Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи президентӣ расман сабт шуд

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ демукротро (ҲХДТ) ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном кард.
Шермаҳмади Шоҳиён, раиси КМИҲ, рӯзи чоршанбеи 9 октябр, мусавабба дар ин заминаро ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро ба Сафар Сафаров, муъовини аввали раҳбари ҲХДТ ва намояндаи Эмомалӣ Раҳмон таслим кард.
Дар назар аст, пас аз бозгашти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафари вилояти Бадахшон шаҳодатномаи номзадӣ ба ӯ тавзеъ шавад.
Ба гуфтаи оқои Шоҳиён, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Иттиҳодияи ҷавонон, Иттиҳодияи касаба ва Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ба мақоми раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шуда ва гурӯҳҳои мубтакирони ин ниҳодҳо ба тарафдории номзадии оқои Раҳмон беш аз 222 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ба ҳангоми баррасии имзои ҷамъоваришуда 9 имзои ҷавонони зери синни 18 сол кашф ва ботил шуданд.
Ҳамчунин эълом шуд, ки ин кумисиюн феҳристи 15 фарди эътимодноки Эмомалӣ Раҳмонро, ки шомили чеҳраҳои саршиносе чун Гулназар Келдӣ, шоъир, Нодир Одилов, файласуфи маъруф ва Абдулвоҳид Шамолов, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон шомил ҳастанд таъйид кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ аз моҳи ноябри соли 1992 то ба ҳол раҳбари давлати Тоҷикистон буда ва дар интихоботҳои раёсати ҷумҳурии солҳои 1994, 1999 ва 2006 пирӯз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот ва ҳуқуқдони саршиноси кишвар, ширкати Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ муғойир ба Қонуни асосӣ арзёбӣ карда ва мегӯяд, ки тибқи он як фард метавонад фақат барои ду давра умури раёсати ҷумҳуриро дошта метавонад.
Бино ба иттилоъи КМИҲ, ба истиснои Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, аз номзадҳои дигар имзои мавриди ниёз ба ин кумисиюн ворид шудааст.
Баъд аз зӯҳри чоршанбеи 9 октябр, КМИҲ ба Толиб Бухориев ва Олим Бобоев, номзадҳои аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ шаҳодатномаи номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро тавзеъ кард.
