Ҳушдори сусиёл-демукротҳо аз таҳрими эҳтимолии интихобот

Анҷумани Ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, хостори таҷдиди назар дар мавриди сабти номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шудааст.
Аъзои ин ҳизб имзоҳои ҷамъоваришуда аз сӯйи шаш номзади сабтшударо "тақаллубӣ" хонда ва аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) хостаанд, ки ин имзоҳоро мавриди санҷиш қарор бидиҳад.
Ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров ҳамчунин ҳушдор додааст, ки агар КМИҲ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро сабт ва номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурро, ботил накунад, ин ҳизб интихоботи 6 ноябрро таҳрим хоҳад кард.
Аъзои ҳизби сусиёл-демукрот (ҲСДТ) дар ин бора дар анҷумани ғайринавбатии худ, ки рӯзи шанбеи 12 октябр дар мақарри ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мусаввабае содир карданд.
'Номзадии Раҳмон ботил шавад'
Дар ин мусавваба, ки аз шаш банд иборат аст, омада: "ҲСДТ интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013- ро, ки дар асоси қонуни номукаммал ва ноъодилона, нобаробарии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, бахусус тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ, маҳрум кардани зиёда аз якуним милюн муҳоҷири корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо ва ғайра, хилофи манфиъатҳои миллӣ ва арзишҳои демукротик мешуморад."
Ҳизби сусиёл-демукрот ҳамчунин гуфта, ки пешниҳод ва сабти номи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ, ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии қарибулвуқӯъ бо Қонуни асосии Тоҷикистон мухолиф аст. Бино бар ин, ҳизби сусиёл-демукрот натиҷаи интихобот бо ширкати оқои Раҳмонро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунад.
Пештар Раҳматилло Зоиров, ҳуқуқдони маъруф ва раҳбари ин ҳизб, низ ширкати оқои Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 ва 2013-ро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, ки раёсати оқои Раҳмон дар ҳафт соли гузашта номашрӯъ буд.
Оқои Зоиров муътақид аст, ки бар асоси муқаррароти интиқолии Қонуни асосӣ, ки соли 2003 дар як ҳамапурсӣ ислоҳ шуд, то замоне ки як нафари дигар як давра раиси ҷумҳур нашавад, оқои Раҳмон ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро надорад.
Анҷумани ҳизби сусиёл-демукрот ҳамчунин ҳимояти худро аз кунсепсиюни интихоботии Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаб (ИНИТ), эътилофе аз аҳзоби мухолиф, иброз дошта ва онро "асоси ислоҳоти демукротик ва рушди Тоҷикистон" талаққӣ кардааст. Аммо ин ҳизб эътироф карда, ки ИНИТ "ба сабабҳои гуногун" натавонистааст ба аҳдофи худ дар ин интихобот даст ёбад.
Ҳизби сусиёл-демукрот дар бораи раванди ҷамъоварии имзоҳо мегӯяд, ки танҳо тими тарафдорони Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҲНИТ, имзоҳоро дар асоси қонуни интихобот ҷамъ овардаанд ва танҳо ӯ шоистаи сабтином ва идомаи ширкат дар интихобот аст.
Дар мусаввабаи анҷумани ин ҳизб омадааст: "Биноан ҲСДТ аз КМИҲ талаб менамояд, ки кумисиюни ҷамъиятии босалоҳияте ба тақаллуби муташаккил дар ҷамъоварии имзоҳо барои дастгирии номзадҳо ба мақоми президентӣ баҳои воқеъӣ дода, номзади ягонаро, ки ҲНИТ пешбарӣ ва ҲСДТ ва дигар аъзои ИНИТ дастгирӣ кардаанд, ба сабт расонад."
Ин ҳизб дар ниҳоят ҳушдор дода, ки агар КМИҲ номзадии хонуми Бобоназароваро ба сабт нарасонад ва "номзадии Э. Раҳмон ба ин мақом бо сабаби ғайриконститутсионӣ буданаш бекор карда нашавад" ё Додгоҳи қонуни асосӣ ва порлумон дар бораи қисми чаҳори моддаи 65-и Қонуни асосӣ то аввали моҳи ноябр тафсири муваҷҷаҳе ироа надиҳанд, ин ҳизб интихоботро таҳрим хоҳад кард.
Кумисиюн: ғалат кардед!
Ҳамакнун ин суол матраҳ аст, ки оё Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон тақозоҳои анҷумани ҳизби сусиёл-демукротро иҷро хоҳад кард ё хайр? Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИҲ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ин тақозоҳо "мутлақан ғалат" аст.
Оқои Додоев афзуд: "Имзоҳои ҷамъовардаи номзадҳоро мо санҷидем, ҳамааш дуруст аст, имзоҳои машкукро, аз ҷумла беш аз ҳазор имзои ҳизби сусиёлистро, ботил кардем. Сабти номзадҳо қонунист, сабти номи Эмомалӣ Раҳмон ҳам қонунист. Ситоди Бобоназарова имзоҳоро дар замони муъайяншуда ба кумисиюн таҳвил надод, тақсири худашон аст. Ҳеч гуна бознигарӣ намешавад."
Зимнан, анҷумани ҳизби сусиёл-демукрот як рӯз пас аз охирин муҳлати сабти номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯйи КМИҲ баргузор мешавад. Ойниҳол Бобоназарова рӯзи ҷумъа эълом кард, ки тими ӯ дар ин муддат муваффақ ба ҷамъоварии шумори кофие аз имзоҳои тарафдоронаш барои сабти номзадии ӯ нашудааст.
Субҳи рӯзи шанбе Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИҲ, низ дар як нишасти матбӯъотӣ аз поёни марҳилаи сабти номзадҳо хабар дод. Оқои Шоҳиён ҳамчунин баргузории анҷумани ҳизби сусиёл-демукротро пас аз мароҳилаи сабти номзадҳо ғайриқонунӣ хонд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи фаъъолони ҳизби сусиёл-демукрот, оқои Шоҳиён ҳаққи ғайриқонунӣ эълом кардани баргузории анҷумани ҳизбро надорад. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, ин ҳизб ҳеч номзаде пешниҳод накарда, ба ин далел ҳеч зарурате ба баргузории анҷумани он қабл аз марҳилаи сабти номзадҳо вуҷуд надоштааст.
Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон шаш номзад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳизби халқи демукрот, Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демукрот, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусиёлист, Исмоил Талбаков аз ҳизби кумунист, Толиб Бухориев аз ҳизби кишоварзӣ ва Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодиро ба сабт расондааст.
Ба гуфтаи Шермуҳаммад Шоҳиён, барои ҳимоят аз номзадҳои худ ҳизби ҳокими халқи демукрот беш аз 222 ҳазор, ҳизби сусиёлист наздик ба 215 ҳазор, ҳизби демукрот беш аз 217 ҳазор, ҳизби кумунист беш аз 218 ҳазор, ҳизби кишоварзӣ беш аз 223 ҳазор ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳудуди 212 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ҳоле ки Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон барои ҳар номзаде ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро таъйин карда буд, тими хонуми Бобоназарова бо вуҷуди тамдиди замони ҷамъоварии имзо тавонистааст андаке бештар аз 201 ҳазор имзо ҷамъорӣ кунад.
Таҳлилгарон мегӯянд дар сурати сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз ҳимояти эътилофе аз аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф бархурдор аст, ӯ метавонист рақиби аслии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ, бошад, ки 21 сол боз зимоми қудратро дар даст дорад.
Раиси КМИҲ дар нишасти хабарии рӯзи шанбе гуфт, ки агар тими хонуми Бобоназарова имзоҳои ҷамъоваришударо ба кумисиюн пешниҳод мекард, аъзои кумисиюн мавзӯъи сабти номзадии ӯро баррасӣ мекарданд, ҳарчанд нагуфт, ки натиҷаи ин баррасӣ метавонист мусбат ё манфӣ бошад.
