Бобоназарова Кумисиюни интихоботро ба қонуншикании ҷиддӣ муттаҳам кард

Номзади сабтиномнашудаи мухолифон барои интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро ба мавориди густардаи қонуншиканӣ дар ҷараёни ҷамъоварии имзо ва сабти номзадҳо муттаҳам кардааст.
Дар баёнияи Ойниҳол Бобоназарова, номзади Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки рӯзи шанбеи 19 октябр дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, раванди ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз шаш номзади сабтшуда "ғайридемукротик ва ғайримунсифона" талаққӣ шудааст.
Хонуми Бобоназарова маҳрумияти як милюну 100 ҳазор муҳоҷири корӣ аз ҳаққи ҷамъоварии имзоро, ки 35 дарсади раъйдиҳандагони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, як амали ғайриқонунӣ хондааст.
Ӯ гуфта, ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) на танҳо муфодди Қонуни асосӣ ва қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, балки муқаррароти кувонсиюни истондордҳои демукротики Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсудро, ки ҳуқуқи баробари шаҳрвандон ба ширкат дар интихоботро тазмин мекунад, низ нақз кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ин кунвонсиюнро тасвиб карда ва ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ бар қавонини кишвар авлавият дорад.
Ба гуфтаи хонуми Бобоназарова, ҳамзамон бо эҷоди мавонеъи маснӯъӣ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзади мухолифон, ниҳодҳои давлатӣ дар қиболи ҲНИТ, ки номзадии хонуми Бобоназароваро пешниҳод карда буд, аз таҳдид ва буҳтону туҳмат кор гирифтаанд.
Дар баёнияи ӯ омадааст: "Дар зеҳни мардум ин ақида таҳмил мешуд, ки гӯё дастгирии ин нерӯҳо боъиси ҷангу хунрезӣ ва такрори ҳаводиси солҳои 90-уми қарни гузаштаро ба бор меорад."
Хонуми Бобоназарова тақозои КМИҲ барои ҷамъоварии 210 ҳазор имзо ба тарафдорӣ аз номзадҳои мақоми раиси ҷумҳуриро "беасос, ғайриқонунӣ ва дурӯғи маҳз" хонда ва гуфтааст, ки дар ин замина дар ин кумисиюн ҳеч гуна санади ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.
Дар ҳоле ки КМИҲ теъдоди умумии раъйдиҳандагонро дар авоили моҳи сентябр чаҳор милюну 25 ҳазору 125 нафар арзёбӣ карда буд ва 5 дарсади он 201 ҳазору 256 нафар мешавад, ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова 202 ҳазор адад имзо ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва як тан аз фаъъолони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, зимни як нома аз Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ хостааст, ки Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном шавад.
Дар посухи расмии раиси КМИҲ ба оқои Кабирӣ таъкид шудааст, ки ба далели "саривақт пешниҳод нашудани асноди лозимӣ ва поён ёфтани муддати ба сабти номзадҳо" дархости ӯ рад шудааст.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва аз фаъъолони дигари Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 14 октябр дар ҷаласаи ИНИТ пешниҳод кард, ки агар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро сабт ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро, лағв накунад, ИНИТ бояд интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кунад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба ин пешниҳод гуфт: "Аввал аз роҳҳои қонунӣ истифода карда, сипас, мавзеъи худро дар қиболи интихобот рӯшан хоҳем кард. Бойкот (таҳрим) дер намешавад ва ҳар замон метавонем интихоботро бойкот кунем."
То ҳол Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб, бахусус Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз аҳзоби умдаи узви ин эътилоф маҳсуб мешавад, наҳваи ширкати худ дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро эълом накардааст.
Оқои Зойиров дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҲНИТ барои пайдо кардани заминаи ҳуқуқии таҳрими интихобот чандон талош намекунад, метавон гуфт, ки ин ҳизб "ба таҳрими интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷуръат намекунад."
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, аз ҷониби Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон (ИНИТ), эътилофе мураккаб аз аҳзоб в гурӯҳои мухолиф, бо шумули ҲНИТ ва ҲСДТ, ба унвони номзад барои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузида шуд. Сипас, анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 17 сентябр ӯро ба ҳайси номзад пешниҳод кард.
Ба эътиқоди коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, бо хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон, аз корзори интихоботӣ, рақобатҳо камранг шудааст.
Ситоди хонуми Бобоназарова тавонист ба тарафдорӣ аз номзади худ танҳо ҳудуди 202 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки барои сабти номи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ 210 ҳазор имзо лозим буд.
Хонуми Бобоназарова давлатро ба эҷоди мавонеъ дар заминаи ҷамъоварии имзо барои таъйиди номзадияш муттаҳам карда ва мегӯяд, ки мақомот "аз рақобати ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон тарсиданд."
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки бо хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова аз корзори интихоботӣ шӯру ҳаяҷон барои интихоботи 6 ноябр аз миён рафтааст.
