Намояи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон

  • 9 Октябр, 2013
Номзади ҳизби кишҳоварзии Тоҷикистон дар интихобот
Image caption Барномаи интихоботии номзади ҳизби кишоварзӣ бештар ба рушди соҳаи фермерӣ, кумак ба кишоварзон, пешгирӣ аз шӯршавии мазореъ ва тақсими одилонаи замин таваҷҷӯҳ мекунад

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2005 таъсис ёфтааст.

Шиъори ин ҳизб “Беҳ аз санноъи олам деҳқон аст”, мисраъе аз Носири Хисрав буда ва “Ҳимоят аз манфиъатҳои деҳқонон ё кишоварзони Тоҷикистон” аз аҳдофи аслии ин ҳизб эълом шудааст.

Раҳбарии ин ҳизбро Амир Қароқулов, донишманди умури кишоварзӣ, ба уҳда дорад. Вай солҳои зиёде раиси Пажӯҳишгоҳи ҷонваршиносӣ ва аз соли 2001 ба ин сӯ муъовини раиси Фарҳангистони улуми кишоварзии Тоҷикистон аст.

Муъовини аввали оқои Қароқулов Рустам Латипов, коршиноси муҳити зист, аст, ки солҳои зиёде дар вазорат ё кумитаи муҳити зист ва муддате дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба умури кишоварзӣ машғуланд, ин ҳизб ҳимояти густарда дар ҷомеъаи рустоии ин кишварро таваққуъ дошта, вале то ҳоло зоҳиран ба ҷалби таваҷҷуҳи умумӣ чандон муваффақ нашудааст.

Зеро оқои Қароқулов дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ширкат дошт, аммо теъдоди ночизе аз орои интихобкунандагонро ба даст оварда ва ноком шуд.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон 29 ҳазору 600 узв дорад, ки гуфта мешавад барои як ҳизби кишоварзӣ дар кишваре, ки 73 дар сади аҳолияш дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд ва ба кишоварзӣ машғуланд, кам аст.

“Меҳргон”, нашрияи ҳизби кишоварзии Тоҷикистон буда ва дар он Барномаи интихоботии ин ҳизб чоп шудааст.

Номзади ҳизби кишоварзӣ дар интихобот

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Толиб Бухориев, узви донишманди улуми кишоварзии ин ҳизбро, ки дар арсаи сиёсии кишвар чандон шахси шинохташудае нест, ба унвони номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Барномаи интихоботии ҳизби кишоварзӣ аз ҷумла ба рушди соҳаи фермерӣ (ширкатҳои кишоварзӣ), бозсозии ин ширкатҳо, кумак ба кишоварзон, пешгирӣ аз шӯршавии мазореъ ва тақсими одилонаи замин таваҷҷӯҳ кардааст.

Толиб Бухориев номзади ҳизби кишоварзии Тоҷикистон мутаваллиди ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон буда ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи кишоварзии ин кишвар аст. Ӯ аз соли 2006 муъовинати раиси Фарҳангистони улуми кишоварзиро бар ӯҳда дорад.

Оқои Бухориев рисолаи дуктурии худро дар бораи зироъатҳои лубиёӣ ва ҷамъ намудани азоти биюлужик ва ғанӣ намудани хок аз ҳисоби азоти биюлужӣ анҷом додааст.