, в) эҷоди маҳдудият дар ҷамъоварии имзо мунҷар ба адами сабти номзади мухолифон, Ойниҳол Бобоназарова, шуда ва д) ҳеч рақобате миёни шаш номзади сабтшуда вуҷуд надорад ва "номзадҳои дигар дарвоқеъ ба оқои Раҳмон кумак мекунанд."

Оқои Зойиров ҳамчунин ёдовар шуда, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, дар охири моҳи август гуфтааст, ки муҳоҷирон имкони ҷамъоварии имзо надоранд, зеро баргаҳои имзоро танҳо раисони шаҳрҳо ва навоҳии Тоҷикистон таъйид мекунанд.

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ин тасмими кумисиюнро ғайриқонунӣ хонда ва пештар гуфта буд, ки "раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони зомини Қонуни асосӣ ҳуқуқи бундодии муҳоҷиронро зери по мекунад."

Оқои Зойиров мегӯяд, ки ҳарчанд ӯ аз раиси ҷумҳурӣ хоста буд, ки тасмими Кумисиюни марказии интихобот дар мавриди манъи ҷамъоварии имзо дар миёни муҳоҷиронро ботил эълом кунад ва ҳуқуқи интихоботии муҳоҷиронро таъмин созад, вале аз ӯ посухе дарёфт накардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба гуфтаи оқои Зойиров, ҳизби ӯ интихоботро "ба нишони ҳамбастагӣ бо муҳоҷирон, ки ноноварони аслии кишвар буда, бидуни онҳо давлат се бор варшикаста мешуд", таҳрим кардааст.

Дар баёнияи оқои Зойиров омадааст: "Ин бад-он маъност, ки нақзи ҳуқуқи бундодии муҳоҷирон аввалин шарти таҳрими интихобот аз сӯйи ҳизби мо буд. Дар ҳамаи кишварҳо қавонин шояд таҳия ва тасвиб шаванд, ин қавонин мумкин аст баёнгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бошанд, аммо агар шаҳрвандон аз қавонин ва ҳуқуқи худ дифоъ накунанд, қавонин ҳам наметавонанд аз шаҳрвандон дифоъ кунанд."

Вай меафзояд: "Мо бо шумоем, муҳоҷирони гиромӣ, шумо он даста аз шаҳрвандоне ҳастед, ки бояд аз қавонини кишваратон дифоъ кунед, ин ба ҳамаи мо марбут аст. Нахустин шеваи дифоъ аз қавонини кишвар, ҳуқуқ ва озодиҳои бундодии шумо таҳрими интихоботи ғайриқонунӣ ва тақаллубӣ аст, ки ба василаи он қудратёбӣ, беъамалӣ ва суиистифода аз қонун сурат мегирад."

Оқои Зойиров мегӯяд, ки ӯ мардумро ба тазоҳуроти эътирозӣ, ба ҳам задани назм ва оромиши ҷомеъа даъват намекунад, балки ба риъояти қонун ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсонияшон даъват мекунад.

Вай дар шарҳи чигунагии "таҳрими интихобот" навишта, ки муҳоҷирон метавонанд ё дар интихобот аслан ширкат накунанд ё ширкат кунанду асомии ҳамаи номзадҳоро дар баргаҳои раъй хат зананд.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳуриии феълӣ ва раҳбари ҳизби ҳокими халқи демукрот, ҳамроҳ бо панҷ номзад аз аҳзоби кумунист, сусиёлист, демукрот, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар ҷомеъа чандон шинохташуда нестанд, ширкат мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз ҳимояти эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф ба номи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб бархурдор буд, ба ҷамъоварии шумори кофии имзоҳо барои сабти номзадияш муваффақ нашуд ва аз рақобатҳо канор рафт.

Матолиби муртабит