Талбаков: 'Ман ихтиёроти раиси ҷумҳуриро коҳиш медиҳам'

  • 15 Октябр, 2013
Исмоил Талбаков
Image caption Оқои Талбаков мегӯяд, ки ислоҳоти пешниҳодии ӯро ҳеч ҳизби дигаре надорад

Исмоил Талбаков, номзади ҳизби кумунист барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот ислоҳоти густардае дар низоми мудирияти кишвар ба роҳ хоҳад андохт. Аз ҷумла, ихтиёроти раиси ҷумҳурро коҳиш хоҳад дод ва Ҳукуматро аз раисҷумҳур ҷудо ва мухтор хоҳад кард. Ӯ мехоҳад, ки ихтиёроти порлумонро ҳам афзоиш диҳад, то порлумон битавонад бар фароянди иҷрои қавонине, ки тасвиб мекунад, назорат кунад.

Оқои Талбаков аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова аз сӯйи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар таъаҷҷуб аст ва мепурсад, ки чи гуна ӯ барномаи ҲНИТ-ро иҷро мекунад, дар ҳоле ки узви ин ҳизб нест? Суҳбати ихтисосии ҳамкорамон Исфандиёри Одина андаке пештар аз лағви номзадии хонуми Бобоназарова анҷом шуд, вале суолоти марбут ба ишонро ҳам гузоштем:

Оқои Талбаков, чи тур шуд, ки аъзои ҳизби кумунист номзадии Шуморо барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузиданд?

Ман тамоми ҳаёту фаъъолиятам ба ҳизби кумунист пайваста аст. Солҳои тӯлонист, ки дар ин ҳизб аз як узви маъмулӣ то раҳбари аршад фаъъолият мекунам. Тайи беш аз 10 сол аст, ки котиби кумитаи марказии ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳастам. Дар шароити сангин ман ба ин симат интихоб шудам.

Аслан чи тур шуд, ки узви ҳизби кумунист шудед?

Ин таърихчаи тӯлонӣ дорад. Соли 1976 ман аз Донишгоҳи миллӣ фориғ шудам ва бо роҳхати вазорати кишоварзӣ ба ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) рафтам ва ба унвони иқтисоддон дар он ҷо ба фаъъолият оғоз кардам. Аз хонаводаи мо ҳеч кас фаъъолияти ҳизбӣ надошт, на падарам, на модарам, на ягон хешовандам. Падарам ронанда, модарам коргари одӣ буд. Як бегоҳ филмеро дар телевизиюн тамошо кардам, ки “Котиби якуми райком” ном дошт ва нақши марказии онро ҳунарпешаи гурҷӣ Гиоргий Тарелӣ бозӣ мекард. Ин нақш аз лиҳози инсонӣ, яъне бо хоксориву масъулиятшиносияш дар ман таъсир гузошт. Фардои он рӯз ба созмони маҳаллии ҳизби кумунист рафтам ва дархости узвият додам. Аммо фароянди пайвастан ба ҳизб душвор буд, бавижа барои хидматчиён (кормандони давлатӣ). Пас аз се соли баррасӣ ва санҷиш, охири соли 1979 узви ҳизби кумунисти Шӯравӣ шудам.

Он замон ҳизби кумунист як ҳизби бисёр нерӯманд ва яккатоз буд. Фикр мекунед чаро ин ҳизб қудраташро аз даст дод ва аз саҳна дур шуд?

Ин мавзӯъест, ки аз рӯзҳои аввали пароканда шудани ҳизб ва фурӯпошии Шӯравӣ моро ором намегузорад. Мо ба ин суол то андозае ҷавоб ёфтем, аммо комил нест. Пеш аз ҳама сабабаш ин буд, ки дар ҳар сохти давлатдорӣ роҳбарони аввал дар мақоме, ки доранд, пир мешаванд. Брежнев 18-20 сол роҳбарӣ кард ва нерӯву истеъдоде, ки дар оғоз дошт, дигар надошт. Дар тамоми сутуҳ, ҳатто дар сохторҳои поёнӣ ҳам, ҳар касе аз панҷ сол бештар кор кунад, дигар барои ҳамон мансаб пир мешавад, аз ин рӯ, бояд иваз шавад. Мо ин мавзӯъро дар барномаи ҳизбамон ҳам дар назар гирифтаем. Дар сурати пирӯзии номзади ҳизби кумунист, аъзои ҳукумат дар як симат набояд беш аз панҷ сол кор кунанд.

Аммо худи Шумо ҳам солҳои зиёдест, ки дар симатҳои аршад дар ҳизби кумунист кор мекунед, на?

Ман тӯли 30 соли ахир дар мансабҳои зиёди ҳизбӣ дар ноҳияи Совет ва вилояти Кӯлоб кор кардам. Дар солҳои душвори ҷанги дохилӣ бисёре аз аъзои ҳизб ба муборизаҳо тоб наоварданду аз ҳизб рафтанд. Ман нарафтам ва даҳ сол котиби якуми ҳизб дар Кӯлоб будам. Бе маъош ва имконоти дигар, мо тамоми саъйамонро кардем, ки кумитаи вилоятии ҳизбро нигоҳ дорем, зеро кумитаи вилоятӣ дар Кӯлоб дар он замони душвор аз такягоҳҳои умдаи кумитаи марказии ҳизб буд.

Дарвоқеъ бисёре аз мансабдорони кунунӣ қаблан аъзои ҳизби кумунист буданд, вале дар даврони ҷанги дохилӣ ҳизби наве таъсис шуд ба номи халқи демукрот, ки ҳама ба он пайвастанд. Онҳо дарвоқеъ кумунист буданду халқӣ-демукрот шуданд ё ҳануз ҳам кумунист дар либоси халқи демукрот ҳастанд? Назари Шумо чист?

Ин бисёр суоли бамавқеъ аст, мо ба ин суол посухи худро дорем. Дар даврони ҷанги дохилӣ ман ширкаткунандаи мустақими ин ҳаводис будам. Мо барои риъояти Қонуни асосӣ, якпорчагӣ ва ягонагӣ мубориза мекардем. Дар ин ҷо манфиъати миллӣ ва мавзӯъи шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ матраҳ буд. Он замон нерӯҳои зидди кумунистӣ, монанди Елсин, Кравчук, Шушкевич, Горбачев ва ғайра дар давраи авҷи фаъъолияташон буданд. Ҳадафи асосии онҳо аз миён бурдани давлати абарқудрати Шӯравӣ буд.

Дар ҳамин давра дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ сар зад, ки ҳадафи он ҳам сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва давлатдории кумунистӣ буд. Иҷлоси Шӯрои олӣ, ки дар Хуҷанд доир шуд, бори аввал барои якпорчагӣ замина гузошт, аммо дар дохил. Дар сиёсати байналмилалӣ лозим буд, ки Тоҷикистонро эътроф кунанд. Манфиъати миллӣ бисёре аз кумунистонро маҷбур сохт, ки аз як нерӯи нав ё ҳизби наве дарак диҳанд, чун зарурат пайдо шуд. Ва бисёре аз кумунистон ба ин натиҷа расиданд, ки аз манофеъи ҳизбии худ гузаранду манофеъи миллиро ҳифз кунанд. Ва оҳизби халқи демукротро таъсис доданд.

Фикр мекунед онҳо ҳануз ҳам кумунистанд ё фикрашон иваз шуда?

Ҳоло ҳам мо бояд аз ягонагию якпорчагии Тоҷикистон дар ғафлат набошем. Имрӯз ҳам Тоҷикистонро дар ҷомеъаи байналмилалӣ ҳамчун ҷомеъаи демукротик, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мешиносанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки кумунистҳо ҳоло на дар ҳама ҷо дар сари қудратанд. Масалан, шарики истротежики мо Русия аст, аммо дар онҷо ҳизби “Русияи муттаҳид” ҳоким аст. Барои доштани муносиботи тиҷориву сиёсию иқтисодӣ бо Русия бояд нерӯе дошта бошем, ки бо онҳо ҳамоҳанг бошад. Аз ин рӯ, онҳое, ки дар ҳизби халқи демукрот ҳастанд, ин масъулият ба дӯши онҳост.

Ба ҳар ҳол, байни ҳизби шумо ва халқи демукрот чи робитае вуҷуд дорад?

Аҳдофи муштараки мо якпорчагии Тоҷикистон, риъояти қонун, ваҳдати миллӣ, шарики истротежик будани Тоҷикистон бо Русия ва Чин аст.

Пас шумо мухолифи ҳизби халқи демукрот нестед? Худро упузисиюни ҳукумати имрӯза ҳисоб намекунед?

Мо упузисиюни ҳукумати имрӯза ҳастем. Барномаи мо бо барномаи ҳизби халқи демукрот тафовути куллӣ дорад. Мо мехоҳем моликияти давлатӣ авлавият дошта бошад. Хусусисозие, ки дар замони душвор анҷом шуд, иштибоҳоте дошт. Моликиятеро, ки дар 70 соли Шӯравӣ ба вуҷуд омад ва саҳми ҳамаи мардум дар он буд, як гурӯҳ тасарруф карданд. Аммо як омилаш ин буд, ки будҷеи кишвар он замон ба сифр расида буд ва давлат маҷбур буд хусусӣ созад. Вале ин амр саросемавор анҷом шуд, навоқиси ҷиддӣ дошт. Мо аз моликияти хусусие, ки шуғл фароҳам кунад, ба мардум маъош диҳад, маҳсулот тавлид кунаду молиёт супорад, ҳимоят мекунем, аммо дар мавриди моликияти хусусие, ки садҳо милюн дулор асту як гурӯҳ ғасб кардаанд, фаъъолияташ муассир нест, мо таҷдиди назар мекунем.

Яъне корхонаву ширкатҳои хусусиро дубора давлатӣ мекунед?

Оре, корхонаҳоеро, ки хусусӣ шудаанду молиёт намесупоранд, ҷойи кор нест, маҳсулот тавлид намекунанду мардуми бисёр дар кӯча бекор мондаанд, дубора миллӣ мекунем.

Ба ҷуз хусусисозӣ ё миллисозӣ боз чи барномаҳое доред?

Як шиъори мо ин аст, ки “аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ, ба ҳар кас мувофиқи заҳматаш.” Касе ки кор мекунад, бояд маъош бигирад.

Хуб, ин шиъори Шӯравӣ ҳам буд, аммо ба ҷое нарасиду шикаст хӯрд...

Ин мавзӯъи дигар аст, ин шиъор аз нигоҳи илмӣ асоснок аст. Ҳоло дар ҷаҳон илми иқтисоду сиёсатшиносӣ аз Моркс фаротар нарафтааст. Моркс мушаххасан нишон дод, ки истисмор куҷост. Ҳамон ҷоест, ки арзиши изофаро сармоядор муфт аз они худ мекунад. Ба коргар ҳамон қадар маъош медиҳад, ки намурад, ҳамин...

Аммо чаро морксизм пирӯз нашуд дар ҷаҳон, низоми сармоядорӣ ҳама ҷоро гирифт?

Ман фикр мекунам, ки шикасти Шӯравӣ (ношӣ) аз хиёнати худи кумунистоне буд, ки зимоми раҳбарии ҳизбро дар даст доштанд. Аз Горбачев сар карда то Елсину Кравчуку Шушкевичу... Дар ҳизби кумунист ҳамон давра буҳрони кодрӣ ба вуҷуд омад. Болотар гуфтам, ки раҳбарони ҳизб пир шуда буданд. Чаро Чин дучори шикаст нашуд? Чун аз соли 1957 зарурати ислоҳоти идориро дарк кард. Барои ҳамин, имрӯз Чин муваффақона пеш меравад.

Пас Шумо ҳамчунон умед доред, ки мешавад як ҷомеъаи кумунистӣ сохт?

Бале. Дар илми иқтисод ва сиёсатшиносӣ панҷ форматсияи (сохти) иҷтимоъӣ, яъне ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феудолӣ, сармоядорӣ ва кумунистӣ ҳаст. Аз кумунисм фаротарашро илм ҳануз кашф накардааст. Ҳоло мо шахсан намедонем, ки дар Урупо чи форматсияи (сохти) ҷамъиятӣ ҳаст.

Шумо гуфтед як ваҷҳи муштаракатон бо ҳизби халқи демукрот ин аст, ки ҳарду Русия ва Чинро шарики истротежик медонанд. Чаро маҳз ин ду кишвар?

Мо ба нерӯҳои солиме, ки дар Русия ҳаст, такя мекунем. Тамоми иқтисоди мо бо Русия пайванд аст, менталитети (тарзи фикри) мо ба Русия наздик аст. Барои чи беш аз як милюн шаҳрванди мо ба Русия коркунӣ мераванду ба Арабистон ё Эрон намераванд? Барои он ки мардум худаш медонад, ки куҷо равад. Мо такя ба халқ мекунем. Дар Чин моликияти давлатӣ ҳаст, вале моликияти хусусиро ҳам эътироф мекунанд. Ҳамин моликияти давлатӣ аст, ки кумак мекунад давлат масоили иҷтимоъӣ, мисли маъоши бознишастагӣ, кумакҳои иҷтимоъӣ, хадамоти тандурустӣ ва ғайраро ҳал кунад. Хадамоти тиббӣ ва омӯзишу парвариш аз нигоҳи мо бояд ройгон бошад, хонаводаҳои камбизоъат бояд аз давлат кумак бигиранд. Мо дар хонавода нуҳ нафар будем, падарам 90 сум маъош мегирифт, модарам 80 сум. Лекин кумакпулие, ки давлат ба кӯдакон медод, 120 сум буд.

Хуб, он замон Иттиҳоди Шӯравӣ як давлати абарқудрат буд ва пули бисёр дошт, Тоҷикистон, ки ин имконотро надорад? Агар шумо кумунисм ҳам созед, шояд натавонед ин қадар маъошро фароҳам кунед?

Ҳоло ҷавҳари суҳбатро дарёфтед. Тоҷикистон кӯчак ҳам бошад, метавонад 25 милюнро хӯронаду пӯшонад. Ва зиндагии арзандаро таъмин кунад.

Аммо инҳо ҳамааш бидуни сармоягузорӣ, бавижа сармоягузории хориҷӣ, имкон надорад. Ва сармоягузор ҳам, ки сармоядор аст?

Сармоядор ҳасту сармоягузор ҳаст. Сармоягузори чинӣ мисли сармоядорони мо нест, ки чаҳор сомонӣ пул ёбаду даррав ду зан бигирад, ҷип хараду хона кунад. Вай ду сум, ки ёфт, як сумашро ба тавлидот мезанад. Тоҷикистон имконоти зиёде дорад. Нерӯи корӣ аз манобеъи аслии мост. Имрӯз як милюн бештар муҳоҷир дар хориҷ аст. Мо барои Русия кор мекунем. Мардуми мо то 18-солагӣ таҳти тарбияти давлат ва падару модар аст, баъд аз он меравад Русия. Баъд бознишатаву бемор шуда, бармегардад ва боз ба гардани давлати мо бор мешавад.

Воқеъан масъалаи муҳоҷират бисёр масъалаи доғ аст. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ пули муҳоҷирон 47 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии моро ташкил медиҳад. Ва Тоҷикистон вобастатарин кишвар ба пули муҳоҷират аст. Дар ин замина чи барномаҳое доред?

Муҳоҷират дар барномаи мо ҷойгоҳи марказӣ дорад. Бисёре аз камбудиҳое, ки дар Тоҷикистон ҳаст, аз муҳоҷират маншаъ мегирад. Муҳоҷирон барои мо ҳам манфиъат меоранд, ҳам зиён. Масалан зиндагияшонро пеш мебаранд, будҷеро таъмин мекунанд, гардиши пул дар бозор ба туфайли онҳост. Аз рӯйи баъзе ҳисобҳо чаҳор милёрд дулор аст, ки ин шӯхӣ нест, қариб ду баробари будҷе аст. Аммо коре, ки онҳо мекунанд, танҳо чаҳор милёрд нест, 20 милёрд аст. Агар муҳоҷир барои кораш аз сад сум 20 дарсадашро бигирад, бақияи он дар Русия мемонад. Боз онҳо мехаранд, мехӯранд, мепӯшанд, пули ҷойи хоб ва хадамоти шаҳриро медиҳанд. Ин захираи бисёр бузургест, ки бояд ба Тоҷикистон баргардонда шавад.

Чи тур мешавад баргардонд?

Яку якбора намешавад. Мо бояд пеш аз ҳама дар Тоҷикситон ҷойҳои корӣ ташкил кунем, на танҳо дар Душанбе, дар Хуҷанду Кӯлобу Қурғонтеппа. Тарокуми ҷамъият дар шаҳрҳо зиёд шудааст. Ҳамаи ин мардумро шаҳрҳо наметавонанд хӯронанду пӯшонанд. Мо бояд такя ба деҳот кунем. Аз таҷрубаи Белорус бояд истифода кард. Дар он ҷо хоҷагиҳои колективӣ (кулхузҳо) барқарор шудаанду кор мекунанд. Мо бояд шароити зисти мардумро дар деҳот ва шаҳрҳо баробар кунем. Дар деҳот барқ бошад, манзил бошад, ҷойи кор бошад, мардаки рустоӣ майли шаҳр накунад, дар ҳамон ҷо кор кунад. Бори шаҳрро сабук кунем.

Мақомот пайваста гузориш медиҳанд, ки ҳамасола садҳо ва ҳазорҳо ҷойи кор эҷод кардаанд, аммо мардум намехоҳанд кор кунанд, чун маъош кам аст?

Ба ҷойи бисёр нозуки масъала нохун задед. Чаро чунин аст? Барои он ки корхонаҳои хусусишуда бесамар кор мекунанд, маъоши андаке ба мардум медиҳанд. Дар бисёр ҷоҳо маъош аз 400-500 сомонӣ бештар нест. Мо ният дорем тамоми маблағҳоеро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бонкҳои хориҷӣ ҳаст, дар манотиқи офшур ҳаст, ба ватан баргардонем. Ин маблағи калонест, тақрибан 13 ё 15 милёрд дулор аст, ҳарчанд ин арқоми расмӣ нест.

Яъне шумо сармоядоронро маҷбур мекунед, ки пулҳояшонро аз бонкҳои хориҷӣ биёранд?

Бале, он сармоядори ватанӣ, ки нангу номус дорад ва ободии Тоҷикистонро мехоҳад, мо аз ӯ даъват мекунем, ки маблағҳоро биёрад ва дар бонкҳои Тоҷикистон гузорад.

Агар даъвататонро напазиранд, чи?

Агар напизаранд, мо аз меконисмҳои қонунгузорӣ истифода мекунем, ба онҳо муҳлат медиҳем. Албатта, ҳама хуб истиқбол намекунанд, лекин агар даҳ кас напазирад, ҳазорҳо нафар мепазиранд. Мо ин маблағҳоро оварда, бо номи худашон, кушоду равшан ва шаффоф мегӯем, ки ин пули фалонӣ аст, ба муддати се то панҷ сол дар гардиши бонкӣ дохил мешавад. Ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд тавлидот ва тиҷорат кунанд, аз ин маблағҳо қарзҳои бебаҳра дода мешавад. Баъд ин маболиғ амнистия мешавад ва мегӯем, ки худатон аз он истифода кунед. Барои чи чиниҳо ва русҳо меоянду маблағ мегузоранд, аммо ҳамвататанони мо не?

Сармояе, ки аз Чин ё Русия ё Эрон меояд, бештар сармояи давлатист ва ин давлатҳо эътимод доранд ва медонанд, ки пулашон бармегардад. Сармоягузори хусусӣ ин эътимодро надорад!?

Чаро аслан чинию эронию рус меоянду, дигарон намеоянд?

Чаро Омрико, масалан, намеояд дар Тоҷикистон сармоя гузорад?

Омрико мавзӯъи дигар аст, аммо инҳо барои он меоянд, ки дар ин ҷо аз имтиёзоти молиётӣ бархурдоранд. Ба муҳлати се то панҷ сол аз молиёт озоданд. Чиниҳо ба унвони муҳоҷир ва бо танзимоти давлатӣ меоянд, дар инҷо барои мардуми худашон бо пули худашон ҷойи кор эҷод мекунанд. Нерӯгоҳе, ки Эрон сохтааст, тӯли 13 сол моли худаш мешавад ва даромадашро мегирад.

Чаро ҳамин гуна имтиёзҳо ба сармоягузорони дохилӣ дода намешавад?

Азбас сармоягузорони мо маблағҳояшонро ба хориҷ бурданд, мо маҷбур шудем ба хориҷиҳо ин имтиёзотро бидиҳем. Агар онҳо сармояашонро биёранд, мо ба онҳо низ ҳамин имтиёзотро медиҳем.

Аммо чанд сармоядори маҳаллӣ, ки инҷо буданд, ё зиндонӣ шуданд ё таъқиб ё фирорӣ шуданд. Масалан, Зайд Саидов, ки зиндон шуд, ё Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр”, ё Умаралӣ Қувватов, ки ба хориҷ рафт. Вақте инҳоро бисёре аз тоҷирон мебинанд, чи тур ба ин давлат эътимод кунанд?

Саволи шумо асоси воқеъӣ дорад, чун мо ин чизҳоро мебинем. Лекин дар ин ҷо ҳам ба ҳар факту далел воқеъбинона бояд нигоҳ кард. Масалан, Зайд Саидов тақрибан ҳамсояи ман аст, ӯро хуб медонам. Вай бо саҳми 30-фоизаи мухолифин вазири саноеъ шуд. Ва хусусисозӣ дар Тоҷикистон бо иштибоҳоти бузурге дар системи саноеъ шурӯъ шуд. Саноеъ касод шуд, баъд арсаи кишоварзӣ ҳам касод шуд. Ман дар бораи онҳое, ки дар зиндон ҳастанд, чизе намегӯям. Худо накунад касе зиндонӣ шавад. Ин кори мақомоти зидахл аст. Дар бораи Қуватов ҳам аз матбӯъот дарак дорам. Бисёриҳо ҳоло худро тоҷири муваффақ мегӯянд...

Ба ҳар ҳол, муҳим нест, ки онҳо чи шахсиятҳое ҳастанд, аммо ин чанд қазия аст, ки бо чанд тоҷир ё сармоядор иттифоқ уфтод. Инро дигарон мебинанд?

Ман сад дар сад бо Шумо мувофиқам. Шота Руставелӣ мегӯяд, ки шери мурдаро хар ҳам ба лагад мезанад. Сифати мардӣ нест, касеро танқид кунем, ки дар мушкилӣ уфтодааст, ин кори мақомоти зидахл аст. Шумо инҳоро мисол овардед, аммо ман ҳам садҳо мисол меорам, ки... Масалан, дар вилояти Суғд 145 корхона муваффақона кор мекунад. Қариб 50 корхонаи пахтатозакунӣ ҳаст, ки кор мекунанд, аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки камбудӣ доранд.

То соли 2000 мо пояҳои ҳукумати навро ташкил мекардем. Мо аз низоми Шӯравӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштем ва то солҳои 2000 беш аз ҳазор қонунро нав кардем. Дар ин раванд нафароне буданд, ки ғайрат доштанду кор карданд, онҳое ҳам буданд, ки камбудӣ доштанд. Зайд Саидов аз ман ҳам чанд бор хост, ки ба ҳизбаш пайвандам. Ман гуфтам, ки барномаи мо бо шумо созгор нест. Шумо тамоми саноеъи кишварро бо пули пучак хусусӣ кардед. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо дороии Тоҷикистон 55 милёрд будааст, дар 50-60 милюн ҳаминро фурӯхтанд.

Замоне ки ин дороиҳоро фурӯхтанд, тасмими ниҳоиро давлат гирифт, як шахс масъул набуд. Мо аз боло қонунҳо дар бораи хусусисозӣ доштем. Магар раиси ҷумҳур ва порлумон инҷо масъул нестанд, танҳо як нафар масъул аст?

Раҳмат ба падарат. Аммо як ҳолати дигар аст. Дар хусусисозии саросемавор нафароне даст доштанд, ки таъсири хориҷӣ доштанд, мегуфтанд, ки инашро ҳуландӣ кунем, ваяшро ба равиши инглисӣ ва ғайра. Масалан, корхонаи яхчолсозиро бо 113 ҳазор дулор хусусӣ карданд, танҳо 35 ҳазор дулор ба давлат супурданд. Дар ҳоле ки ин корхона аз 100 милюн бештар арзиш дошт. Имрӯз, ки оромию ваҳдат аст, мо бояд моликиятеро, ки хусусӣ шуду бекор аст, миллӣ кунем.

Бисёр корхонаҳои давлатӣ ҳам ҳастанд, ки зоҳиран фаъъолияташон чандон муассир нест, мисли “Талко”. Ва он бузургтарин корхона дар Тоҷикистон аст ва таҳти назари мустақими раиси ҷумҳур ҳам ҳаст. Мардум намедонанд даромади он куҷо меравад, мегӯянд бештари ин пул ба манотиқи офшур меравад. Шумо чи назар доред?

Ин корхона дар иқтисоди Тоҷикистон дар давраи шӯравӣ ҷои марказӣ дошт. Он танҳо маҳсулот тавлид намекунад, қариб 15-20 ҳазор одам онҷо кор мекунанд, як шаҳри калони Турсунзода тамоми хароҷоти нигоҳдорию ҳамлу нақлу иртибототаш ба он вобаста аст.

Лекин имрӯз фаъъолияти он бевақфа идома дорад. Агар як соъат аз кор монад, даҳҳо милёрд дулор лозим аст, ки барқарор шавад. Бояд муттасил кор кунад. Фаъъолияташ ба онҳое ҳам бастагӣ дорад, ки глиназем (маводди хоми олуминиюм) меоранд. Мисли осиёб аст, ки гандумро мегирад, орд мекунаду медиҳад ва пулашро мегирад. Вай ба будҷе тамоми молиётро мепардозад. Аммо 15 ҳазоре, ки онҷо кор мекунанд, агар панҷкасӣ нонхур дошта бошанд, 75 ҳазор мешавад.

Ин 15 ҳазор дар баробари якуним милюн муҳоҷир ҳеч аст, аммо ин корхона аз имтиёзоти зиёде бархурдор аст, қимати барқро аз дигарон камтар мепардозад?

Ин корхона ҳолаташ бисёр мураккаб аст, барои тавзеҳи ин соъатҳо бояд ҳарф зад. Ба он хокаро меоранд, коркард мекунад ва фақат пули корашро мегирад.

Агар Шумо пирӯз шавед, дар кори ин корхона тағйироте намешавад?

Мешавад, мо агар ба қудрат расем, қарордодҳои ин корхона бо онҳое, ки глиназем меоранд, бояд дақиқ шавад. Ин кор мутахассисони зиёде металабад, дар Русия панҷ корхонаи олуминиюмро бастанд. Нархи олуминиюм дар борзор кам шуд. Орзу дорам ин ҳолат ба Тоҷикистон наояд. Будубоши ҳамин шаҳр ба ин корхона вобаста аст.

Аммо бисёре аз сокинони ин шаҳр ҳам дар муҳоҷират ҳастанд ва пулашонро аз муҳоҷират меёбанд. На аз корхона, корхона ба онҳо пул намедиҳад?

Муҳоҷират ду ҷанба дорад. Ман ҳар сол се бор бо муҳоҷирон мулоқот мекунам. Чанд мулоқот дар Калининград ва Екотеринбург доштам. Агар қисме аз мардум аз ночорӣ муҳоҷир шаванд, барои қисми дигар муҳоҷират муд шудааст. Масалан, писари додари ман донишкадаи молиётро хатм кард, як сол дар идораи молиёт кор кард, аммо рафт, гуфт намешавад. Дар додгоҳ кор накард, ширкати махсус кушодем, ки кор кунад, накард, не, ман Русия меравам. Ду сол аст дар Русия аст, ҳол он ки ягон зарурат надорад, хона дорад, таҳсилкарда аст, падару модар, гову мол, мошин дорад, боз меравад Русия.

Бисёре аз муҳоҷирон ҳам ҳамин тур бе ҳадаф рафтаанд. Бисёреш мактабро хатм мекунанд, падаронашон дар Русияанд, барои ин ки сарбозӣ нараванд, онҳоро пешашон мебаранд. Яъне аз хидмати сарбозӣ мегурезем. Мо ҳоло мехоҳем ин масъаларо матраҳ кунем, ки ҳеч кас бе иҷрои уҳдадории ҳарбӣ иҷоза дода нашавад, ки ба Русия равад. Кишвари мо ҷавонтарин кишвар аст, аммо вақти сарбозгирӣ мардумро ҳатто бо облава ба артиш мебаранд.

Шояд ҳама фирор мекунанд, чун инҷо озодӣ надоранд, шуғлу коре, ки доранд, онҳоро қонеъ намесозад?

Озодие, ки тоҷик дар ватани худ дорад, дар Русия надорад. Дар он ҷо тоҷик ба кӯча баромада наметавонад, тамошо рафта наметавонад, кӯча баромад, милисаи рус мегуяд, ҳой таджик, инҷо биё. Салом накарда, худаш кисаашро мековаду мегӯяд, ки маҳ, бигир, маро ҷавоб деҳ.

Пас фикр мекунед чаро аз инҷо фирор мекунанд?

Дар ин замина бояд ҷомеъашиносон, кор кунанд, ки чаро мардум Русия мераванд.

Чи тур мешавад ҷилавашро гирифт?

Барои ин мо бояд тавозуни шаҳру деҳаро ба ҳам наздик кунем. Ман соли 1978 донишгоҳро тамом кардаму ба деҳа рафтам, ҳарчанд имкон доштам дар Душанбе кор кунам. Лекин он солҳо ҳамин шароит дар деҳот ҳам буд. Ҳамон ҷо ҳам кинотеатр буд, чароғ буд, ҷойи кор буд. Тамом кардам, як рӯз ҳам наистодам, рафтам ба деҳа. Бояд дар мактаби миёна омӯзиши касбҳоро ҷорӣ кунем.

Фикр мекунед чаро давлат то имрӯз натавонистаст ин масъаларо ҳал кунад? Онҷо ҳам коршиносу мутахассисҳо зиёданд, чаро накарданд?

Ҳамин “чаро” моро низ водор карда, ки дар интихобот ширкат кунем. Ва ислоҳоти худро барои идораи давлат пешниҳод кунем.

Фикр мекунед заъфҳои ин давлат чи аст, ки Шумо мехоҳед ҷои онро бигиред?

Мо мехоҳем, ки ҳукумат такя ба илм кунад, ба маъориф кунад, тамоми таълимот бояд ройгон бошад. Тандурустӣ ҳам. Бахусус дар муасисоти давлатӣ!

Ҳоло ҳам, ки ройгон аст?

На, ройгон нест.

Лоақал қонунан ройгон аст?

Оре, аммо дар Тоҷикистон фасод реша давондааст. Оё писари шумо метавонад бе пул дар донишгоҳ дохил шавад? На, шояд аз даҳ як нафар тавонад. Ин як воқеъият аст, ки инро бояд гуфт. Ман ҳам метавонам бигӯям, ки ҳамааш нағз аст.

Аммо кӣ масъул аст барои ин ҳама фасод?

Барои ҳамин, мегӯям, ки маблағҳоро бояд (аз бонкҳои хориҷӣ) овард ва системи маъорифро пеш бурд. Ман дар ноҳияи Совет котиби райком будам, ман 350 сум маъош мегирифтам, сардухтур 700 сум, муъаллими химия 700 сум маъош мегирифт. Муъаллим ба ҷуз дарс дар фикри дигар набуд. Ҳоло мо муъаллимро деҳкон кардем, тоҷир кардем, фермер кардем. Вай дар дарс, аммо фикраш ба тиҷораташ аст. Касе, ки имрӯз муъаллиму духтурро ба тиҷорат ҷалб мекунад, хатои ҷиддӣ мекунад.

Фикр мекунед, кӣ масъул аст барои ин?

Мо мехоҳем моликият давлатӣ бошад, албатта хусусӣ ҳам бошад, байни онҳо рақобат бошад, будҷеи давлат аз ҳисоби моликияти давлатӣ ғанӣ мегардад. Будҷе, ки ғанӣ шуд, пули муъаллим ҳам зиёд мешавад. Ин ки бисёре аз ҷавонҳо муҳоҷират мераванд, насли солҳои 92 ва 93 ҳастанд, он замон талаба буданд, мо бояд ҷавонҳои соли 2020-ро омода кунем. Мо бояд барои онҳо замина созем.

Билохира, мушаххасан нагуфтед, ки масъул кист, давлат аст, табақаи ҳоким аст ё ҳизби халқи демукрот?

Ин меъёри қонуни асосӣ аст, ки давлат замонат медиҳад.

Пас давлат натавонистааст тазмин кунад? Шумо ба унвони як номзади ҳизби мухолиф чаро аз давлат интиқод намекунед?

Интиқод ин нест, ки бароему байрақ гирем. Мо дар порлумон интиқод мекунем, дар гузоришҳоямон интиқод мекунем, мунтазам пешниҳод мекунем қонунҳое тасвиб шавад, ки камбудиҳоро рафъ кунад. Ман муаллифи 15-20 қонун ҳастам. Масалан, дар бораи ангишт. Мо панҷ милёрд тун захираи ангишт доштем, мардуми мо аз сардӣ мемурд, аз Қирғизистон ангишт меовардем. Имруз тавлидот чаҳор-панҷ маротиба зиёд шуд. Корхонаҳо бо ангишт кор мекунанд.

Қонун дар бораи энержӣ, сангҳои қиматбаҳо, роҳҳои мошингард, пешравии Тоҷикистон ба ин қонунҳо вобаста аст. Ин пешравӣ танҳо саҳми Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати ӯ нест! Дар ин ҳиссаи Шумо ҳам ҳаст, ҳиссаи мо ҳам ҳаст, мо қонунҳое қабул кардем, ки камбудиҳо ислоҳ шавад. Дар интихобот ширкат кардани мо худаш маънои интиқодро дорад. Мо барномаи худро пешниҳод мекунем. Аммо бояд бо маърифати баланд пеш равем.

Шумо бовар доред, ки пирӯз мешавед? Чун номзади аслӣ дар инҷо, худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, номзаде қавӣ аст.

Ман на танҳо Раҳмон, балки ҳамаи номзадҳоро эҳтиром мекунам. Ман ҳеч кадоми онҳоро паст намезанам, худамро низ аз онҳо паст намезанам. Албатта, Эмомалӣ Раҳмон захоири бисёре дорад, барои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, корҳои зиёде кард. Солҳо мегузарад, интихоботҳо мегузарад, лекин номаш дар таърих мемонад, шояд бо ҳуруфи заррин навишта шавад, бо ҳамаи камбудиҳояш. Қиматтарин чиз сулҳ аст, сулҳ омад, истиқлол эътироф шуд. Ин чизест, ки бо милёрдҳо дулор намешавад ҳисоб кард. Аммо ин ба он маъно нест, ки аз тамоми захираҳои Раҳмон ва дигарон истифода шудааст. Дастовардҳоро эътироф мекунем, лекин мо ҷомеъаи демукротик дорем, Қонуни асосӣ ба мо ҳақ додааст, ки дар интихобот ширкат кунем. Ширкати мо ҳам самараи истиқлол аст, риъояти демукросӣ аст. Дар Узбакистону Туркманистон ҳизбҳо ин имконро надоранд.

Пас Шумо мехоҳед дар интихобот ширкат кунед, танҳо барои ин ки нишон диҳед, мо демукросӣ дорем? Ё воқеъан мехоҳед пирӯз шавед?

Не! Ман афсари шӯравӣ будам, дар артиш як мақол аст, ки «плохой солдат не мечтает быт генералом.” Мо ҳама шаҳрвандон, аз ҷумла худи ту ҳақ дорӣ, ки дар интихобот ширкат кунӣ.

Оре, ҳақ дорем, аммо имкони пирӯз шудан чи?

Шахсан Шумо имкон доред, тамоми меъёрҳои Қонуни асосӣ ба Шумо имкон додааст, лекин Шумо як камбудӣ доред, ки дар ягон ҳизби сиёсӣ фаъъолият надоред. Ман 25 сол дар ҳизби кумунист фаъъолият дорам, ширкати ман ҳарфи дирӯзаву парерӯза нест. Ин ҳарфи 25 30-сола аст, ки ман ба воситаи ин ҳизб бо истифода аз ҳуқуқи худ дар ин интихобот ширкат мекунам. Лекин ман фолбини сиёсӣ нестам, фолбинӣ аз нигоҳи ислом ҳам хуб нест. Ман аввал такя ба маърифати мардум мекунам. Дуюм, мардуми мо дигар мардуми соли 93, 94 ё 95 нест. Сеюм, 40 дарсади мардуми мо қашшоқ аст, 25 дарсад дар муҳоҷират аст. Онҳо мехоҳанд ҷойи кор дошта бошанд, пеши зану фарзандашон бошанд. Барномаи мо барои ҳалли ҳамин масоил аст.

Аз ин рӯ, агар интихобот шаффофу одилона гузарад, ва аз ҳама муҳиммтар, агар мардум ширкат кунанд, ман фикр мекунам, ки ба ҷонибдориям 55-56 дарсад раъй медиҳанд. Чун онҳое, ки гуфтем моликияташонро миллӣ мекунем, мумкин аст мухолифи мо бошанд. Аммо 40 дарсади қашшоқ, ки мехоҳанд сусиёлисм, ҷойи кор, баробариву бародарӣ бошад, 25 дарсад муҳоҷирон, ман аз ин 10 дарсадашро мебурам, 55 дарсад мемонад. Ба изофаи ин, ман як захираи дигар дорам: занҳои Тоҷикистон. Барои он ки дар давраи гузаштан ба иқтисоди бозорӣ бештарин мушкил ва бори зиндагӣ ба дӯши занҳост. Инҳо ҳам интихобкунандаи мо ҳастанд.

Шояд бештари занҳо ба Ойниҳол Бобоназарова раъй диҳанд, чун ишон ба ҳар ҳол зан ҳастанд ва занҳо имкон дорад ба тарафдорӣ аз номзади зан раъй диҳанд?

Зан ё мард будан маънои онро надорад, ки масоили иҷтимоъиро ҳал мекунад. Барномаи ҳизб ин масоилро ҳал мекунад. Ман ба апаи Ойниҳол ягон хусумат надорам, ҳатто бо муъаллима салом ва мулоқот ҳам накардаам, ишонро аз матбӯъот мешиносам. Лекин ман ҳайронам, вақте ки ҲНИТ нафареро пешниҳод мекунад, ки узви он нест, ӯ чи хел барномаи ин ҳизбро иҷро мекунад?

Албатта инҷо як ҳизб нест, чанд ҳизб ва гурӯҳи дигар ҳам ҳастанд, ки аз хонуми Бобоназарова ҳимоят мекунанд?

Шумо Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ)-ро дар назар доред. Ман аз таҷрубаи кориям дар порлумон то андозае ҳуқуқшинос ҳам шудам. Худи мафҳуми ИНИТ вуҷуд надорад, дар ягон ҷо сабт нашудааст. Ман бо Кабирӣ, бо Шокирҷон суҳбат доштам, гуфтам, ки эй бародарҳо, шумо ягон санад доред, ки нерӯҳои ислоҳталаб доред? Исломиҳо мегӯянд, ки мо бо қонунҳои шариъат пеш меравем, шумо қонунҳои демукротик мегӯед, инро чи тур фаҳмем? Инро рафиқони рус “каша” мегӯянд.

Фикр мекунед, чаро ҲНИТ хонуми Бобоназароваро барои номзадӣ интихоб кард?

Ин як лакировка (ҷобаҷоӣ) буд, ки ҳатто худи исломиҳо дар он раҳгум заданд. Барои чи Кабирӣ мегӯяд, ки 99 дарсади мардум мусалмонанд ва мо аз дини мубини ислом пуштибонӣ мекунем. Ман ҳам мусалмонам, аммо кумунист ҳастам. Мусалмонии ман аз аъзои ҲНИТ камтар нест, шояд бештар бошад. Вақте маро кумунистон номзад карданд, барномаро тасвиб карданд ва бар гардани ман дайн карданд, ки онро иҷро кунам. Наход дар ҳизб касе набошад, ки аҳдофи онро иҷро кунад?

Бубинед, ҳизби халқи демукрот ҳам чанд сол аст, ки танҳо Эмомалӣ Раҳмонро номзад мекунад, магар дар ин ҳизб ҳам каси дигаре нест?

Ин кори дохилии ин ҳизбҳост, ман наметавонам мудохила кунам, касеро пешниҳод мекунанд, ҳаққи ҳалоли онҳост, аммо мантиқан бояд барномаи он ҳизбро иҷро кунад. Апаи Ойниҳол оё барномаи ҲНИТ-ро иҷро мекунад ё на?

Нерӯҳои ислоҳталаб ба ҳар ҳол барномае доранд, ки ислоҳоте густарда, мисли мунҳал сохтани порлумон ва интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид дар тайи чаҳор сол, ислоҳи қонуни асосӣ ва ғайраро дар назар гирифтаанд. Шояд инҳо мехоҳанд, ки хонуми Бобоназарова танҳо барои як давраи муъайян интихоб шавад?

Фарқ намекунад, дар ҳар давраи муъайян набошад, ин мантиқ аст, ки ҳизб нафареро пешниҳод мекунад, ки ҳадафи ҳизбро дунбол кунад. Дар барномаи мо ҳам ислоҳи низоми порлумонию президентӣ ва дигару дигар ҳаст, ман ҳам метавонам тавзеҳ диҳам. ҲНИТ як ҳизби исломӣ аст, чи тур шариъатро як тараф мегузораду демуросиро ҷорӣ мекунад? Ин аҷиб аст!

ҲНИТ собиқан аз муолифони аслии ҳизби кумунист буд, чи дар замони ҷанг ва баъд аз он. Дар ҷанг онҳо бо тарафдорони кумунисм даргирӣ доштанд. Пас, собиқаи мухолифати онҳо бо шумо ва шумо бо онҳо тӯлонист.

Имрӯз ҳам мебинем, ки бахши аъзаме аз мардум мазҳабӣ шудаанд ва имкон дорад ба тарафдорӣ аз ҲНИТ раъй диҳанд, бисёри онҳо кумунисмро қабул надоранд. Мегӯянд, ки ин як ҷомеъаи бединӣ ва бехудоӣ аст. Шумо чи тур миёни онҳо нуфуз пайдо мекунед?

Ин суол барои ман ҳам аҷиб буд. Мухолифати мо аслан бо ҲНИТ аст, на бо мусалмонҳо. Мо дар ойинномаамон исломро ба унвони маърифати фарҳангӣ, ки тайи ҳазорсолаҳо омадааст, мешиносем. Мо кодекси ахлоқи бинокори сусиёлисм доштем, ки аз ҳамаи динҳои ҷаҳон маншаъ гирифта буд. Он ҳам дуздию ҳаромхуриро маҳкум ва баробарию бародариро таблиғ мекард. Дин ахлоқ аст, бархе онро байрақ кардаанд, аммо агар мусалмонии тозаро риъоят кунӣ, аз ту кумунисти беҳтар нест, агар кумунисмро беҳтар риъоят кунӣ, мусалмони комил астӣ.

Шумо гуфтед, ки мусалмон ҳастед. Аммо назарияи кумунисм бо отеисм ё бехудоӣ иртиботе бунёдӣ дорад?

Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост. Кумунисм ҳам айбе надорад, айб дар кумунистии мо буд. Ислом ба ҳизб ниёз надорад. Агар ниёз буд, ҳазрати Муҳаммад, расули акрам, наҳзатиҳо хафа нашаванд, Умару Абубакру ҳазрати Алиро мегирифту як политбюро мекарданду ҳизб мекарданд. Бист сол пеш мегуфтанд, ки ҷанозаи кумунистон ҷоиз нест. Ки ҳақ дод чунин гӯянд? Ё нони муъаллим ҳаром аст, ин ҳарфҳоро ба сафҳаи таърих мепартоем.

Агар Шумо сари қудрат оед, мавзеъатон дар бораи дину ниҳодҳои динию гурӯҳҳои динӣ чи хоҳад буд?

Агар насиб бошаду ман дар интихобот пирӯз шавам, дин аз давлат ҷудо, мактаб аз масҷид ҷудо, намозатро мехонӣ, марҳамат 20 соъат бихон, аммо дар кори давлат интизоми кориро риъоят кун. Дари ягон масҷидро намебандем, фаъъолият кунад, аммо вақте ҷавон 18-сола мешавад, ақли кифояро мегирад, баъд масҷид равад. Танҳо зикри худо бошад, тарбият ва ахлоқ, на фатанисм.

Ба ҷуз ҲНИТ, ки расмӣ аст, боз гурӯҳҳои исломии ғайрирасмӣ низ ҳастанд. Ҳатто дар Афғонистону Покистон гурӯҳҳои муҷоҳидини тоҷик ҳастанд. Дар баробари онҳо чи кор мекунед?

Бигзор бошанд, ҳаёт мубориза аст. Агар он гурӯҳҳо оянду қонунҳои Тоҷикистонро риъоят накунанд, бояд муҷозот шаванд. Ҳар ҷо бошем, бояд қонунҳоро риъоят кунем, демукросӣ ҳамин аст.

Соли оянда нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ мешаванд. Тоҷикистон имкони дифоъ аз худро дар баробари ин гурӯҳҳо дорад?

Ин мавзӯъест, ки тамоми минтақа ва ҳатто як қисмати ҷаҳонро ба андеша водор кардааст. Ҳар ҷо, ки мӯзаи НОТУ расид, онҷо касофатӣ рафт. Аз Афғонистону Ироқ сар карда... паю қадамаш нопок аст. Дувум, худи Омрико рушду нумӯяш аз ҳисоби ташкили ҷанг аст, биснеси ӯ ҷанг аст. Имрӯз қарзи Омрико ба 16,7 трилюн расидааст. Аз нигоҳи иқтисодӣ давлате касод аст, дефолт шудааст. Онҷо ширкатҳои бузурги низомӣ-санъатӣ ҳаст, вақте тир тавлид шуд, онро фурӯхтан лозим, фурӯхтӣ, парондан лозим аст. Аслиҳа ҳам тиҷорат аст, онҳо мехоҳанд дар ин ё он гӯшаи дунё ҷангу нооромӣ ташкил кунанду худашон оянду маслиҳатгар бошанд...

Суоли ман дар бораи Тоҷикистон буд. Оё Тоҷикистон тавони дифоъ аз худро дорад?

Барои Тоҷикистон мушкил мешавад, барои минтақа ва ҳатто Русия низ мушкил мешавад. Барои ҳамин, мо хостем, ки пойгоҳи Русия дар инҷо бошаду зомини амният дар минтақа бошад. Мувофиқатнома то соли 2042-ро тасвиб кардем. Як 30 санаду меъёри дигарро тасвиб кардем. Дар бораи ҳамкориҳои тиҷорӣ, маводи сӯхтӣ. Бордюжа гуфт, ки мо барои таҷдиди марзи Тоҷикистону Афғонистон тамоми имконотро медиҳем, то марз мустаҳкам бошад.

Оё имкон дорад нерӯҳои Русия ба марз баргарданд?

Онҳо гуфтанд, ки дар марз таҷҳизоте мемонанд, ки ба василаи онҳо як нафар ба ҷойи сад кас назорат мекунад.

Аммо нерӯ намеоранд?

Дар бораи нерӯ дар мувофиқатнома ҳарфе нест. Фақат ба артиши Тоҷикистон кумак мекунанд, пойгоҳи 201-ро муҷаҳҳаз ва марзро таҷдид мекунанд. Лекин пойгоҳи Русия танҳо барои амният нест, дар ин ҷо ҳазорҳо шаҳрванди мо кор мекунанд.

Оё ҳузури ин пойгоҳ истиқлоли кишварро зери суол намебарад?

Ин суолро бисёр вақт мухолифон ҳам медиҳанд. Аммо дар ҷаҳони имрӯза истиқлол нисбӣ аст, истиқлоли комил вуҷуд надорад.

Албатта, дар кишварҳои дигар ҳам пойгоҳҳо ҳастанд, аммо соҳибони пойгоҳ ба ин кишварҳо маболиғи ҳангуфте мепардозанд?

Якум, амнияти кишварро бо ягон маблағ намешавад ҳисоб кард, қиматаш бисёр баланд аст. Дувум, инҳо гуфтанд, ки будубоши муҳоҷиронро то се сол дароз мекунанд, ин чаҳор милёрд дулор ба будҷе кумак мекунад. Ин ҳам як гузашт аст ва мевум, он кумаки низомию фаннӣ, ки ба марзбонон медиҳанд, шояд садҳо милюн дулорро ташкил диҳад. Инҳо бо ҳам тавъаманд. Онҳо метавонанд бигӯянд, ки муҳоҷиронатонро бигиред...

Аммо муҳоҷир ҳама ҷойи дунё ҳаст. Ҳазорҳо муҳоҷири ҳиндию покистонӣ дар Бритониё ҳаст, аммо давлати Бритониё аз гулӯи ин кишварҳо надошта, ки агар шумо фалон мувофиқатномаро имзо накунед, муҳоҷиронатонро ихроҷ мекунем.

Шумо як чизро бо чизи дигар муқоиса накунед. Мо бо Русия шарики истротежикем, узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд, СПАД, Созмони Шонгҳой ҳастем. Масалан, Чин наметавонад ба амнияти Тоҷикистон бетафовут бошад, чун инҷо милюнҳо дулор сармоя дорад. Ё Русия дар инҷо милёрдҳо дулор сармоя дорад ва ба амнияти мо бетафовут нест. Пас, пойгоҳи Русия амнияти Тоқикитон аст, амнияти сармояи Русия ва Чин аст. Узбекҳо ба ман телефун карда, гуфтанд, ки раҳмат, ки мувофиқатнома бо Русияро тасвиб кардед. Амнияти Узбакистон ҳам ба мо вобаста аст.

Аммо робитаи мо бо Узбакистон тира аст, сабаш чист? Шумо агар раисҷумҳур шавед, дар ин замина чи кор мекунед?

Ман агар раисҷумҳур шавам, кумисиюне мустақил ташкил мекунам, ки сабабҳои ин тирагиро омӯзад. Шояд ин мухолифат ҳазорсолаҳо боз омадааст, мисли Озарбойҷону Арманистон, ё усетинҳову гурҷиҳо. Мо ҳамҷавор ва хешу табор ҳастем, гӯё як миллат астему ба ду забон ҳарф мезанем, дар Шӯравӣ якҷо будем, дар иморати Бухоро якҷо будем.

Тоҷикони зиёде дар Узбакистон ҳастанд ва ҳамин тур дар Афғонистон. Мо мехоҳем марзамонро тақвият кунем, аммо он тарафаш ҳама тоҷик ҳастанд. Мо аз кӣ метарсем, ки бояд марзамон тақвият шавад?

Мо наметарсем ва касеро ҳам тарсонданӣ нестем. Дари худро банду ҳамсояро дузд нагир мегӯянд. Марз бояд муқаддас бошад, ҳар касе бо нияти неку дӯстӣ меояд, нури дида, тоҷи сар. Лекин онҳое, ки қочоқ мекунанд ё бо нияти бад ворид мешаванд, дарамон ба рӯи онҳо бояд баста бошад.

Дар сурати пирӯзӣ равобит бо Эрону Афғонистон чи гуна хоҳад буд?

Бояд дар асоси раводид сурат бигирад, вале нархи раводид миёншикан набошад. Ба ин хотир ки касе меояд, мо бидонем ки чаро меояду меравад. Намехоҳем раводидро аз байн барем, ки толибу Алқоъидаву қочоқчӣ ҳам ояд.

Аз нигоҳи фарҳангию иқтисодӣ чи?

Раводид ба ин маъно нест, ки сатҳи муносиботи фарҳангиямонро пойин мебарем. Мо бояд бидонем, ки як нафар чаро меояд. Пули раводид бояд ночиз бошад.

Бисёриҳо мегӯянд Тоҷикистон чун хатташ сирилик аст, аз Эрону Афғонистон дур мондааст. Аммо манобеъи фаровоне ба хати порсӣ ҳаст, ки мо аз он бебаҳра мондаем. Шумо дар бораи ин хат чи барномае доред?

Соли 30-юм барномаи маҳви бесаводӣ буд, ки аз ин ҷо вазъи Тоҷикистон бо Афғонистон ва Покистон фарқ дорад. Ин дастоварди хатти сириллик аст.

Агар ин барнома ба хатти форсӣ ҳам иҷро мешуд, шояд боз ҳам муваффақ мешуд?

Ман фикр мекунам, дар баробари хатти форсӣ хатти инглисию (лотинӣ) сирилликро ҳам ҷорӣ кунем. Аз мактаби миёна бояд сар кард. Баъд аз мактаб ҳар кас мехоҳад амиқтар, омӯзад, марҳамат. Ҳама илми форсиро намехонад, бархе муҳандису технолог мешаванд.

Фикр мекунед интихобот шаффоф баргузор мешавад?

Барои интрихоботи шаффоф заҳмати калон лозим аст. Мо дар тӯли ҳазорсолаҳо то давраи Шӯравӣ пеши шоҳ таъзим мекардем. Ё поҳояшонро мубӯсидем.

Ҳамин ҳоло ҳам баъзеҳо раисҷумҳурро “шоҳ” мегӯянд?

Шоҳ мегӯянд, аммо ин комилан хатост. Вай шоҳ нест, президент аст, як корманди кироя аст, ки халқ интихоб карда ва вазифаро ба зиммааш гузоштааст. Баъзеҳо, ки ӯро шоҳ ё фиристодаи Худо мегӯянд, чоплус ҳастанд. Олим ҳам бошад, косалес аст. Агар ман интихоб шавам, аз номи мансаби президент калимаи “ҷаноби олиро” мегирам. Ман мехоҳам, ки маро “рафиқ президент” гӯянд. Дар ҳизби мо рафиқ маънии баробарию бародариро дорад. Вақте ман ба Шумо “ҷаноби олӣ” мегӯям, инҷо алакай ман худамро паст кардаму туро боло гузоштаам.

Аммо фикр мекунед вақте “ҷаноби олӣ” мегӯянд Эмомалӣ Раҳмон хушаш меояд?

Хушаш меояд ё намеояд, ин кори ӯст, ман коре надорам. Лекин дар Русия танҳо Путин мегӯянд, дар Омрико “аълоҳазрат Борок Убомо” намегӯянд... Ин менталитети “ҷаноби олӣ” ё “аълоҳазрат” дар кишварҳои мусалмонӣ ҳаст. Имруз ман як шаҳрванди одиям, агар пагоҳ раисҷумҳур шавам, “ҷаноби олӣ” намешавам-ку! Раиси ҷумҳур бояд вазифаҳоеро, ки Қонуни асосӣ таъйин кардааст, иҷро кунад. Назди қонун мо ҳама баробарем.

Бисёриҳо оқои Раҳмонро ба тамаркузи қудрат муттаҳам мекунанд. Мегӯянд, ки ӯ давлатро ба як ширкати хонаводагӣ табдил додаасту хешовандонаш таъсисоти муҳиммеро зери кунтрул гирифтаанд. Назари Шумо чист?

Оре, бисёриҳо дар кӯчаву бозору дар матбӯъот аз ин интиқод мекунанд. Агар ман интихоб шавам, ислоҳоте куллӣ дар низоми роҳбарӣ ё идораи президентӣ пешниҳод мекунам. Якум, ваколатҳои (ихтиёроти) раисҷумҳур, нахуствазиру ҳукумат ва порлумон бояд аз ҳам ҷудо ва мушаххас карда шаванд. Имрӯз мо бори бисёр гаронеро ба гардани президент гузоштаем. Агар як нею даҳ Раҳмон ҳам бошад, аз лиҳози физикӣ наметавонад онро иҷро кунад. Вай ҳам мисли мо инсон аст, ягон чизи зиёдативу болоӣ надорад. Албатта, дар солҳои аввал, аз 1993 то 2000, шояд лозим буд, ки тамоми қудрат дар дасти як кас бошад. Лекин вақте ки Тоҷикистон давлати воҳид, ягона ва ором шуду сулҳ омад ва дар арсаи байналмилал эътироф шуд, акнун фурсате расидааст, ки мо бори гаронро аз гардани президент сабук кунем. Ӯ ба масъалаҳои истротежики давлатӣ бояд машғул шавад: сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, ҳалли умдатарин масоил, ширкат дар кори созмонҳои байналмилалӣ...

Баъзан ман нигоҳ мекунам, тасаввур мекунед, ки дар як моҳ раиси ҷумҳур 25 рӯз дар сафари корӣ аст? Ман ё Шумо агар як бор Омрико ё Русия ё Чин сафар кунем, то як ҳафтаи дигар ба худ намеоем. Барои ҳамин, мо бояд бори гаронро дар гардани ӯ намонем. Бояд истроҳат кунад, энержӣ бигирад ва масоили бисёр муҳиммеро ҳаллу фасл кунад. Тасаввур кунед, дар як ҷо ду килуметр роҳ мекушоянд, ӯро даъват мекунанд, мактаб ё варзишгоҳ мекушоянд, ӯ меравад. Ин масъалаҳо бояд ба зиммаи ҳукумат бошад. Ҳукумат бояд барои ҳалли масоили иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва иртиботот масъул бошад. Дар сурати камбудӣ, раисҷумҳур бояд ҳукуматро мунҳал кунад ва ҳукумати дигар ташкил диҳад. Ҳоло чи? Ҳукуматро мо наметавонем мунҳал кунем, зеро худи раисҷумҳур раиси ҳукумат аст. Дар порлумон ҳам нерӯи бузурге ҷамъ омадааст, онҷо нафароне ҳастанд, ки дар кори мудирият донишу маҳорат ва маърифати илмии баланде доранд.

Бисёриҳо аз порлумон ҳам интиқод мекунанд, ки аслан кореро анҷом намедиҳад?

Барои он ки дар салоҳияташ нест. Агар дар салоҳияти ту набошад, ки бо ман суҳбат кунӣ, наметавонӣ суҳбат кунӣ. Барои ҳамин, мо мехоҳем ваколатҳои (ихтиёроти) порлумон бештар шавад. Порлумон бояд бар қонунҳое, ки тасвиб мекунад, назорат кунад, агар камбудие пайдо шуд, бо раисҷумҳур матраҳ кунад. Ин ислоҳот дар барномаи ҳеч ҳизби дигаре нест, дар ҳизби халқи демукрот ҳам нест.

Дар оғози суҳбат гуфтед, ки яке аз сабабҳои фурӯпошии Шӯравӣ ин буд, ки кодрҳои роҳбарии он пир шуда буданд. Оё ин аслро мешавад дар мавриди раиси ҷумҳурии худамон ҳам итлоқ кард, чун ӯ 21 сол аст, ки дар сари қудрат аст.

Дар дунё чизе нест, ки куҳна нашавад, ҳамаи мавҷудоти зинда ва ғайризинда куҳна мешаванд, оҳан, ки оҳан аст, куҳна мешавад. Пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ҳаққи ҳалоли ҳизби халқи демукрот аст, масъулияташ ҳам ба дӯши ин ҳизб аст. Масъулияти роҳбарии Брежнев ҳам он замон ба гардани ҳизб буд. Шояд ҳизби кумунисти шӯравӣ иштибоҳи ҷиддӣ кард. Брежнев хидматҳои бисёре кард, аммо имкон надоданд, ки истироҳат кунад. Чин беш аз як милёрд ҷамъият дорад, Ҳу Ҷинтоу омад, муҳлаташ тамом шуд, рафт, дигаре омад. Дар ҳамаи давру замон нерӯи тоза лозим аст. Хуб, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷавонияш омад ва ҳануз ҳам ҷавон аст. Замоне, ки омад, кишвар дар вартаи парокандагӣ буд...

Ба назари шахсии Шумо, оё оқои Раҳмон боз ҳам ин тавоноӣ ва зарфиятро дорад, ки ҳукумат кунад?

Ман ҳеч рақиби худамро баҳогузорӣ намекунам, на аз худ боло мегирам, на пойин. Ин кори ҳизби ӯст, ман коре ба онҳо надорам.

Аммо бисёре аз интихобкунандаҳо чашм ба даҳони Шумо дӯхтаанд, то бибинанд, ки оё Шумо ба унвони як номзад метавонед аз рақиби худ интиқод кунед. Шояд ин амр дар тасмимгирии онҳо барои раъй асар гузорад?

Як кас дар интернет гуфт, ки интихобот майдони бузкашӣ аст, ман мегӯям, ки на. Ман бо дили пок меоям, рақиби худамро на паст мезанам, на боло мегирам, ба маърифати мардум такя мекунам. Агар барномаро хонду раъй дод, хуб, қурбони ӯ мешавам, агар на... Ҳоло ҳастанд гурӯҳҳое, ки мегӯянд Талбаков куҷову президент шудан. Ин ҳаққи ҳар шаҳрванд аст, аммо Сталин як гап дошт, ки мегуфт раҳбари ҳар миллат арзандаи он миллат аст, чун худаш интихоб кардааст.

Шумо агар пирӯз шавед, равобит бо Ғарб чи тур мешавад, чун Ғарб душмани кумунисм аст?

Ҳоло ин Ғарб дигар он Ғарбе, ки 50 сол-20 сол пеш буд, нест. Ғарбиҳо наранҷанд, аммо тамоми бадбахтиҳое, ки дар Офриқову Осиё ҳаст, масъулияташ ба дӯши Ғарб аст, чун онҳо ҳамаи дороиҳояшонро бурданд. Ҳоло ҳам мебаранд. Лекин Ғарб тағйир меёбад. Вақте Омрико гуфт, ки Сурияро бумборон мекунад, мардумаш маҳкум кард. Дар Бритониё ҳам порлумонаш иҷоза надод. Фикри мардум иваз мешавад. Агар Ғарб бо мо муносиботи дӯстона кунад, чаро бо он набошем? Онҳо ҳам мисли мо инсонанд. Лекин кишварҳое, ки бадхоҳи мо ҳастанд, аз дороиҳои мо ба нафъи худ истифода мекунанд, аз робита бо онҳо худдорӣ мекунем.

Барномаатон дар чанд сол иҷро мешавад?

Агар дар тӯли панҷ сол барномаи худро иҷро накунам, соли шашум худам истеъфо медиҳам. Зеро агар натавонам иҷро кунам, ҳаққи маънавии раҳбарӣ надорам.

Сипос барои суҳбат.