ИНИТ ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад

Масъулони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) гуфтанд, бо ирсоли як шикояти расмӣ ба Додгоҳи олии ин кишвар, хостори арзёбии ҳуқуқии шумори имзоҳои лозимӣ барои сабти номи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ хоҳанд шуд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби назҳати исломӣ ва яке а з масъулони ИНИТ, рӯзи душанбеи 14 октябр, дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе гуфт, тибқи арзёбии коршиносони ИНИТ барои касби панҷдарсад аз имзоҳои 4 милюну 22 ҳазор раъйдиҳандаи кишвар 201 ҳазор имзо лозим аст ва то замони мавриди назар ба тарафдорӣ аз Ойниҳол Бобоназарова беш аз 202 ҳазор адад имзо ҷамъоварӣ шудааст.
Ба ин тартиб, ба гуфтаи номзади Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳотхоҳ Ойниҳол Бобоназарова, шумори мавриди ниёзи омзоҳо барои сабти ном ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро ҷамъоварӣ карда ва бояд КМИҲ ӯро сабти ном кунад.
Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюн марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) гуфт, тасмим дар бораи ҷамъоварии 5 дарсад ё 210 ҳазор имзо ба тарафдории номзадҳо дар ҷараёни дидори масъулони КМИҲ бо раҳбарони аҳзоби сиёсӣ дар рӯзи 31 августи соли ҷорӣ эълом шуда, аммо он замон ҳеч ҳизб дар ин замина ба Додгоҳи олӣ шикоят набурд.
Оқои Додоев гуфт, ин ниҳод то зӯҳри ҷумъаи 11 октябр имзоҳои ҷамъоваришуда ба тарафдории хонуми Бобоназароваро мунтазир шуда ва сипас, дар мавриди хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон аз корзори интихоботӣ мусаваббае содир кардааст.
Ӯ имкони баррасии мавзӯъи сабти номи хонуми Бобоназарова дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсиро баъйид хонд ва гуфт, тибқи Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон” сабти номи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ 25 рӯз қабл аз интихобот анҷом хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиши ИНИТ тасмим гирифта шуд, ки имзоҳо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова бо асноди расмӣ ба КМИҲ ирсол шуда ва аз ин ниҳод тақозо хоҳад шуд, то ӯро ба уновни номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном кунад.
Намояндагони ИНИТ гуфтанд, ки бо ироъаи "далоилу шавоҳиди маҳкам" дар мавриди эҷоди мавонеъ дар роҳи ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз номзади мухолифон аз ҷониби руасои шуҳру навоҳӣ ва пулиси Тоҷикистон ва нақзи Қонуни “Интихоботи Президенти Тоҷикистон” ба созмонҳои бонуфузе чун Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо муроҷиъа хоҳад кард.
Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот ва як тан за масъулони Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳтхоҳи Тоҷикистон пешниҳод кард, ки агар Кумисиюни марказии интихобот номзадии Ойниҳол Бобоназароваро сабт ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро лағв накунад, ИНИТ бояд интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим кунад.
Оқои Кабирӣ гуфт: “Аввал аз роҳҳои қонунӣ истифода карда, сипас, мавзеъи худро дар қиболи интихобот рӯшан хоҳем кард. Бойкот (таҳрим) дер намешавад ва ҳар замон метавонем интихоботро бойкот кунем.”
Зимнан, тибқи иттилоъи ситоди Ойниҳол Бобоназарова, ба тарафдорӣ аз ин номзад беш аз 202 ҳазор адад имзо ҷамъоварӣ шудааст, аммо масъулони КМИҲ ин миқдор имзоро барои таъйиди салоҳияти номзадии ӯ кофӣ намешуморанд.
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон 6 номзад аз аҳзоби халқи демукрот, кумунист, сусиёлист, демукрот, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзиро ба сабт расондааст.
Ба эътиқоди коршиносон, дар интихоботи имсол Эмомалӣ Раҳмон мушобеҳи интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 рақибони ҷиддӣ нахоҳад дошт ва ба содагӣ пирӯз хоҳад шуд.
