Замони таҳвили имзоҳо барои Бобоназарова 'то зуҳр тамдид шуд'

  • 11 Октябр, 2013
Бобоназарова
Image caption То ҳол имзоҳо ба тарафдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба КМИҲ ворид нашудааст

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) замони таҳвили имзоҳо аз сӯйи Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҳизби наҳзати исломӣ ба интихоботро, то соъати 12 имрӯз тамдид кардааст.

Қаблан интизор мерафт, ки тими хонуми Бобоназарова имзоҳои ҷамъоваришударо субҳи рӯзи ҷумъа ба кумисиюн таҳвил бидиҳад. Аммо масъулони КМИҲ мегӯянд, ки номзади мухолифон ҳанӯз имзоҳои худро ба кумисиюн таҳвил надодааст.

Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИҲ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи мусаввабаи ин кумисиюн, ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ соъати 18-и рӯзи 10 октябр ба поён расид. Ва қарор буд имзоҳои ҷонибдорони хонуми Бобоназарова субҳи ҷумъаи 11 октбяр ба Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ таҳвил шавад.

Оқои Додоев хабарҳои мабнӣ бар хориҷ шудани Ойниҳол Бобоназарова аз корзори интихотиро рад кард ва гуфт: "Ҳатто дар сурати то зуҳри имрӯз ворид шудани имзоҳо ба тарафдорӣ аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова КМИҲ онҳоро баррасӣ хоҳад кард."

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Ҳаит, раиси ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон, субҳи рӯзи ҷумъаи 11 октябр гуфт, ки то ҳол дар ситод шумориши имзоҳо идома дошта ва тасмим дар бораи таҳвили имзоҳо ба КМИҲ гирифта нашудааст.

То ҳол рӯшан нест, ки имзоҳои мавриди ниёз ба тарафдории хонуми Бобоназарова, номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ба миқдори зарурӣ ҷамъоварӣ шуда ё хайр.

Рӯзҳои 9 ва 10 октябр Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби ҳокими халқи демукрот, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусиёлист, Толиб Бухориев аз ҳизби кишоварзӣ, Исмоъил Талбаков аз ҳизби кумунист ва Сайидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демукрот ба унвони номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ дар Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ сабти ном шуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати таъйиди салоҳияташ Ойниҳол Бобоназарова рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури феълӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр хоҳад буд.

Матолиби муртабит