ҲНИТ аз ширкат дар интихобот 'худдорӣ' мекунад

  • 21 Октябр, 2013
Image caption Масъулони ҳизб мегӯянд, "худдорӣ аз ширкат дар интихобот" ба маънои таҳрими интихобот нест, зеро дар сурати таҳрим ҳизб аз ҳамаи тарафдоронаш бояд тақозо мекард, ки дар интихобот ширкат накунанд.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ойниҳол Бобоназарова аз ширкат дар интихобот 'худдорӣ' хоҳанд кард. Дар ин бора сойти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар баёнияи кӯтоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон эълом шуда, ки Шӯрои сиёсии ин ҳизб ҳамроҳ бо номзади худ, Ойниҳол Бобоназарова аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ худдорӣ хоҳад кард.

Сабаби ин тасмим дар баёния "сабти ном нашудани номзад" тавсиф шудааст.

Дар баёния мехонем "Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад Ойниҳол Бобоназарова вазъи ба вуҷуд омада дар раванди интихоботи президентиро баррасӣ намуда, бо сабаби сабти ном нашудани номзад аз ширкат дар интихобот худдорӣ менамоянд."

Дар идомаи ин баёния мехонем: "Мавқеъи Шурои сиёсии ҲНИТ ва номзад оид ба натиҷаҳои интихобот пас аз ҷамъбасти расмии он эълон хоҳад шуд."

Масъулони ҳизб мегӯянд, "худдорӣ аз ширкат дар интихобот" ба маънои таҳрими интихобот нест, зеро дар сурати таҳрим ҳизб аз ҳамаи тарафдоронаш бояд тақозо мекард, ки дар интихобот ширкат накунанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари аршади ин ҳизб ва сардабири нашрияи ҲНИТ, Наҷот, дар шарҳи баёнияи мазкур гуфт: "Баёния ҷойи шарҳ надорад. Худдорӣ кардан аз ширкат дар интихобот як амали сиёсӣ ва изҳори назари сиёсӣ аст. Ба он маъност, ки мо дигар ба интихобот таваҷҷӯҳ надорем. Ва танҳо пас аз эъломи натоиҷи интихобот тасмим мегирем, ки онро эътироф бикунем ё хайр ва ё чи гуна бо ҳукумати нав ҳамкорӣ бикунем."

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ҳамоҳангӣ бо ИНИТ, Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони 65-солаи тоҷикро ба унвони номзади худ дар интихобот пешниҳод карда буд.

Аммо Кумиссюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфт, ки хонуми Бобоназарова шумори лозими имзоҳо ба тарафдорӣ аз ширкаташ дар интихоботро, ки бояд ҳадди ақал панҷ дарсади раъйдиҳандагон бошад, ҷамъоварӣ накард.

Ҳарчанд ҲНИТ гуфта буд, ки хонуми Бобоназарова беш аз 201 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст, вале КМИҲ иддаъо дорад, ки 210 ҳазор имзо аз панҷ дарсади райъдиҳандагон намояндагӣ мекунад.

Намояндагони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои довталаб барои ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз ширкати Ойниҳол Бобоназарова дар интихобот борҳо аз нақзи муқаррарот ва эҷоди мавонеъ барои ҷамъоварии имзоҳо барои ин номзади мухолифони давлат, шикоят карда буданд.

Рӯзи шанбе, 19-уми октябр хонуми Бобоназарова Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро ба мавориди густардаи қонуншиканӣ дар ҷараёни ҷамъоварии имзо ва сабти номзадҳо муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи Ойниҳол Бобоназарова, раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз шаш номзади сабтшуда "ғайридемукротик ва ғайримунсифона" талаққӣ шуд.

Ба гуфтаи хонуми Бобоназарова, ҳамзамон бо эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади мухолифон, ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи ҲНИТ, ки номзадии хонуми Бобоназароваро пешниҳод карда буд, аз таҳдид ва буҳтону туҳмат кор гирифтаанд.

Дар баёнияи ӯ омадааст: "Дар зеҳни мардум ин ақида таҳмил мешуд, ки гӯё дастгирии ин нерӯҳо боъиси ҷангу хунрезӣ ва такрори ҳаводиси солҳои 90-уми қарни гузаштаро ба бор меорад."

Хонуми Бобоназарова тақозои КМИҲ барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳои мақоми раиси ҷумҳуриро "беасос, ғайриқонунӣ ва дурӯғи маҳз" хонда ва гуфтааст, ки дар ин замина дар ин кумисиюн ҳеч гуна санади ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳоле ки КМИҲ теъдоди умумии раъйдиҳандагонро дар авоили моҳи сентябр чаҳор милюну 25 ҳазору 125 нафар арзёбӣ карда буд ва 5 дарсади он 201 ҳазору 256 нафар мешавад, ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова 202 ҳазор адад имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Матолиби муртабит