Додоев: 'Рӯзи интихобот 260 ҳазор муҳоҷир дар Русия боқӣ хоҳад монд'

  • 26 Октябр, 2013
Додоев
Image caption Додоев: Ҳуқуқи интихоботии муҳоҷирони моро ҳеҷ кас вайрон накардааст

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин кумисиюн имкони ҷамъоварии имзо дар миёни муҳоҷирон ва таъйиди баргаҳои раъй дар сафоратхонаҳоро қаблан бо мақомҳои вазорати хориҷа баррасӣ карда буд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, пас аз мутолеъаи низомномаи сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳо, аъзои кумуисиюн ба ин натиҷа расидаанд, ки дафотири намояндагии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ салоҳияти таъйиди баргаҳои имзо барои номзадҳои интихоботиро надоранд.

Ин мақоми Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар нокомии тими Ойнҳол Бобоназарова, номзади мухолифон дар заминаи ҷамъоварии имзои трафдоронаш, аъзои ин тим ва фаъъолони ҳизби наҳзати исломиро муқассир медонад.

Оқои Додоев гуфт, барои собит кардани ин ки Кумисиюни марказии интихобот бетарафиро риъоят мекунад, омодааст акси Эмомалӣ Раҳмонро аз девори утоқи корияш то анҷоми интихобот барчинад.

Ин ва масоили дигар дар мусоҳибаи ихтисосии ҳамкорамон Шамсияи Қосимбо Абдуманон Додоев дар бораи раванди таблиғоти интихоботӣ мартаҳ шуда, ки фишурдаи он инҷо фароҳам шуда:

Оқои Додоев, чаро Кумисиюни марказии интихобот барои фароҳам кардани шароити ҷамъоварии имзо аз муҳоҷирон барои номзадҳои пешниҳодӣ коре анҷом надод?

Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон танҳо дар доираи қонуни ин кишвар дар бораи интихобот амал мекунад.

Тибқи нақшаи корие, ки аз сӯйи кумисиюн тасдиқ шудааст ва қароре (мусаввабае), ки 31 август дар бораи муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзо тасвиб шуд, он ҷо зикр шуда, ки тибқи талаботи қонуни конститутсионӣ бланкаҳои (баргаҳои) ҷамъоварии имзоҳо танҳо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқ мешаванд.

Оё сафоратхонаҳо дар хориҷи кишвар намояндаи давлат нестанд? Чаро онҳо муваззаф нашуданд, ки баргаҳои имзоро таъйид кунанд?

Ин масъалаи асосӣ аст, ки тибқи қонун субъекти (шахси) тасдиқкунандаи варақаи ҷамъоварии имзо танҳо раисони шаҳру ноҳияҳо муъайян карда шудаанд.

Дигар талабот оид ба тасдиқи бланка ва имзоҳо дар қонунгузорӣ нест. Дар қонунгузорӣ роҷеъ ба он ки бланкаҳо аз ҷониби сафоратхонаҳо ё намояндагиҳои кишвар дар хориҷа тасдиқ шавад, чунин муқаррароте вуҷуд надорад. Барои ҳамин, барои он ки қонун вайрон нашавад, мо қарор қабул кардем, ки ҷамъоварии имзоҳо танҳо дар дохили Тоҷикистон анҷом шавад.

Аммо сафоратҳо масалан асноди шаҳрвандонро баҷои нотариус (дафтари сабти асноди расмӣ, идораис абти аҳволи шаҳрвандӣ ё қарордодҳои ширкатҳоро дар хориҷа таъйид мекунанд? Магар на?

Дуруст, оиди ин масъала мо якчанд маротиба бо Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар тамос будем, мактуб ҳам кардем ва низомномаҳои сафоратхонаҳо ва кунсулгариҳоро омӯхтем. Дар онҷо чунин ваколат ба онҳо дода нашудааст.

Дуюм, ҳолате ки мо ба назар гирифтем, тибқи қарори Кумисиюни марказии интихобот як гурӯҳи корӣ оид ба муъайян кардани шумора ва дурустии имзоҳо таъсис шуд.

Аммо аз сабабе, ки санҷидани дуруст будан ё набудани имзоҳои муҳоҷирон аз имкон берун аст, масалан аз Камчатка ё Красноярск ё дигар ҷо имзо ҷамъоварӣ шавад, санҷидани дуруст ё нодуруст будани он номумкин аст..., (ин кор анҷом нашуд).

Чаро? Магар инҷо чигуна муъайян кардед, ки имзоҳо дуруст ё нодурустанд?

Барои санҷидани имзоҳо ба тарафдории номзадҳо як гурӯҳи кории 11-нафара таъсис шуд. Вақте асноди номзад бо 210 ҳазор имзо ворид мешавад, гурӯҳ аввал онро мешуморанд, ки мабодо аз 210 ҳазор кам набошад, зеро агар аз 210 ҳазор кам шавад, ин хилофи талабот аст.

Дар модаи 65-и Қонуни асосӣ омадааст, ки ҳадди ақал имзои панҷ дарсади интихобкунандаҳо бояд ҷамъ шавад. Имзоҳоро мешуморанд ва баъд аз ин дурустии имзоҳо санҷида мешавад. Барои ин, гузарондани ягон ташхис зарурат надорад, ба чашми одӣ ҳам маълум аст, агар як нафар чанд имзоро гузошта бошад.

Мебинанд ки имзо дошта бошад, адресҳо навишта шуда бошанд ва ҳамаи маълумоти имзодиҳандаҳо дарҷ шуда бошад. Ҳамин гуна имзоҳоро санҷидем ва шаш номзад мушаххас шуд...

Бубахшед, аммо агар мегӯед мушкил нест мушаххас кардани дурустӣ ё нодурустии имзо ва “бо чашми одӣ ҳам маълум аст”, пас чаро инро яке аз мушкилоти эҳтимолӣ барои санҷидани имзоҳо аз муҳоҷирон унвон кардед?

Асосан танҳо мушкил ҳамон аст, ки бланкаҳоро дар онҷо тасдиқ кардан мумкин нест. Аммо ман боз як бори дигар бояд равшанӣ андозам, ки шаҳрвандони моро дар хориҷ аз кишвар ҳеҷ кас аз ҳуқуқи раъй додан маҳрум накардааст ва онҳо метавонанд дар интихобот раъй бидиҳанд.

Ин маъракаи (корзори) ҷамъоварии имзо як чизи дигар аст, танҳо омодагӣ ба интихобот аст. Аммо дар масъалаи ширкат дар интихобот онҳо сад дарсад ҳақ доранд, ки ширкат кунанд.

Маълум аст, ки муҳоҷирон ҳақ доранд дар интихобот ширкат кунанд. Иддаъои мухолифон ин аст, ки бо муқаррароти ҷамъоварии имзо, ки Шумо тибқи қонуни интихобот мушаххас кардед, ҳудуди чаҳоряки шаҳрвандони кишварамонро, ки дар муҳоҷират ҳастанд, аз ҳаққи пешниҳоди номзади худ ба интихобот маҳрум кардед.

Мегӯед, ки нахостед қонуни интихоботро нақз кунед, аммо дар Қонуни асосӣ омадааст, ки ҳама аз ҳаққи баробар барои интихоб бархурдоранд. Вале ин ҳақ зоҳиран дар муқаррароти қонуни интихобот нақз мешавад. Пас Кумисюни марказии интихобот қонуни интихоботро аз Қонуни асосӣ болотар медонад?

Имзо ҷамъ наовардан дар хориҷ аз кишвар маънои риъоят накардани Қонуни асосиро надорад. Боз як бори дигар мегӯям, ки бо ҳадафи риъояти модаи 65-и Қонуни асосӣ мо ҳадди панҷдарсадиро барои ҷамъоварии ҳадди ақал 210 ҳазор имзо муқаррар кардем. Ҳуқуқи интихоботи муҳоҷирони моро ҳеҷ кас вайрон накардааст.

Бори дигар такрор мекунам, танҳо ин ки дар Қонуни асосӣ омадааст, субъекте, ки имзоҳоро тасдиқ мекунад, фақат дар дохили кишвар аст. Дар мавриди баробарӣ бошад, мо онро таъмин мекунем. Асос ин аст, ки муҳоҷирон ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд.

Бубинед, ки мо дар муқоиса бо интихоботи порлумонии соли 2010 марокизи раъйдиҳиро фақат дар Русия се маротиба зиёд кардем. Аввал танҳо дар ҳашт шаҳри Русия ин гуна марокиз вуҷуд дошт, ҳоло дар 24 шаҳри Русия таъсис кардем, зеро мехоҳем, ки ҳарчи бештар муҳоҷирон дар интихобот ширкат кунанд.

Аммо воқеъият ин аст, ки ҳудуди як милюн муҳоҷире, ки дар Русия ҳастанд, натавонистанд ба тарафдорӣ аз номзади мавриди назари худ имзо бидиҳанд. Ва шояд ҳоло нафаре, ки онҳо мехостанд дар миёни номзадҳо бубинанд, нест. Оё ин як навъ маҳрум кардани интихобкунанда аз ҳаққаш нест?

Ҳафт номзаде, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва Иттиҳодияи ҷавонон ва Федеросиюни иттиҳодиҳои синфӣ пешниҳод шуданд, барои ҳамаи онҳо шароити баробар фароҳам шуда буд, ки имзо ҷамъоварӣ кунанд.

Дигар ин ки бори дигар мегӯям теъдоди муҳоҷирони мо як милюн нест. Вақте мо ҳар даҳ рӯз аз идораи муҳоҷират маълумоти дақиқ мегирем, охирин маълумоте, ки гирифтем, ҳамагӣ 675 ҳазор буд.

Ва ҳоло мо маълумот мегирем, ки ҳар рӯз садҳо ҳазор муҳоҷирони мо аз Русия баргашта истодаанд. Вақте бо роҳбари идораи муҳоҷират суҳбат кардем, вай гуфт, ки дар рӯзи интихобот дар Русия фақат 260 ҳазор муҳоҷир боқӣ мемонад. Бештари онҳо баргашта, дар дохили Тоҷикистон раъй медиҳанд.

Image caption Оқои Додоев мегӯяд барои собит кардани истиқлоли Кумисиюни интихобот омодааст акси Эмомалӣ Раҳмонро аз девори утоқи корияш то замони анҷоми интихобот барчинад

Ҳатто агар ин омор дуруст бошад, мо медонем, ки мухолифон фақат чанд ҳазор имзо кам оварда буданд. Агар бигӯем, ки муҳоҷирони мо аз вазъи зиндагияшон нохушнуд ҳастанд, яъне хеле кам гуфтем. Мантиқан мухолифон дар миёни онҳо ба осонӣ метавонистанд имзои кофиро ҷамъоварӣ кунанд ва интихобот комилан ранги дигар мегирифт. Ва эҳтимол дошт натоиҷи интихобот низ фарқ кунад, дуруст аст?

Шахси мухолифе, ки Шумо мегӯед, номзади ҳизби наҳзати исломӣ, муҳтарама Ойниҳол Бобоназарова ҳастанд. Ӯ метавонист имзояшро дар ҳамин ҷо ҳам ҷамъ кунад, фақат такя кардан ба муҳоҷирон дуруст нест.

Барои чӣ дигар номзадҳо тавонистанд ҷамъоварӣ кунанд, инҳо не? Зеро вақте мо санҷидем, аксарияти намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ, яъне шахсоне, ки дар гурӯҳҳои ташаббускор (мубтакир) имзо ҷамъоварӣ мекарданд, он қадар фаъъол набуданд. Бовар кунед!

Шикоятҳои шифоҳие, ки ба мо дар бораи монеъ эҷод кардан ворид шуд, мо онҳоро саривақт бартараф кардем. Ҳатто як намояндаи ҳизби наҳзати исломӣ узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ аст ва доим дар назди ман ҳузур доштанд ва ҳар шикояте, ки ворид мешуд, мо зуд аз тариқи телефун онро ҳал мекардем.

Бояд хотиррасон кунам, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нахустин шуда аз мо бланка (баргаҳо) барои ҷамъоварии имзоро гирифтанд. Аввал бист рӯз муҳлат муқаррар шуда буд. Баъд баъзе ҳизбҳои дигар ба мо бо ариза муроҷеъа карданд, ки муҳлат тамдид карда шавад. Мо муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз ҳисоби панҷ рӯзе, ки барои кумисиюн барои тасдиқи асноди номзадҳо муқаррар шудааст, барои се рӯзи дигар тамдид кардем. Бо ин вуҷуд ҳам онҳо имзо ҷамъ карда натавонистанд.

Мо розӣ шудем, ки дар рӯзи охири сабтином, рӯзи 11-уми октябр, санадҳоро пешниҳод кунанд, аммо онҳо ҳамон рӯз ҳам ҳеҷ санад пешниҳод накарданд. Аз ҷониби ҲНИТ ҳуҷҷат пешниҳод нашуд, на ин ки мо ба қайд нагирифтем! На рӯзи 7-ум, на рӯзи 10ум, на ҳатто рӯзи 11-ум ягон ҳуҷҷат пешниҳод нашуд.

Вақте мо рӯзи 11-уми октябр мунтазир будем, ки ҳуҷҷатҳо меоянд, соъати 11 нишасте матбӯъотӣ баргузор карданду худи Ойниҳол Бобоназарова гуфтанд, ки имзои кофӣ ҷамъоварӣ нашудааст, фақат 201,236 имзо ҷамъ шудааст ва барои ҳамин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накарданд.

Агар Ойниҳол Бобоназарова ва Раҳматулло Зоиров, ҳардуяшон ҳуқуқдонҳои собиқадор, зарурати 210 ҳазор имзоро зери савол мебаранд ва мегӯянд, ки нодуруст аст, чаро дар вақташ, дар муҳлати даҳ рӯзе, ки тибқи қонун аз 31-уми сетнябр то 9-уми октябр доштанд, ба додгоҳ муроҷеъа накарданд?

Баъде ки диданд, ки имзоҳоро ҷамъоварӣ карда натавонистанд, шикоят мекунанд, ки ин рақам зиёд будааст. Ва мегӯянд ки "ҳукумат намехоҳад", "ҳукумат ба мо фишор оварда истодааст" ва ғайраҳо, ки ин гапҳо нодуруст аст. Мо тарафдор будем, ки ҳафт номзад сабт шавад, аммо афсӯс, имзо ҷамъ карда натавонистанд.

Ҳизби сусиёл-демукрот мегӯяд, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур, ғайриқонунист, чун бар асоси муқаррароти интиқолии Қонуни асосӣ оқои Раҳмон ҳақ надошт дар даври гузашта интихоб шавад?

Ин мавзӯъ мавзӯъи нав нест. Муҳтарам Зоиров ин масъаларо дар соли 2004 бардошта буд, мо бо он ошно шудем. Ин масъала аз ҷониби ҳуқуқшиносони ботаҷрубаи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт ва онҳо ҷавоб доданд, ки ин иддаъо нодуруст ва беасос аст. Аммо соли гузашта ҳам дақиқан ҳамин масъаларо бардоштанд. Ин масъала як бори дигар омӯхта шуд ва ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Ба ислоҳоти ворида дар қисми интиқолии Қонуни асосӣ нигоҳ кунед, онҷо гуфтааст, ки муҳлати ду маротиба ҳафтсолаи президентӣ баъди ба охир расидаи ваколати президенти амалкардаистода шурӯъ мешавад. Яъне аз соли 2006 шурӯъ мешавад то соли 2013 ва аз соли 2013 то 2020. Аз ин бармеояд, ки президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳуқуқи саддарсадаи номзад шудан дар интихобот доштанд ва доранд.

Кумисиюни марказии интихобот аз фароҳам будани шароити баробар барои номзадҳо ҳарф мезанад, дар ҳоле ки раиси ҷумҳур шабу рӯз, 365 рӯзи сол дар телевизиюнҳои давлатӣ таблиғ мешавад ва номзадҳои дигарро касе намешиносад.

Мувофиқи қонун, номзадҳо аз лаҳзаи сабт ҳаққи оғози таблиғотро доранд. Рӯзи 14-уми октябр як нақшаи вохӯриҳои якҷояи номзадҳо бо мардум тасдиқ шуд. Ва ҳама рӯз телевизиюн ҳам ин мулоқотҳоро ва ҳатто баромадҳои номзадҳоро нишон медиҳад. Ва ин идома дорад ва дар ҳамаи ноҳияҳо ин кор анҷом мешавад...

Манзурам ин аст, ки дар телевизиюнҳо барои номзадҳо вақти баробар ҷудо нашудааст, чун телевизиюни мо пайваста аз кору суханрониҳо ва дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд.

Президенти феълии ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарчанд номзад ҳастанд, аммо президенти амалкунанда мебошанд. Ӯ кори давлатии худро анҷом медиҳад. Сафар кардан ба шаҳру ноҳияҳо вазифаи онҳо тибқи талабот аст, вай бояд ҳамчун сардори давлат аз мардумаш бохабар бошад.

Аммо мавзӯъи номзадҳо тамоман дар чорчӯби қонун гузашта истодааст, ки барои ҳар номзад дар як рӯз 30 дақиқа вақти бепул дода мешавад ва барои шахсони боэътимоди онҳо 20 дақиқа эфир муқаррар шудааст.

Ба воситаи рӯзномаҳо номзадҳо метавонанд даҳ саҳифа бо шрифти 14, мақола ё барномаи худро муъаррифӣ намоянд. Ғайр аз он бо маблағи ҷудошуда аз будҷеи давлат 5-ҳазорнусхагӣ плакатҳои ягона чоп шуда истодааст. Имрӯз (25-уми октябр) чопаш ба охир мерасад. Дар плакат (овеза) расми номзадҳо, барномаи пешазинтихоботӣ ва тарҷумаи ҳоли онҳо ҳаст.

Ин плакатҳо дар 3158 участка ва 68 ҳавзаи интихоботӣ ҷойгир мешавад, ҳамчунин дар тамоми манотиқи кишвар паҳн карда мешавад. Ҳамчунин онҳо аз пули худ метавонанд чи қадар ки хоҳанд, плакат созанд ва ҳатто бо ширкатҳои телевизиюнӣ шартнома баста, баромад кунанд, ин кори худашон аст. Ройгон ҳамон 30 дақиқа барои номзад ва 20 дақиқа барои шахси боэътимодаш фароҳам шудааст.

Аммо камтар аз ду ҳафта то интихобот мондааст ва мо ҳеҷ ҳолу ҳавои интихоботро дар шаҳру деҳот намебинем. Дар ҳар кишвари дигар қабл аз интихобот, бавижа интихоботи раиси ҷумҳурӣ, бавижа агар шаш номзад бошад, хиёбонҳо ба голериҳои аксу пустерҳо табдил мешаванд, баландгӯякҳо аз мошинҳо номзадҳоро таблиғ мекунанд, мардум ҳар шаб баҳсҳо миёни рақибони интихоботро дар телевизиюн тамошо мекунанд. Чаро дар мо ин чизҳо нест?

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо шиъорҳо ва овезаҳо барои огоҳ кардани мардум ҳаст. Дар телевизиюн ҳам ҳар рӯз дар бораи қонуни интихобот ва раъйдиҳӣ иттилоъ дода мешавад.

Гап дар бораи иттилоъ дар бораи интихобот не, дар бораи итттилоъ дар бораи номзадҳо аст. Мардумро мепурсӣ, ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон номзадҳои дигарро намешиносанд ва ҳеҷ гуна овезаву таблиғоте, ки онҳоро ба мардум шиносонад, нест.

Инро ба мо гуфтанд, ки реклама суст аст, аммо ин кори шахсони боэътимоди номзадҳо аст, ки корашон суст аст. Мо ба шахсони ташаббускор муроҷеъат ҳам кардем, ки ин масъаларо ҷоннок намоянд. Ин кори кумисиюни интихобот нест, ин кори онҳост.

Чаро Шумо бояд инро ба онҳо гӯед? Чунин ба назар мерасад, ки худи номзадҳо хеле алоқаманд нестанд барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза баранд...

Не, не, алоқаманд ҳастанд! Рақобат карда истодаанд... барномаҳои хуб доранд...

Худи Шумо ҳоло гуфтед, ки ба онҳо муроҷеъат кардед, ки фаъъолияташонро ҷоннок кунанд...

Бале, мо муроҷеъат кардем, ки ба ғайр аз худашон шахсони боэътимодашон ҳам фаъъолтар шаванд. Ман бовар дорам, ки рақобати интихоботӣ аз имрӯз ба баъд бештару қавитар мешавад.

Давлат барои баргузории интихобот аз будҷе пул медиҳад, пуле, ки дарвоқеъ пули мардум аст, зеро молиётест, ки аз мардум барои чунин тадобир меситонанд. Ва ин дуруст аст, зеро интихобот барои мардум лозим аст, чунки дар кишвари демукротик раисҷумҳурро мардум интихоб мекунад ва барои ин пул бояд пардохт. Инак, барои интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид чи қадар пул сарф мешавад?

Тибқи талаботи қонун, пул барои интихобот аз будҷеи давлат ҷудо мешавад. Имрӯз барои баргузории интихобот зиёда аз 10 милюн сомонӣ ҷудо карда шудааст. Табқи қарори кумисиюни интихобот, барои ҳар номзад 25 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ғайр аз ин, ба ҳизбҳо ва иттиҳодияҳое, ки номзад пешниҳод кардаанд, иҷоза дода шудааст, ки аз ҳисоби худ то 200 ҳазор сомонӣ барои корзори интихоботии худ сарф кунанд. Пас аз анҷоми интихобот, то 20-уми ноябр ин номзадҳо бояд ба мо гузориш бидиҳанд, ки 25 ҳазор сомониро чи гуна сарф кардаанд.

Аммо барои таъмини шаффофият оё худи кумиисюни марказӣ дар бораи хароҷоти интихобот гузориш мунташир мекунад?

Албатта, ҳамаи пуле, ки аз будҷе барои интихобот ҷудо шудааст, мо онҳоро барои омодагӣ ба интихобот сарф мекунем. То ҳол ҳафт дастурамал чоп кардем, худи Қонуни асосиро чоп кардем, кормандони кумисиюн, ки ба сафарҳо мераванд, семинарҳо мегузаронанд ва мисли инҳо, ҳамаи инҳо ҳисоб карда мешавад.

Аммо барои баргузории як интихоботи дарвоқеъ демукротик ва шаффоф оё 10 милюн сомонӣ маблағи кам нест?

Шароити будҷеро дар назар гирифтан лозим аст. Аммо мо вақте ҳисоб кардем, кишвари мо он қадар калон нест, ба ин хулоса омадем, ки даҳ милюн барои баргузории интихоботи шаффоф ва демукротик басанда аст.

Раиси кумисиюн дар яке аз нишастҳои матбӯъотиаш гуфт, ки будҷе барои таҳияи феҳристи электруники интихобкунандагон, ки ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо барои баргузории интихоботи шаффоф муҳим аст, пул надорад...

Аммо Тоҷикистон барои ҷашни истиқлол дар соли 2011 аз пули ҳамон будҷе, яъне пули мардум, ҳудуди як милёрд сомонӣ харҷ кардааст. Ин омори вазорати молия буд. Оё таҷлил аз корнамоиҳои қаблӣ сад маротиба аз интихоботи демукротик муҳиммтар аст, ки сад баробар пули бештар масраф кардем?

Барои ҷашн гирифтанҳо ман маълумот надорам, албатта. Аммо барои таҳияи рӯйхати компютерии раъйдиҳандагон борҳо бо созмонҳои байналмилалӣ семинар гузарондем ва таҷрибаи кишвари Мулдовиро омӯхтем. Созмонҳои байналмилалӣ низ алоқаманд ҳастанд, ки ба мо кумак кунанд. Мо мақсад дорем, ки инро ҳам дар оянда амалӣ кунем.

Метавонед каме дар бораи таркиби кумисиюни интихоботӣ иттилоъ бидиҳед, аъзои кумисиюн кӣ ҳастанд, чигуна ба ин кумисиюн таъйин шудаанд?

То ҷое мо медонем, ҳамаашон собиқаи ҳизби ҳокимро доранд ва ё дар ниҳоди давлатие кор кардаанд. Зеро мунтақидон ва мухолифон Шуморо ба ҷонибдорӣ аз як номзад, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии феълӣ, муттаҳам мекунанд.

Ин масъала барои ман масъалаи нав нест. Ин мавзӯъ дар кунферонсҳо ва семинорҳо матраҳ мешавад. Ман ба ин иддаъо розӣ нестем ва борҳо ҷавоб додаам. Мустақил будани моро қонун муъайян кардааст – ҳам дар интихоботи порлумонӣ ва ҳам дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ.

Ҳар як узви кумисиюн бо пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод мешавад ва дар Маҷлиси Намояндагон интихоб карда мешавад...

Ба ҳар сурат, пешниҳодро раиси ҷумҳур мекунад, ва медонем, ки порлумон боре ҳам пешниҳоди раиси ҷумҳуриро рад накардааст.

Раиси ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, аммо дар онҷо 63 факил нишастаанд, ки ҳақ доранд рад кунанд. Ба ин тартиб, ҳам раис, ҳам муъовин ва ҳам аъзои кумисюн аз ин роҳ ба кумисиюн барои ваколати панҷсола ба кор меоянд. Метавонанд аз нав интихоб шаванд ё одами дигар метавонад биёяд.

Яъне мустақил будани ин кумисиюн дар қонун муъайян карда шудааст. Яъне мо имрӯз пурра мустақил ҳастем ва ҳар касе мегӯяд мо мустақил нестем, ин нодуруст аст.

Шояд онҳо ин ҳарфро барои он мегӯянд, ки ҳарчанд шумо бояд бетараф бошед, ҳамин ҳоло акси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳуре, ки 21 соли ахир дар сари қудрат аст ва ҳоло низ номзад аст, дар девори шумо овезон аст?

Не, ба ин хотир нест. Ман ба Шумо ҳамчун ҳуқуқшинос гуфта истодаам, ки қонун мустақиллияти кумисиюни интихоботро чи гуна фароҳам кардааст. Мо бетараф ҳастем. Мувофиқи қонун, мо бояд бетараф бошем. Кори мо ташкили интихоботи озоду шаффоф ва ҳисоб кардани раъйи мардум аст.

Агар тибқи қонун, Шумо бояд бетарафиро риъоят кунед, магар овезон будани акси яке аз номзадҳо дар утоқи кориатон дар замони таблиғоти интихоботӣ нақзи ин қонун нест?

Ин тарафгирӣ нест. Вай президенти амалкунанда аст...

Аммо номзад низ ҳаст...

Бале номзад низ ҳаст. Ин вайронкунии қонун нест. Инро гирифтан ҳам мумкин аст, ин ягон нақш бозӣ намекунад. Тақдири интихоботро рӯзи интихобот ҳар як интихобкунанда дар ҳуҷраи интихобот ҳал мекунад. Ман ҳатто ба оилаи худам гуфта наметавонам, ки ба ин ё он номзад раъй бидеҳ.

Ташаккур барои суҳбат.

Матолиби муртабит